Мувофиқи талаби нақшаи таълимӣ талабагон бояд хатнависиро дар давраи «Алифбо» ёд гиранд. Барои дар талабагон пайдо кардани малакаҳои дурусти хатнависӣ аз нимаи аввали соли таҳсил дарси ҳусни хат гузаронида мешавад. Ин дарс якчанд мақсад дорад:
1. Ба хонандагон омӯзонидани ҳарфҳо ва шакли алоҳидаи онҳо;
2. Барои он ки хати хонандагон равшан, зебо ва тоза шавад, онҳо бояд тамоми дафтарҳоро ба мисли дафтари ҳусни хат озода нигоҳ доранд;
3. Талаба барои бодиққат, аниқ, равшан навиштан одат намояд.
Тарбияи малакаи дуруст ва зебонависӣ на танҳо натиҷаи дарсҳои ҳусни хат, балки кори ҷиддии муаллим ҳам мебошад.
Муаллим қариб дар ҳар дарс ба хонандагон дар бораи намуди берунии дафтар, тартиби пур кардани сатрҳо, навиштани сана ва ғайра таъкид мекунад.
Ҳусни хат бо дарсҳои забон алоқаи зич дошта, ба кор бурдани усулҳои гуногунро талаб менамояд, то ки шавқу ҳаваси хонандагон ба вуҷуд оварда шавад.
Масалан, дар синфҳои 1-3 ба тарзи чистонёбӣ гузаронидани дарси ҳусни хат шавқовар аст.
Муаллим барои навиштани ҳарфи «ш» чунин чистонро мегӯяд:
Аз дур омад сарбуғум,
Почадарозу калтадум.
(Шутур)
Ё барои навиштани ҳарфи «К» чистони зеринро мегӯяд:
Як порча замин доштем,
Тухми сиёҳ коштем,
Бо чашми худ бидидем,
Бо ақли худ шинохтем.
(Китоб)
Пас аз ёфтани ҷавоби чистон омӯзгор онро таҳлил намуда, ҳарфи даркорӣ «Ш», «К»-ро алоҳида нишон медиҳад. Талабагон баъд аз ҳарфҳоро навишта нишон додани муаллим онро бо қалам дар ҳаво мекашанд, ки ин тарзи кор шакли ҳарфро нағз аз худ мекунонад. Пас аз он бо супориши муаллим дар дафтар навиштанро оғоз мекунанд.
Муаллим бояд ҳамеша ба шогирдон таъкид намояд, ки дафтарҳои ҳусни хати худро бо сармашқ муқоиса намуда, хатоиҳои худро ёбанд.
Дар охири дарс муаллим бояд дафтарҳои беҳтарин ва навиштаҳои хонандагони хушхатро ба ҳама нишон диҳад, то ки аз онҳо ибрат гиранд. Дуруст интихоб кардани асбобҳои хатнависӣ ба сифати хат аҳамияти калон дорад. Масалан, дар вақти харидани дафтар ва қалам ба сифати он аҳамият додан даркор аст.
Ҳар як муаллимро зарур аст, ки ҳангоми ташкил кардани дарс ин қоидаҳоро хотиррасон кунад: дар парта дуруст нишастан, рост нигоҳ доштани сандуқи дил ва ба пеш як қадар моил будани сар, то оринҷ ба рӯи парта будани дастҳо, дасти чап дар канори дафтар, қалам дар дасти рост ва моилии он ба тарафи китфи рост бошад.
Ҳоло баъзе камбудиҳои асосии хат, сабабҳои ба амал омадани онҳо ва усулҳои бартараф кардани онҳоро таъкид менамоем:
1. Норавшан навиштан, хати аз ҳад зиёд борик ва бе пайвастагӣ навиштани шаклҳои ҳарф.
Барои бартараф кардани ин камбудиҳо гузаронидани машқи ангуштон ва навиштани шакли ҳарфҳо лозим аст.
2. Нобаробар будани баландии ҳарфҳо, яъне, шакли ҳарфҳоро аз рах поён ва боло навиштан, ҳарфҳои калонро ба қадри даркорӣ ба рахи болои иловагӣ нарасонида навиштани талабагон.
Барои бартараф намудани ин камбудиҳо, ки бештар дар вақти дар дафтари якраха навиштан ба амал меояд, ба дафтари дураха навиштанро сар кардан лозим аст.
3. Нодуруст моил навиштани ҳарфҳо.
Барои ислоҳи ин камбудӣ дар болои парта дафтарро дуруст нигоҳ доштан лозим аст.
4. Хати хонда намешудагии хонанда.
Барои бартараф кардани ин камбудӣ муаллим ба дафтари хонанда баҳо нагузошта, аз нав иҷро кардани вазифаро талаб менамояд.
5. Хати ифлос, бо хаткуркунак пок ва сиёҳ кардашуда ва ғайраҳо.
Дар ин маврид ба тоза будани дастони бачаҳо диққат карда, беҳтарин, тозатарин дафтарҳои онҳоро намоиш додан лозим аст.
Масъалаи дуруст омӯзони-дани малакаи хатнависӣ барои синфҳои ибтидоӣ дар мактаб масъалаи меҳварии таълим ба ҳисоб рафта, дар ташаккули тафаккури насли наврас нақши бузург дорад.
Азиза Ҳоҷиева,
омӯзгори мактаби №97-и
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр