Нашрияи Омӯзгор

Сифати таҳсилотро чӣ гуна бояд баланд бардошт?

Сана: 2019-04-25        Дида шуд: 743        Шарҳ: 0

Ҳамасола дар минтақаҳои ҷумҳуриамон даҳҳо муассисаи нави таълимӣ барои истифода супорида мешаванд, ки бо тамоми шароити муосири таълим таъминанд. Вале ҳамоно масъалаи муҳимму ҳалталаб баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва таъмини  муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибкасб боқӣ мондааст.

Беҳуда нест, ки ин нукта  дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2018) низ садо дод. Сарвари мамлакат доир ба ин масъала изҳори нигаронӣ намуда, афзуданд, ки : «… дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ, дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар».

Воқеан ҳам, пешрафти ҷомеа ва тараққиёти илму техника ва технология тақозо дорад, ки омӯзгорон барои баланд бардоштани сатҳи касбияти хеш ба таври доимӣ кӯшиш намоянд. Дуруст аст, ки агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, вай  ҳеҷ гоҳ,  бо ягон воситаи дигар сатҳу сифати таълиму тарбияро беҳ гардонида наметавонад.

Ин нуктаро  мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Раҳимзода тасдиқ намуд. Бино ба гуфти ӯ, яке аз сабабҳои паст рафтани сифати таҳсилот, пеш аз ҳама, ба касбият, сифати донишу фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ, таҷрибаву маҳорати худи омӯзгорон вобастагии зич дорад. Ба хотири муайян намудани дониши хонандагону донишҷӯёни ин муассисаҳо раёсати мо тибқи нақша – чорабиниҳо ҳар сари чанд вақт санҷишҳо мегузаронад. Вазъ, мутаассифона, чандон хушҳолкунанда нест. Аз соли 2013 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (теъдоди онҳо 72 – то, ҳам давлатӣ ва ҳам ғайридавлатӣ) ба шакли таҳсилоти кредитӣ гузашта бошанд ҳам, аммо дар байни онҳо боз муассисаҳое ҳастанд, ки ҳанӯз ҳам ба таври анъанавӣ фаъолияташонро идома дода истодаанд. Сабаби ба низоми  кредитӣ нагузаштани онҳо нарасидани омӯзгорони ихтисосманд ва норасоии воситаҳои техникӣ дар ин таълимгоҳҳост. Коллеҷҳои  тиббии  шаҳрҳои Конибодом, Хоруғ, Исфара ва коллеҷи хореографии ба номи Малика Собироваи шаҳри Душанбе аз ҳамин қабиланд.

- Сабаб на танҳо дар ҳамин аст, - мегӯяд  Ф. Раҳимзода,  - дар баробари ин,  аксари коллеҷҳо ба  шакли таҳсилоти кредитӣ  гузашта бошанд ҳам, дуруст дарк карда натавонистан ва амалӣ нашудани раванди  низоми кредитӣ аз тарафи омӯзгорон ба мушоҳида мерасад. Дар баробари ин, кори мустақилонаи донишҷӯ ва имтиҳони омӯзгор бояд пай дар пай сурат гирад, аммо на дар ҳама муассисаҳо чунин аст. Дар баъзе муассисаҳо силлабусҳо ба таври пурра тартиб дода нашудааст, ҳол он ки силлабуси фанҳо  бояд  лексияҳоро барои тамоми нимсола дарбар гирад. Кадрҳои ихтисосманд то дараҷае қаноатбахшанд, вале дараҷаи илмидоштаҳо камтаранд.

Кам ва ё набудани китобҳои тахассусӣ дар муассисаҳо аз сабабҳои дигари  паст будани сифати таҳсилот аст. Бино ба иттилои Ф. Раҳимзода, барои бартараф кардани чунин ҳолат дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст, ки аллакай таълими чор китоби дарсӣ барои истифода бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм тасдиқ гардидааст. Ин китобҳо ба равияҳои риёзию гуманитарӣ ва тахассусӣ иртибот доранд. Чунин иқдом ба коллеҷи техникии Донишкадаи техникии ба номи академик М. С. Осимӣ низ рабт дорад. Яъне, ин ҷо ду китоби тахассусӣ бо қарори мушовараи вазорат барои чоп тавсия гардид. Дар коллеҷи омӯзгории ба номи Х. Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҳам аз тарафи омӯзгорони  коллеҷ як қатор китобҳои тахассусӣ таҳия гардидаанд,  вале бо қарори шӯрои омӯзгорони муассиса ба чоп тавсия шудааст. Ин гуна китобҳои таълимӣ бояд ба Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илм барои баррасӣ пешниҳод шаванд ва баъдан мушовараи Вазорати маориф ва илм барои чоп тавсия медиҳад.

Воқеан ҳам, тибқи нишондоди  «Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020»,  «Барномаи такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015 – 2020» ва дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқии соҳа омӯзгорону устодони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бояд аз усулҳои фаъоли таълим истифода бурда, бо ин роҳ сифати таълимро ҷоннок намоянд. Мутаассифона, дар аксари муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ воситаҳои техникии таълим танҳо тақрибан то 50% таъмин асту халос. Коллеҷҳои техникӣ ва омӯзгорӣ,  муҳандисию омӯзгорӣ   бо видеопроекторҳо, тахтаҳои электронӣ ва дигар воситаҳои техникиву технологияи ҳозиразамон омӯзиши фанҳоро ба роҳ мондаанд, аммо дар умум ҳоло ҳам ин хеле кам аст. Оё бо чанд муассисаи ангуштшумор сифати таълиму тарбияро беҳ гардонидан мумкин аст? Не, албатта! Дар умум, бо ҳар роҳе, ки бошад, бояд шавқи бача нисбат ба дониш бедор карда шавад, ки ҳамаи ин ба ҳунару дониш, маҳорату малакаи устод вобастагии калон дорад.

Директори коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ Асрорзода Убайдулло Саттор  мегӯяд, ки барои баланд бардоштани сифати таълим, пеш аз ҳама, таҷрибаву донишу малакаи омӯзгор, сониян, базаи моддӣ – техникӣ басо муҳим аст. Бинобар ин, барои тайёр кардани кадрҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир аз ҳамаи имкониятҳои  мавҷуда бояд истифода бурд. - Дар коллеҷи мо, - мегӯяд ӯ, - барои мусаллаҳ гардондан бо донишҳои замонавӣ курсҳои кӯтоҳмуддати забони русӣ ва англисиро ташкил кардаем, ки барои ятимони кулл ва бепарасторон ба тарзи ройгон аст. Муаллимон дар вақтҳои таъйингардида аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд. Аз соли 2016 инҷониб коллеҷ дорои 30 тахтаи электронӣ, 250 компютер ва 30 ноутбук гардидааст, ки аз он ҳам устодон ва ҳам шогирдон ба таври васеъ истифода мебаранд. Номбурда сабабҳои асосии ба талабот ҷавобгӯй набудани сифати таҳсилотро дар  баъзе коллеҷҳо дар нарасидани кадрҳои  ихтисосманд, китобҳои дарсӣ (дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ) ва набудани лабораторияҳо вобаста ба ихтисосҳои амалкунанда медонад.

Бино ба иттилои  директори коллеҷи номбурда, дар муассисаи онҳо барои муайян кардани сифати таҳсилот соле чор маротиба мониторинги сифати  таҳсилот  гузаронда  шуда, натиҷааш дар Шӯрои олимони коллеҷ баррасӣ мегардад. Дар гурӯҳҳое, ки дарсазхудкунии шогирдон аз 50% поён аст, нисбат ба ин гуна омӯзгорону устодони чораҳои амалӣ андешида мешавад.  Барои  сустхонҳо бошад, ба таври ройгон дар назди кафедраҳо дарсҳои иловагӣ гузаронда мешаванд. Чунин тадбирҳо, албатта, имкон медиҳанд, ки сустхонҳо бо фаъолон баробар шуда, сифати таҳсилот боло бурда шавад.

Муовини директори коллеҷи  мазкур, номзади илми иқтисодӣ Рустам Холматов  ба он назар аст, ки барои беҳ шудани сифати таҳсилот аввалтар аз ҳама бояд худи донишҷӯ кӯшиш намояд. Ӯ бояд дониши базавӣ дошта бошад. - Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбиро бо якдигар муқоиса мекунем, - мегӯяд Р. Холматов, - мебинем, донишҷӯёне, ки тавассути ММТ- и  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил шудаанд, аз рӯйи холҳои гузариш аз ҳамдигар хеле фарқ мекунанд. Аз ин рӯ, албатта, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ омили асосӣ дониши базавӣ надоштани донишҷӯён аст. Нарасидани маводи аёнӣ, озмоишгоҳҳо ва адабиёти дарсӣ низ сабаби дигари сифати пасти таҳсилот аст.

Рустам Холматов ҳам боло бурдани сифати таҳсилотро дар мавҷуд будани кадрҳои баландихтисос, саривақт гузаштани омӯзгорон аз такмили ихтисос, мақсаднок истифода бурда тавонистани техникаву технологияи ҳозиразамон медонад. Ба гуфти ӯ ҳамасола дар коллеҷи техникӣ 20 % - и омӯзгорони асосӣ аз курси такмили ихтисос мегузаранд. Акнун коллеҷи мо бо коллеҷи политехникии шаҳри Рязани Федератсияи Россия дар мавриди табодули таҷрибаи устодону шогирдон  ва такмили ихтисоси онҳо ҳамкориҳоро роҳандозӣ кардааст. Чунин усулҳо низ метавонад ба болоравии сифати таҳсилот мусоидат намоянд, - таъкид мекунад Р.Холматов.

Нарасидани китоб проблемаи нав нест, аммо дар ин самт баҳонаҷӯӣ нашояд, - ақида дорад Р. Холматов. – Масалан мо, - мегӯяд ӯ, - аксари китобҳои тахассусиамонро, ки бо забони русӣ буд, бо забони тоҷикӣ баргардондем ва бо  истифода аз онҳо 50 адад маҷмӯаи лексиониро дар Шӯрои олимон тасдиқ карда, барои истифодааш иҷозат додем.

- Яке аз сабабҳои паст рафтани сифати таҳсилот ҳангоми интихоби касб бетарафии волидон аст, - ақида дорад директори коллеҷи муҳандисӣ – омӯзгории шаҳри Душанбе Алишер Ализода. – Ин аст, ки фарзандони онҳо моҳияти касб ва мазмуни ихтисосҳоро дуруст дарк намекунанд. Пас аз хатми мактаби миёна хатмкунандагон дар мавриди интихоби пешаи минбаъдаашон душворӣ кашида, роҳгум мезананд. Фаромӯш набояд кард, ки шахс дар интихоби касб озод аст, вагарна бо дили нохоҳам омадану ҷойро  банд кардан танҳо бар зарари ҳамон муассисаи таълимиву худи шогирди ноком аст. Пас аз куҷо барномаи таълимӣ азхуд карда мешавад? Ин аст яке аз  сабабҳои дигари  паст рафтани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ. Умуман, омилҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот хеле зиёданд ва мо ин ҷо баъзе аз онҳоро баррасӣ кардем. Мутмаинем, ки мутахассисони соҳа андешаҳои хешро дар ин маврид баён хоҳанд кард.                                

 

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш