Воқеан ҳам, ба туфайли корномаи миллатпарваронаю башардӯстонаи устод Садриддин Айнӣ дар садаи бистум шуҳрати халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳон боз ҳам боло рафт, аҳли тамаддуну маърифати олам ба воситаи осори пурмуҳтавою навоварона ва хеле пурғунҷоишу ҷолиби ин фарзанди ҷонфидои миллат тоҷиконро шинохтанду эътироф карданд ва аз дунёи рангину пурҳаводиси ин халқи бостонӣ огаҳии комил дарёфтанд. Устод С.Айнӣ тавассути асарҳои барҷастааш дар рушди адабиёти ҷаҳон дар нимаи аввали асри бист саҳми сазовор ва мондагор гузошт.
Вақте ки дар Аврупо дар охири садаи гузашта дусадҷилдаи адабиёти ҷаҳонро ба нашр омода намуданд, ба он аз адабиёти Осиёи Миёна танҳо «Ғуломон»-и устод Айнӣ ворид карда шуд. Аз ин ҷост, ки қофиласолори адабиёти муосири туркман, дӯсти бузурги адабиёти тоҷик Бердӣ Карбобоев устод Айниро «падар ва устоди адабиёти навини тамоми Осиёи Миёна» номидааст. Асарҳои устод Айнӣ барои бедорию худшиносии миллии халқҳои зиёде, махсусан, халқҳои Осиёи Миёнаву Қазоқистон хидмати арзишманд кардаанд. «Ёддоштҳо»-ву «Ғуломон», «Марги судхӯр»-у «Одина»-и устод Айнӣ дар ин минтақа батакрор чоп шудаву хонандагони сершумор пайдо кардааст. Намояндагони маъруфи адабиёти халқҳои ҷаҳон устод Айниро эътироф кардаву нависандаи миллати хеш хондаанд. Ба ин маънӣ адиб ва рӯзноманигори овозадори чех Юлиус Фучик чунин гуфтааст: «Айнӣ на танҳо нависандаи шумо – тоҷикон, балки нависандаи мо ҳам мебошад. Китобҳои вай барои мо на танҳо намунаи санъати зебо, балки дастурамали ҳаррӯзаи таълимӣ мебошанд». Адиби номвари эронӣ А.Кучулӣ гӯё дар тасдиқи ин гуфтаи нависандаи чех қотеъона гуфтааст: «Айнӣ танҳо адиби тоҷикон нест, ӯ мутааллиқ ба ҳама башарият аст». Дар саросари олам кам қаламкашоне ба чунин эътироф сазовор гардидаанд. Боз як далели дигар меоварем. Нависандаи машҳури қазоқ Собит Муқанов бо меҳри беандоза ва хеле самимӣ нисбат ба устод Айнӣ чунин нигоштааст: «Ҳар касе, ки асарҳои шоёни таҳсини классикии адиби тоҷик Садриддин Айниро хондааст, ӯро ба ҷуз дӯсти халқҳо дигар хел гуфта наметавонад. Ӯ ба хазинаи адабиёти ҷаҳон осори пурқиммате ворид сохт, ки аз он тамоми мардуми тамаддунпарвар, аз ҷумла, халқи қазоқ фахр мекунанд».
Нависандаи оламшумули қирғиз Чингиз Айтматов низ нисбат ба устод Айнӣ ва эҷодиёти ӯ эҳтиром ва алоқамандии зиёд доштааст. Ӯ устоди адабиёти тоҷиконро «нависандаи беназир» номида, мегӯяд: «Имрӯз ман назди хонандагон муҳаббату садоқати худро нисбат ба Мухтор Авезов ва Садриддин Айнӣ изҳор мекунам. Онҳо нависандагони беназиранд». Шоири тавонои рус Самуэл Маршак чунин иқрор кардааст: «Ман китобҳои Айниро, ки дорои афкори баланд ва оташи дили ҷӯшон мебошанд, чун тамоми халқҳои Шӯравӣ батакрор мехонам». Дар ситоиши хидматҳои барҷаставу қаҳрамононаи устод Айнӣ теъдоди зиёди адибон, олимон ва муҳаққиқон дар саросари ҷаҳон ибрози ақида карда, ҳамагон нақши хеле муҳими ин абармарди адабиётро дар рушди тамаддуни башарӣ таъкид ва эътироф намудаанд. Асарҳои устод ба беш аз чил забони ҷаҳон тарҷума ва батакрор нашр шудаанд. Соли 1978 бо қарори ЮНЕСКО 100-солагии устод Айнӣ дар саросари олам таҷлил карда шуд. Корномаи беназиру ҷонфидоёна ва садоқатбори ин фарзанди баруманди халқи тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон то абад боиси ифтихори ҳар яки мо хоҳад буд.
Рухшона ҒАЙЗУЛЛОЕВА,
омӯзгори забони англисӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр