Яке аз масъалаҳои муҳим дар соҳаи маориф баланд бардоштани сифати таълим ба ҳисоб меравад. Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри фарогирии насли наврас ба таҳсил навъи гуногуни мактабҳоро роҳандозӣ намудааст. Мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ аз он навъи муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб мераванд, ки кӯдакони ятиму бепарас-тор ва камбизоат дар онҳо ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Аммо масъалаи сифати таълим ва фароҳам овардани шароит аз масъалаҳоест, ки бояд ҳамвора зери назорати ҷиддӣ қарор бигиранд. Чанде пеш вазъи таълиму тарбия, сатҳу сифати таҳсилот, таъминоти кадрӣ, заминаи моддию техникии мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятиму бепарастор дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Ёвон, Шаҳринав, Нуробод ва Рашт мавриди санҷиш қарор гирифт. Санҷиш нишон дод, ки дар масъалаи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Барномаҳои давлатӣ дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, ҷузвдонҳои алоҳида ташкил гардидааст. Илова ба ин, рафти таҳияи ҳуҷҷатҳои мазкур дар шӯроҳои педагогӣ давоми 2 соли охир мавриди баррасӣ карор гирифтааст. Дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии кӯдакони ятим, аз ҷумла, шаҳри Кӯлоб (34 омӯзгор), Шамсиддини Шоҳин (27), Ёвон (18), Шаҳринав (48), Нуробод (17) ва Рашт (30 омӯзгор) фаъолият менамоянд
Таҳлили ҳуҷҷатҳо нишон дод, ки муассисаҳои таълимии мазкур асосан бо кадрҳои омӯзгории таҳсилоти олидор таъминанд. Вале дар ин муассисаҳо имрӯз омӯзгорони фаннии ғайриихтисос кору фаъолият доранд. Муассисаҳои мазкур бо омӯзгорон таъмин бошанд ҳам, дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Рашт омӯзгорон аз 2 фан ғайриихтисос дарс мегузаранд. Масалан, омӯзгори алгебра 4 соат аз фанни алифбои ниёгон ва омӯзгори технология 14 соат аз фанни забони русӣ дарс медиҳад, ки натиҷаи корҳои хаттӣ аз ин фан низ ниҳоят паст аст.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ барои хонандагони ятим фарогирии таълимгирандагон асосан тибқи талаботи Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии навъи мактаб-интернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Имрӯз дар 6 мактаб-интернати санҷидашуда, дар маҷмӯъ, 967 таълимгиранда (146 духтар), аз инҳо 41 кӯдаки ятими кулл, 533 кӯдаки бепадар, 135 кӯдаки ятими бемодар, 120 кӯдаки аз парастории падару модар маҳрум ва 136 кӯдак аз оилаҳои камбизоат ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Шароити буду боши таълимгирандагон дар хобгоҳҳо беҳтар гардидааст. Хонандагон бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ, кат, кӯрпа, кампал, маводи нарм (матрас, чодирхоб) либосҳои мактабӣ, хонагӣ, варзишӣ, пойафзоли дохилии нарм ва абзору воситаҳои гигиенӣ таъмин мебошанд. Ҳолати санитарии хобгоҳи мактаб-интернат низ хуб аст.
Дар мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ш. Шоҳин таълимгирандагон бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин бошанд ҳам, ҳолати санитарии интернат хуб нест. Барои хонандагон рафҳои алоҳидаи пойафзол ташкил нашуда, хонандагон пойафзолро дар дохили ҳуҷраҳо нигоҳ медоранд, илова ба ин, дар мактаб-интенати мазкур ҷойи алоҳида либосхушккунӣ нест.
Ҳамзамон қайд намудан ба маврид аст, ки дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб ва Ш. Шоҳин ба тамоми тадбирҳои андешида нигоҳ накарда, ҷевонҳои либоскашӣ ва ҷевонҳои шахсӣ - санитарию гигиенӣ намерасад. Ин ҳолат дар дигар мактаб - интернатҳои санҷидашуда ба мушоҳида расид. Фарши биноҳои таълимии мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ш. Шоҳин фарсуда буда, ба таъмири асосӣ ниёз дорад.
Мактаб-интернатҳои мавриди баррасӣ қароргирифта дорои кабинетҳои хуби физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, забонҳои русӣ, англисӣ ва математика мебошанд. Қайд намудан ба маврид аст, ки кабинетҳои химия, физика, биология таҷхизонида шуда бошанд ҳам, дар доираи иҷрои Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020 бо таҷҳизот ва асбобу лавозимоти озмоишӣ таъмин нестанд. Омӯзгорон аз асбобҳои аёние, ки аз солҳои пеш харидорӣ гардидааст, истифода мебаранд.
Дар доираи иҷрои Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муас-сисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ бо теъдоди ба таълимгирандагон кофии компютерҳо таъминанд. Ҳамзамон, муайян карда шуд, ки дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб ва Ш. Шоҳин омӯзгорони соҳибихтисоси фанни технологияи иттилоотӣ намерасанд. Аз ҷумла, дар мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Шамсиддини Шоҳин фанни мазкурро омӯзгор бо ихтисоси методикаи синфҳои ибтидоӣ таълим медиҳад.
Ба камбудиҳои зерин нигоҳ накарда, имрӯз технологияи муосир аз ҷониби омӯзгорон дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб ва Ш. Шоҳин истифода шуда истодааст. Дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб 9 тахтаи электронӣ харидорӣ шудааст. Вазъи физикӣ ва техникии мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Рашт ба талабот пурра ҷавобгӯ нест. Дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод низ шароити хуби истироҳат ва таълиму тарбия ташкил карда шудааст.
Санҷиши вазъи азхудкунии барномаҳои таълимӣ ва сифати таҳсилот дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ муайян намуд, ки сифати таҳсилот нисбат ба ду соли пеш беҳтар шуда бошад ҳам, ҳанӯз қонеъкунанда нест.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки азхудкунии дониш 66,5 ва сифати таҳсилот 30,2%-ро ташкил медиҳад. Натиҷа аз санҷиши корҳои хаттӣ бозгӯйи он аст, ки нисбат ба натиҷаи кори гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ фарқи калон дида мешавад. Масалан, дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Рашт гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот азхудкунии барномаи таълимиро 95,5% ва сифатнокии таҳсилотро 50,8% арзёбӣ намудааст, мутаассифона, натиҷаи корҳои хаттии гирифташуда 76% бар 31% аст.
Дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот азхудкунии барномаи таълимӣ 100% ва сифатнокии таҳсилотро 55% арзёбӣ намудааст, мутаассифона, натиҷаи корҳои хаттии гирифташуда 77,2% бар 33,2% мебошад.
Таҳлил нишон дод, ки иштироки хонандагони мактаб-интернатҳо дар олимпиадаҳо беҳбудӣ мехоҳад. Соли гузашта танҳо хонандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соҳиби 2 медали биринҷӣ гардиданд. Мутаассифона, имсол дар олимпиадаи анъанавии хонандагон ягон нафар хонандаи ин муассисаҳо соҳиби медал нагардиданд.
Хулоса, дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ҳолати буду бош ва вазъи санитарӣ, таъминот бо либосу ғизо беҳ шуда, дар ин муассисаҳо азхудкунии дониш ва сифати таҳсилот нигаронкунанда мебошад. Аз ин рӯ, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта масъулинро мебояд, ки дар хобгоҳҳои мактаб-интернатҳо ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоиди дарстайёркунӣ, ҷоннок намудани чорабиниҳои таълимӣ - фарҳангӣ ва таъмин намудани ҳар як тарбиятгиранда бо ҷевон тадбирҳо андешанд. Дар мактаб-интернатҳо омӯзгорони баландихтисос ва дорои маҳорати фаннии технологияи иттилоотиро ҷалб намуда, ҷиҳати иштироки тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ба олимпиадаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳамкориро бо марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо вусъат бахшанд.
Қутбиддин МУҲИДДИНЗОДА,
сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм,
Насриддин ОХУНЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр