Дар литсейи хусусии «Эҳсон»-и ноҳияи Рӯдакӣ 20 апрел олимпиада аз фанни математика баргузор шуд, ки дар он хонандагон аз 17 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ ширкат варзиданд. Дар расми ифтитоҳи олимпиада директори муассиса Бахтиннисо Ҷумъаева изҳор дошт, ки хушбахтона, солҳои охир бо ташаббус ва дастгириҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати олимпӣ вусъати тоза касб кардааст. Дар ин замина, Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо зуд-зуд олимпиадаҳои сатҳи минтақавию ҷумҳуриявӣ мегузаронанд, ки дар онҳо шогирдони мо ҳам иштирок карда, ҷойҳои ифтихориро ба даст меоранд. Дар олимпиадаи имрӯза низ интизор дорем беҳтаринҳо ғалаба мекунанд. Дар баробари дигар туҳфаҳои арзишманд аз тарафи муассиси литсей Абдурасул Муқумов Шоҳҷоиза низ таъсис дода шудааст. Ҳар хонандае, ки онро ба даст меорад, имкон дорад дар литсейи хусусии «Эҳсон» ройгон таҳсил намояд.
Директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмадсаид Раҳимов гуфт, ки дар сабқату олим-пиадаҳо хонандагон на танҳо малакаву маҳоратҳои худро нишон медиҳанд, балки дӯстони нав пайдо карда, дунёи дигареро барои худ мекушоянд. Ҳамчунин, имтиёзҳое, ки ғолибон ба даст меоранд, хонандагони дигарро ҷиҳати иштирок дар чунин озмунҳо ҳавасманд мегардонад.
Дар ҷамъбаст ба ғолибон туҳфаҳо супурда шуд. Шоҳҷоизаро хонандаи синфи 6-и мактаби №14 -и ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадамин Мирзоев соҳиб гардид.
Дилафрӯз Қурбонӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр