Дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Саҳми илми тоҷик дар татбиқи ҳадафи миллӣ оид ба саноатикунонии босуръати кишвар» баргузор гардид. Дар он Р. Мирбобоев – муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғ. Бобизода - Президенти академияи таҳсилоти Тоҷикистон, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва кормандони муассисаҳои тобеи вазорат иштирок намуданд.
Зимни сухани табрикотӣ муовини аввали вазир қайд намуд, ки бо эълон шудани ҳадафи чорум - саноатикунонии кишвар мо, аҳли маорифро зарур аст, ки дар тайёр намудани мутахассисони мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат камари ҳиммат бандем.
Дар конфронс А.Раҳмонзода, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, дар мавзӯи «Омилҳои асосии саноатикунонии кишвар ва таҷрибаи ҷаҳонӣ», Х.Иброҳимов, устоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Рушди соҳаи саноати сабук ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар давраи саноатикунонии босуръати кишвар» ва Э. Сафарзода, сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм, дар мавзӯи «Шинохти ҳувияти миллӣ дар эҷодиёти илмии устод Айнӣ» андешаронӣ карданд.
Ҳангомаи ИСКАНДАР,
Умедҷони КАРИМХОН,
таҷрибаомӯзон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр