Бахшида ба Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва Рӯзи илми тоҷик дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ конфронси анъанавии илмӣ-амалӣ ва назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён дар мавзӯи “Рушди иқтисодиёти инноватсионию индустриалӣ: назария, усулҳо, таҷриба” баргузор гардид. Ҷаласаи пленарии конфронс бо иштироки ҳайати васеи профессорон, устодон ва донишҷӯён гузаронида шуд. Конфронсро муовини директори донишкада оид ба илм ва инноватсия, профессор Тӯрақул Ризоқулов ифтитоҳ карда, ташаккули рушди инноватсионии иқтисодиёт, алоқаи илм ва истеҳсолотро тақозои замон ва амри зарурии пешбурди иқтисодӣ унвон кард.
Тибқи барномаи конфронс, маърӯзаи илмии мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, дотсент Ф.Турсунов дар мавзӯи “Рушди фарҳанги деҳот яке аз омилҳои худшиносии миллӣ” шунида шуд.
Сипас, дар мавзӯи “Такомули методологияи низоми нафақавӣ дар иқтисодиёти миллии Тоҷикистон” маърӯзаи илмии муаллимаи калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит М.Абдураҳмонова, “Дастгирии давлат баҳри рушди фаъолияти соҳибкорӣ” маърӯзаи илмии ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ Н.Ҷӯраева шунида ва маҳокима карда шуданд. Ҷаласаҳои бахшҳои конфронс дар факулта ва кафедраҳои донишкада то 26-уми апрел идома ёфта, дар умум беш аз 200 маърӯзаи илмӣ шунида ва муҳокима карда мешаванд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр