Нашрияи Омӯзгор

Созандагӣ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон

Сана: 2019-04-25        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Мастчоҳ:

мактаби нав бунёд мегардад

 Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Дар назар аст, ки давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, ҳаммом, сартарошхона,  кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд.

Раванди ободкорӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд босуръат аст. Дар ноҳия ба истиқболи сазовори ҷашни хотирмони миллӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёду таъмир ва навсозии чанд иншооти соҳаи маориф роҳандозӣ гардида истодааст. Аз ҷумла, дар яке аз калонтарин ҷамоатҳои деҳоти ноҳия – Оббурдон бо иштироки раиси ноҳия, фаъолон ва аҳли маорифи ноҳия барои бунёди бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 санги асос гузошта шуд. Бинои ҳозираи мактаби №26 соли 1971 ба таври ҳашар бунёд гардида, имрӯз он ба навсозии куллӣ ниёз дорад. Аз ин лиҳоз, баҳри ташкили шароити хубу мусоиди таълиму тадрис, синфхонаҳои барҳаво, утоқҳои фаннию компютерӣ ва ҳуҷраҳои кории омӯзгорон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва маблағгузории Фонди Саудии рушд бо харҷи 305 ҳазор доллар бинои нав сохта мешавад.

Ба иттилои манбаъ, бинои мактаби нав аз ду ошёна иборат буда,  барои таҳсили 265 нафар толибилм дар як баст пешбинӣ гардидааст. Он то моҳи октябри соли 2020 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» ва ҶДММ «Тахт»-и ноҳия  ба истифода дода мешавад.

Конибодом:

153 иншоот мавриди

истифода қарор гирифтанд

Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд давоми соли гузашта ва дар семоҳаи аввали соли равон 153 иншооти муҳим мавриди истифода қарор дода шуданд. Тибқи нақша, то соли 2021 бунёду баистифодадиҳии 506 иншооти гуногун, аз ҷумла, мактабу синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои саломатӣ, ҳаммому кошонаҳои ҳусн, дорухона, толору майдончаҳои варзишӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, таъмири китобхона, мумфаршу чароғонкунии роҳҳо ва дигар иншооти муҳим дар назар дошта шудааст.

Бо дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорону саховатмандон ва сокинони бунёдкори шаҳру деҳот соли гузашта 93 иншооти таъйиноти гуногун ва дар семоҳаи аввали соли равон 60 иншооти муҳим мавриди истифода қарор дода шуд.  То охири соли равон бунёду ифтитоҳи беш аз 100 иншооти дигар дар назар аст.

Турсунзода:

39 синфхонаи иловагӣ

ба истифода дода мешаванд

 Имрӯзҳо сокинони шаҳри Турсунзода баҳри  ободу хуррам гардонидани деҳот ба  корҳои созандагӣ машғуланд. Соли 2019 дар шаҳр дар доираи таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 иншооти дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Ҳамчунин,  бо дастгирии сокинон ва соҳибкорон дар деҳоти шаҳр  беш аз 184 км роҳҳо сангфарш  карда шуданд.

Тибқи иттилои масъулини раёсати маорифи шаҳри Турсунзода барои бартарафсозии мушкилии нарасидани синфхонаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  сохтмони 52 синфхонаи иловагӣ идома дорад. Дар назар аст, ки то охири соли равон 39 синфхона  ба истифода дода мешавад.

Хуҷанд:

163 иншооти нав бунёд

ёфтанд

Бо мақсади сазовору шоиста таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ дар шаҳри Хуҷанд беш аз 163 иншооти гуногуни хоҷагии халқ ба маблағи 416 миллиону 218 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуданд. Нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ аз 341 банд тасдиқ гардида, дар он ба ғайр аз гузаронидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳо ва маҳаллаҳои шаҳр, инчунин сохтмон, навсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, бунёди як зумра корхонаҳо ва коргоҳҳои истеҳсолию саноатӣ, сохтмон ва таъмиру навсозии муассисаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна ва маъмурию хизматӣ, сохтмони ҳаммом, чойхона, толори ҳусн, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайра дар назар аст. Бунёди ин иншоот аз соли 2018 оғоз ёфта, онҳо то соли 2021 ба истифода дода мешаванд.

Яке аз иншооте, ки ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ ба истифода дода мешавад, ин расадхона ва Боғи мунаҷҷим, риёзидон ва ихтироъкори номвари форсу тоҷик Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ Ҳомид ибни Хизр, ки  дар давраи ҳукмронии  Давлати Сомониён (солҳои 940-1000 умр ба сар бурдааст), ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки расадхонаи (планетарияи) аввалини оммавӣ дар миқёси Осиёи Миёна, аз ҷумла, Тоҷикистон   соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд, дар мавзеи бозори Панҷшанбе бо гумбази 11-метра ба истифода дода шудааст. Аз соли 2017 бо сабаби фарсудашавии ҳолати биною таҷҳизот ва ба ҷои он бунёд намудани таваққуфгоҳи чандошёнаи муосири зеризаминӣ барои беш аз ҳазор нақлиёти сабукрав, он тибқи қарори дахлдори масъулини вилоятиву шаҳрӣ ба соҳили рости шаҳр, маҳаллаи 32, ба ҷои Боғи “Дӯстии халқҳо” кӯчонида шудааст. Пас аз ба истифода додани расадхона дар мавзеи номбурда он аз толори аксбинии сайёра бо насби таҷҳизоти муосири германӣ, муҷассама ва осорхонаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, толори тамошо ва қабули меҳмонон, утоқи корӣ ва таҳхона иборат хоҳад гашт.

Ҳоло дар мавзеи мазкур, ки дар масоҳати беш аз 7 га ҷой гирифтааст, корҳои сохтмонӣ идома дошта, то ин дам бунёди пояҳои панҷараҳои атрофи он оғоз гардидааст. Ҳамзамон корҳои хатти обрасонӣ ба анҷом расида, ҳамворкунии майдон, ба тартиб даровардани он ва бунёди фаввораҳои боғ вусъат меёбад.

Бояд гуфт, ки ифтитоҳи Боғ, Осорхона ва расадхона то охири соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Исфара:

бунёдкорӣ идома дорад

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар қаламрави вилоят  то соли 2021 бунёду навсозӣ ва таъмиру тармими беш аз 6500 иншоот, аз ҷумла, 299 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 92 муассисаи томактабӣ, 54 қасри фарҳанг, 32 боғи фарҳангию фароғатӣ, 20 гулгашт, 35 китобхона, 37 беморхона, 94 бунгоҳи тиббӣ, 79 маркази тиббӣ, 10 таваллудхона, 105 нуқтаи хатнаи кӯдакон, 50 дорухона, 249 сартарошхона, 144 ҳаммом, 203 кошонаи ҳусн, 267 маркази савдо, 329 маркази хизматрасонӣ, 122 толор ва 285 майдончаи варзишӣ, 78 майдончаи бозии кӯдакон, 41 меҳмонхона, 170 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ва зиёда аз 3200 адад дигар иншоот пешбинӣ гардидааст. То имрӯз аз шумораи умумӣ беш аз 2200 иншоот ба истифода дода шудаанд.

Дар вилояти Суғд дар ин радиф афзалияти бештар ба ҷамоату деҳоти минтақаҳои дурдасти вилоят нигаронида шуда, татбиқи раванди корҳои ободониву созандагӣ пайваста дар мадди назари роҳбарияти вилоят қарор дорад.

Аз ҷумла, яке аз ҷамоатҳои баландкӯҳу дурдасттарини вилояти Суғд – Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки бевосита минтақаи марзии шимоли мамлакат ба ҳисоб мераваду дар он беш аз 33 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ доранд, аз чунин минтақаҳо мебошад. Интизор меравад, ки давоми се соли охир бо бунёди чанд иншооти зарурии таъйиноташон гуногун он ба яке аз гӯшаҳои ободи диёрамон табдил  меёбад.

Аз ҷумла, имрӯзҳо дар доираи  корҳои ободонӣ дар шаҳр навсозии Қасри фарҳанги Ҷамоати Ворух, ки аввали солҳои 70-уми асри гузашта бунёд гардида, давоми ин солҳо ба таъмири куллӣ ниёз дошт, идома дорад. Он дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо дастгирӣ ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд навсозӣ гардида истодааст.

Ҳамзамон бо иштироки раиси вилояти Суғд дар маҳаллаи наздимарзии Сангтӯдаи ҷамоат ба корҳои сохтмонии мактаби  замонавӣ иборат аз 3 ошёна ва 12 синфхона барои таҳсили 720 нафар дар ду баст ва дар маҳаллаи Қалъачаи ҷамоат ба сохтмони толори варзишии  дорои 200 ҷойи нишаст, ки ҳарду бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд хоҳанд гашт, санги асос гузошта шуд.

 

Таҳияи Н. САНГИНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш