20 апрели соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Амфитеат-ри Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ифтитоҳи театри тобистонаи Муассисаи давлатии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар доираи таҷлили Рӯзи пойтахт рост омада, туҳфаи арзишманди роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи ин иншооти фарҳангиро дар ҳудуди боғи фарҳангу фароғатӣ муҳим ва саривақтӣ хонда, масъулинро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз шароити дар он муҳайёгардида ва ташкили барномаҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ дастур доданд.
Амфитеатр дорои 1500 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла дар ошёнаи якум нуқтаи чиптафурӯшӣ, утоқҳои маъмурияти боғ ва дигар утоқҳои корӣ, дар ошёнаи дуюм бошад, ҳуҷраи ороишдиҳӣ ва дигар ҳуҷраҳои техникӣ тарҳрезӣ гардидааст.
Масоҳати умумии Муассисаи давлатии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ 30 гектарро ташкил дода, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт шароити арзанда муҳайё карда шудааст.
Баъди шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар театри тобистона Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин иншооти навбунёд бо сокинону меҳмонони пойтахт мулоқоти самимӣ доир намуданд.
President.tj
Иловакунӣ
Иловакунии фикр