Нашрияи Омӯзгор

Обрӯ ҳамбаста бо заҳмат бувад

Сана: 2019-04-25        Дида шуд: 776        Шарҳ: 0

Рушд ва ояндаи ягон ҷомеаро бе заҳмати омӯзгор наметавон тасаввур кард. Зеро омӯзгор дар тарбияи насли ояндасоз ва мутахассисони баландихтисос нақши арзанда дорад. Омӯзгорӣ ҳунар, истеъдод, дониш, маърифат ва заҳмат мехоҳад. Ин заҳматро касе арҷгузорӣ карда метавонад, ки худ дар роҳи расидан ба мақсад ва орзуҳо талошу меҳнат карда бошад. Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохти рисолат ва заҳмати омӯзгорон барои аҳли ҷомеаи мо на танҳо намунаи ибрат, балки роҳнамову роҳкушо ҳастанд. Ба ин гуфтаҳо амалишавии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат гувоҳ аст...

Вақте кас мехоҳад дар бораи устоде нависад, ки ӯро аз ҳама паҳлу мешиносад, боз ҳам душворӣ мекашад. Зеро меандешад, ки оё қаҳрамонашро муаррифӣ карда тавонист… Лаҳзаи ба забон овардани номи академик Муҳаммадюсуф Имомзода шахсияти эшон бо тамоми паҳлуву шаҳомат пеши назар меояд. Устоди поксиришт, адабиётшиноси соҳибмактаб, роҳбари ташаббускор, ташкилотчии илму маориф, ходими ҷамъиятиву сиёсӣ… Бидуни шак, академик Муҳаммадюсуф Имомзода дар ҳама самтҳои номбаршуда як шахсияти самимиву муваффақ ва дурбину некбин шинохта шудаанд. Ин бардошти мо дар тӯли ошноии беш аз 30-сола ба фаъолият ва шахсияти эшон ҳосил гардидааст. Пеш аз ҳама Муҳаммадюсуф Имомзода дар ҳама доираҳои илмиву адабӣ ва кориву иҷтимоӣ ҳамчун омӯзгор шинохтаву эътироф шудаанд. Яъне шахсият ва фаъолияти ибратомӯзи эшон боис гардидааст, ки ҳам дар ҳузур ва ҳам дар ғоиб пеш аз исмашон истилоҳи муаллим ба кор бурда шавад. На ба ҳар кас чунин шараф даст медиҳад.

Дигар самти фаъолияти устод Имомзода роҳбарӣ ва ташкилотчии таълиму тарбия ва илм будани эшон аст. Агар фаъолияти роҳбарии муаллим Имомзодаро ҳам дар Донишгоҳи миллӣ (ҳамчун декан низ) ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба мушоҳида ва таҳлил қарор диҳем, мебинем, ки он саропо ба созандагӣ пайванд мегирад. Чунин бардоште ҳосил мешавад, ки муаллим Имомзода ҳамеша дар рӯзи дигар (на имрӯз) қарор доранд, барои фардо меандешанд. Масъалагузориву вазифагузориҳояшон ба оянда нигаронида шудаанд. Мо борҳо дар фаъолияташон ин падидаро ба мушоҳида гирифтаем. Ба гунаи мисол метавон аз он ёд кард, ки дар ҷамъбасти натиҷаҳои илмии ДМТ дар соли 2012 муаллим Имомзода дар бораи кушодани шӯроҳои нави диссертатсионӣ, шӯроҳои муштарак ва шӯроҳои миллӣ, дар омодасозии кадрҳои илмӣ таваҷҷуҳ ба сифати корҳо ва кадрҳоро масъалагузорӣ карданд ва ҳамчунин яке аз вазифаҳои ДМТ будани таъмини кадрҳои илмиву омӯзгориро барои дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат таъкид сохтанд. Ва боз бисёр нақшаҳои дигар… Пайваста хотиррасон мекунанд, ки аҳли донишгоҳ аз уҳдаи ин вазифаҳо баромада метавонанд. Мо худ шоҳиди ин масъалагузорӣ будему чандон ба амалишавии ин нақшаҳо бовар надоштем. Аммо гузашти вақт нишон дод, ки муаллим Имомзода бомаром бо баргузории силсилаи чорабиниҳо ин масъалаҳоро пайгирӣ карда, мушкилотро аз байн бурданд. Имрӯз иқтидори илмиву омӯзгории Донишгоҳи миллӣ барои омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва истиқлолияти кишвар комилан ҷавоб медиҳад. Ва он ки имрӯз дар ҳама озмунҳои илмиву зеҳнӣ донишҷӯёни ДМТ ғолибият ба даст меоранд, тасодуфӣ нест, балки натиҷаи заҳмату талошҳои донишҷӯёни боистеъдод ва вазифагузориву дастгириҳои ректор Муҳаммадюсуф Имомзода аст. Дар бораи густариши робитаҳои ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои дуру наздик, баргузории чорабиниҳои муштараки илмиву фарҳангӣ дар солҳои охир ҳаминро мегӯем, ки ҳамаи ин комёбиҳо комилан натиҷаи истиқлолият, сиёсати Пешвои миллат ва корбурди дурусти ректор Муҳаммадюсуф Имомзода мебошанд. Аммо академик Муҳаммадюсуф Имомзода бо камоли хоксорӣ комёбиҳоро на ба фаъолияти хеш, балки ба заҳмати ҳайати меҳнатии донишгоҳ нисбат медиҳанд.

Дигар аз паҳлуҳои фаъолияти созандаи устод Имомзода ин фароҳам овардани эътимоди равонӣ ба ҳамдигар, фазои солими корӣ ва риояи қатъии қонун дар донишгоҳ аст. Махсус таъкид карданӣ ҳастем, ки ҳангоми сар задании мушкилоте муаллим Имомзода ҳамеша аз адолат ва воқеият кор мегиранд. Дар муносибат бо зердастону корафтодагон Имомзода намунаи олии муошират ва муроҷиат ҳастанд. Агар кас ҳангоми муроҷиати корафтодагон дар рӯзҳои қабулашон шоҳид шавад, барои худ як дарси нотакрори фарҳанги муоширату муроҷиатро мегирад. Эҳтироми муаллим барои Имомзода усули фаъолият аст. Талош мекунанд, ки обрӯву эътибори муаллим боло бурда шавад. Таваҷҷуҳ ба мушкилоти муаллимону кормандони донишгоҳ ва роҳҳои ҳалли онҳо аз самимият ва гуманизми баланди муаллим Имомзода шаҳодат медиҳад. Маҳз ҳамин адолат ва самимияти эшон аст, ки аксарияти устодону кормандони донишгоҳ дар симои муаллим Имомзода дар баробари роҳбари донишгоҳ, ҳамчунин бародару роҳнаморо мебинанд. Он ки атроф ва намои биноҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зебоии назаррабо доранд, аз зебоипарастиву бунёдкориҳои муаллим Имомзода дарак медиҳанд.

Парвардаи муҳити маърифатпарвари Донишгоҳи миллӣ (он замон Университети давлатӣ) ва Академияи илмҳо Муҳаммадюсуф Имомзода нахустсабақро дар ҷодаи таҳқиқ аз мактаби маъруф – Институти адабиёти ҷаҳонии Мас-кав ба номи М. Горкий бардоштаанд. Баъдан дар мактаби илмии овозадори академик Муҳаммадҷон Шакурӣ насри Устод Айниро ба риштаи таҳқиқ кашида, дар мавзӯъҳои «Ҳунари портретсозӣ дар насри Садриддин Айнӣ» ва «Тафаккури бадеӣ ва поэтикаи насри Садриддин Айнӣ» рисолаҳои номзадиву докторӣ анҷом доданд. Ба эътирофи донишмандон, таҳқиқоти муҳаққиқ М. Имомзода дар илми айнишиносӣ саҳифаи навест, ки бо усули нави омӯзиш ва арзишдиҳӣ ба осори устод Айнӣ ва умуман адабиёти бадеии асри 20-и тоҷик фарқ дорад. Дар умум дар ҳама самтҳои таҳқиқ ин муҳаққиқ аз андешаи қавӣ ва адолати илмӣ кор гирифтаанд. Имрӯз Муҳаммадюсуф Имомзода дар ду риштаи таҳқиқ: адабиёт ва публитсистика соҳибмактаб гаштаву роҳнамову роҳбар ва мушовири даҳҳо муҳаққиқон мебошанд. Аз ҷумла, докторони илм А. Расулов, Н. Солеҳов, М. Абдуллоев, Ҷ. Саъдуллоев, О. Саидҷаъфаров, Ф. Ҳусейнзода, З. Улмасова ва дигарон аз шогирдони ин мактаб ҳастанд. Теъдоди номзадҳои илм, ки сабақи ин мактабро гирифтаанд, аз 20 нафар гузаштааст. Ва боз даҳҳо нафар ба ҳайси унвонҷӯву аспирант дар мактаби илмии академик М. Имомзода машгули пажӯҳишу омӯзиш ҳастанд. Масъалагузориҳо дар назди шогирдони ин мактаб бо он тафовут дорад, ки мавзӯъҳои барои таҳқиқ пешниҳодшуда, пеш аз ҳама, бо назардошти манфиатҳои миллату давлати Тоҷикистон ва арзиши ҳунарии осор интихоб шуда, бозгӯйи дурбинии соҳибмактаб мебошанд.

Академик Муҳаммадюсуф Имомзода бо вуҷуди ин ҳама масруфиятҳои илмиву таълимӣ ва роҳбарӣ, инчунин, фаъолияти пурҷӯши ҷамъиятиву сиёсӣ доранд. Ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи он дар амалисозии сиёсати созандаи Пешвои миллат саҳми босазо мегузоранд, дар иртиботи зич бо кормандони расонаҳо қарор дошта, пайваста дар самтҳои гуногуни сиёсати давлатӣ бо мавқеъ ва назари нек ибрози андеша менамоянд. Илму маориф ва ояндаи ҷомеаи мо ба фаъолияти созандаи чунин нафарони некбину некандеш иртибот дорад.

 

Фахриддин  ҲАЙДАРОВ,

Сангин ГУЛОВ,

номзадҳои илми филология


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш