Нашрияи Омӯзгор

Китоби бачагона – мададгори омӯзгор

Сана: 2019-05-01        Дида шуд: 745        Шарҳ: 0

Таълиму тарбияро дар синфҳои ибтидоӣ бе китобҳои бадеӣ, махсусан, китобчаҳои рангаи шеъру ҳикояҳои шавқовару дилнишин тасаввур кардан имконнопазир аст. Ин гуна китобҳо шавқу завқи хонандагони хурдсолро ба таҳсил бештар мекунанд, таваҷҷуҳашонро ба асари бадеӣ меафзоянд. Боиси қаноатмандист, ки дар ҷумҳурии мо ҳар сол китобҳои зиёди бачагона бо сифату ороиши баланд ба нашр мерасанд. Омӯзгорони синфҳои ибтидоиро лозим аст, ки ин гуна китобҳоро дастрас кардаву мазмуну муҳтавояшонро ба хонандагон шарҳ диҳанд, тарғиб намоянд, пораҳо хонанд, суратҳояшонро ба намоиш гузоранд. Ҳамчунин, бо волидони хонандагон суҳбат ороста, онҳоро даъват кунанд, ки барои фарзандонашон китобҳои тозанашри бачагонаро харидорӣ бинамоянд.

Ман дар дарсҳои худ аз фанҳои гуногун ва дар дарсҳои тарбиявӣ аз китобҳои бачагона фаровон истифода мебарам. Яке аз адибони муваффақи адабиёти кӯдакон дар замони мо Ҷӯра Ҳошимӣ мебошад. Шеърҳои ӯ хеле равону дилчаспу гӯшнавозанд, дунёи рангини бачаҳоро ба тариқи басо ҳунармандона инъикос менамоянд. Китоби ин шоири дилогоҳи кӯдакон «Бачаҳову кӯчаҳо» шеърҳои гуногуну шавқовари зиёдеро дар бар мегиранд. Китоб аз қисматҳои «Ре» мегӯям ман бурро», «Аз як-як то лак –лак», «Гаҳворакушо», «Дарвозаи баҳор» «Аскар чӣ менависад?», «Андеша», «Хандонак», «Биёед, месароем!» ва «Манзумаҳо» таркиб ёфтааст. Ба китоб Шоири халқии Тоҷикистон, устод Гулназар пешсухани ҷолибу муассире навишта, хонандагонро барои хубу аъло таҳсил кардан даъват бинмудааст. Аз китоби «Бачаҳову кӯчаҳо» омӯзгори синфҳои ибтидоӣ барои ҳар дарсаш метавонад шеъре мувофиқ дарёбаду истифода намояд. Масалан, дар синфи якум азёд кардану дар чанд дарс истифода намудани шеъри «Алифбоҷон» айни муддаост. Ин шеър бо банди зерин ибтидо меёбад:

Китоби аввалини мо,

Китоби нозанини мо,

Китоби дилнишини мо,

Алифбоҷон, Алифбоҷон!

Дар мавзӯъҳои Ватан, модар, китоб, дониш, ҳунар, олами ҳайвоноту наботот ва монанди инҳо дар китоб шеърҳои мақбули кӯдакон зиёданд. Муҳимтар аз ҳама, шоири тавоно Ҷӯра Ҳошимӣ аз олами ширину рангини бачаҳо ва забону баёнашон, хулқу атворашон хеле хуб огаҳ аст. Тавассути шеъраш ба дили онҳо зуд роҳ меёбад, «ҷӯраи ҷонӣ»-ашон мешавад.

Бубинед, ин қитъа чӣ қадар барои хурдтаракон мувофиқ ва фаҳмову шавқовар, ҳамчунин, ҳикматбахш аст:

«М» як ҳарфи танҳо буд,

Як ҳарфи бемаъно буд.

Боре ҳамдам бо «О» шуд

«Мо» шуд, хеле фаҳмо шуд!

Як зумра шеърҳои китоби «Бачаҳову кӯчаҳо» ба мазаммати танбалону дарсгурезон, дурӯғгӯёну беадабон бахшида шудаанд ва аҳамияти тарбиявӣ доранд. Аз чунин китобҳо омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ҳар қадар бамаврид ва бештар истифода баранд, ҳамон қадар комёб хоҳанд буд.

Саломат СоДирова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №135, шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш