Нашрияи Омӯзгор

Нозукадоии Садриддин Айнӣ

Сана: 2018-04-20        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Дар бобати интихоби калима ва мавқеи корбурди он

Олга рӯзҳои аввали ба экспедитсия омадани Олим аз саргузашти ин ҷавони бечора,  ятими дар ба дар гашта, чӯпони аз “оши ҳалол” шикамаш сернашуда воқиф гардида, ба ӯ фақат раҳм ва некхоҳӣ мекард” (Р.Ҷалил, “Одамони ҷовид”, саҳ.135).

Қайди С.Айнӣ дар ҳошияи асар:

“Ин ҷо фарқи чӯпон ва подабонро муайян кардан даркор аст: чӯпон -- чаронандаи доимии рамаи ягон кас, ки дар вай бузу гӯсфандон ҳастанд.  Подабон чаронандаи пода аст, ки дар вай ҳайвоноти гуногун ва аз они одамони гуногун мебошанд. Подабон танҳо рӯзона мечаронад ва шаб ҳайвонотро ба соҳибонашон месупорад. “Оши ҳалол”-хӯрӣ вазифаи подабон аст, на чӯпон. Фарқи рама, гала ва подаро боз гуфтан лозим аст: рама --  махсус аз бузу гӯсфанд, гала – тӯдае аз ҳайвоноти калон, монанди аспон, говон. Пода – тӯдае аз ҳайвоноти гуногуни одамони гуногун,  фақат рӯзона ба саҳро мебаранд. Чаронандаи тӯдаи аввалинро чӯпон, дуввуминро галабон ва сеюминро подабон мегӯянд” (Х.Отахонова. “Падидаҳои навҷӯйӣ”. – Душанбе: Ирфон,1972. – С.17).

Аҳмади Дониш бодиққат он рақамҳоро аз назар гузаронид. Гоҳо ба соат нигоҳ карда, баъд аз он ба осмони соф, ки дар вай моҳи пурра нур мепошид,чашм дӯхт. Як вақт забонаш гирифта-гирифта: “Ба-ба осмон ни-нигаред”, -- гуфт ӯ. Ҳама ба осмон нигаристанд (С.А., “Ёддоштҳо”).

Мактуби С. Айнӣ ба А. Лоҳутӣ  (2.04.1939)

“Вай (муҳаррири сиёсӣ) дар қатори эътирозҳои сиёсӣ эътирози забонӣ ҳам кардааст ва ба ин далел овардааст, ки овтур (афтор) дар 76 саҳифа (“Достони Вахш”) 124 эзоҳ додааст ва ҳол он (ки) эзоҳҳои ман бештарин дар бораи  нешбанд, навбар, поёноб, варғбанд барин калимаҳо буд, ки онҳоро деҳқонони бесавод медонанд, аммо ҷавонони саводи “сиёсинок” намедонанд”.

“Дар як асари дигари ман дар “Тоҷгиз” яке аз раҳбарони шӯъбаҳо калимаи даҳанмардро дидааст ва бо мактуб аз ман маъниашро мепурсад ва ҳол он ки ин калима ҳам мисли калимаҳои нешбанд, навбар, поёноб, варғбанд дар ҳеҷ луғат набуда, танҳо дар даҳони мардум ҳаст, яъне тамоман халқӣ аст. Пеш аз навиштаҳои ман дар адабиёт нагузаштааст ва маъниаш “даҳанмард одаме аст, ки касони дар атроф буда ба гапи вай медароянд ва дар вақти лузум аз тарафи онҳо монанди як вакили расмӣ гап задан мегирад. Даҳанмард аз даҳанкалон фарқнок аст. Даҳанкалон ҳамеша сифати салбии одамро ифода мекунад, аммо даҳанмард гоҳо дар маънои салбӣ ва гоҳо дар маънои эҷобӣ меояд.

Акнун ман намедонам, ки бо ин “раҳбарони” забони тоҷикӣ чӣ кор кунам. Инҳо забони адабии клосикиро надонанд ва забони зиндаи халқро надонанд ва маҷбур кунанд, ки “Чизе навис, ки ман фаҳмам”. Дар ин сурат вой бар ҳоли ману монанди ман”

Дар бобати калимасозӣ ва таркиббандӣ:

1. М а т н: Аз бепартиягиҳо пештар гардам (Ҷ.Икромӣ, “Шодӣ”).

Т а ҳ р и р и  С.Айнӣ: Аз бепартияҳо пештар гардам.

Қ а й д: Ман бояд дар бораи калимаи “партиягӣ” ва “бепартия” бисёртар истам, зеро бештарини ҷавонон ва ҳамаи рӯзномаҳои мо дар кор фармудани калимаи дуюм – “бепартия” хато мекунанд – “бепартиягӣ”  кор мефармоянд ва ҳол он ки ин таъбир на ба қоида рост меояд ва на ба забони халқ, ки асосан қоида ҳам аз забони халқ гирифта мешавад.

Қоида ин аст, ки агар калимаи мансуб сифати як чиз шуда ояд, дар вай адоти нисбат – “-ӣ”, “-гӣ” зоҳир карда мешавад. Чунончи: Наврӯз партиягист. Агар сифати мансубро бо “бе-“ нафӣ карданӣ шавем, адоти нисбати “-ӣ”, “гӣ-” партофта мешавад. Чунончи: Наврӯз бепартиявист.

Дар бобати ҷумлабандӣ:

1.Меҳмонони мардинаро падарам, амакам, бобои модариам, тағоиҳоям  ва дигар хешовандон “Хуш омадед!” мегуфтанд, меҳмонзанонро модарам, модаркалонам, занони тағоиҳоям ва зани амакам меҳмондорӣ мекарданд (С.Айнӣ, “Ёддоштҳо”).

Дар ин матн нависанда аз чаҳор имконоти услубии забон истифода бурдааст: Якум, дар ҳар ду ҷумлаи содаи таркиби ҷумлаи мураккаби пайвасти бепайвандак бо мақсади таъкиди соҳиби амал мубтадоҳои чида ба паҳлуи хабарҳо кӯчонида шудаанд, дар натиҷа задаи мантиқӣ ба мубтадоҳои чида афтодааст, яъне меҳмононро маҳз киҳо пешвоз гирифтаанд. Дуюм, дар тартиби пайиҳам овардани аъзоои чида мавқеи падару модар ва наздикони онҳо ба инобат гирифта шудааст. Сеюм, барои ин ки дар ифодаи мафҳуми пешвозгирӣ як хабар такрор нашавад, аввал “Хуш омадед!” мегуфтанд, сипас меҳмондорӣ мекарданд оварда шудааст. Чаҳорум, бо мақсади худдорӣ аз такрори як қолаби ифода аз муродифоти қолаби калимаи мураккаб (меҳмонзанон) ва қолаби ибораи номӣ (меҳмонони мардина) ба кор рафтааст. 

2.Синаи булӯрини ӯ, ки аз чоки гиребони куртаи маркизет намуда меистод, мӯйҳои сиёҳи ӯ, ки баъд аз бо собуни муаттар шуста шудан  аз таги каллапӯши тос баромада, аз болои як абрӯ ва як чашмаш ба тарафи гӯшаш хам шуда меистод, гӯши ӯ, ки монанди гулбарги гулобӣ аз таги ҳалқаи зулфаш менамуд, ду дасти сафеди шамъи мумимонади ӯ, ки то оринҷҳояш кушода буда, аз ду тарафи сараш аз рӯйи болиши пар ёзонда партофта шуда буд, ангуштҳои ҳиноии ӯ, ки аз миёнаи ангуштарини зарнарди ёқутнигин монанди шӯълаи шамъи мумии афрӯхта медурахшид, дар вазъияте буданд, ки Ҳамдамфӯрмаро бетоқат карда метавонист (С.А., “ғуломон”).

Ин ҷумлаи мураккаби тобеи сертаркиб аз 1 сарҷумла ва 7 ҷумлаи пайрави муайянкунанда иборат аст.

Сарҷумла: Синаи булӯрин, мӯйҳои сиёҳ, печа, гӯш, ду дасти сафеди шамъи мумимонанд, ангуштҳои ҳиноии ӯ дар вазъияте буданд.

Ташбеҳ: синаи булӯрин, гӯши монанди гулбарги гулобӣ, ду дасти сафеди шамъи мумимонанд, ангуштҳои ҳиноӣ монанди шамъи афрӯхта медурахшид. Ташбеҳ бо ёрии имконоти калимасозӣ ва грамматикии забон (пешоянди номии изофии монандӣ) ифода ёфтааст.

Ибораҳои феълӣ: бо собуни муаттар шуста шуда, нобофта ба рӯйи синааш парешон карда партофтагӣ.

Калимаҳои каллапӯш, печа, ёқутнигин, Ҳамдамфӯрма бояд шарҳ дода шаванд, ки каллапӯш ва печа обуранги маҳал, ёқутнигин обуранги адабии китобӣ, Ҳамдамфӯрма обуранги гуфтугӯйӣ дорад.

Садоноки “ӯ” дар калимаҳои булӯрин, мӯйҳо, каллапӯш, абрӯ, гӯш, шӯъла, афрӯхта, Ҳамдамфӯрма ва пешоянди таркибии изофии аз рӯйи омадааст. Бояд хотирнишон кард, ки аз рӯйи қоидаи имлои имрӯза пешоянди зикршуда ҳатман бо ҳарфи “й” (аз рӯйи) навишта шавад.

3.Аммо (чун) баъд аз ду-се сол дидааст, ки ҳавлӣ ва рӯйидаричае, ки дар Соктаре дошт, хароб шуда рафта истодааст ва замини дар он ҷо доштааш ҳам аз кишт монда, аз кор баромада меравад ва худаш ҳам пир шудаст, ки монанди пештара бисёр кор карда наметавонад, маҷбур шудааст, ки падарамро хонадор карда аз хондан бозмононад (С.А., “Ёддоштҳо”).

Як ҳиссаи матн, ки бо пайвандаки “аммо” ба ҳиссаи аввал муқобил гузошта шудааст, 8 ҷумлаи содаро дар бар гирифта, ба сарҷумла ҷумлаи пайрави замон ва пуркунанда ва ба ҷумлаи пайрави замон се ҷумлаи пайрави пуркунанда тобеъ шудааст, ки якуми онҳо  дар таркиби худ ҷумлаи пайрави муайянкунанда ва сеюмаш ҷумлаи пайрави сабаб дорад.

Назири чунин ҷумлаҳои мураккаби сертаркибро дар осори бадеӣ ва илмии гузаштагонамон ҳам пайдо кардан мушкил аст. Ба ақидаи забоншиносон, чунин қолабҳои мураккаб дар марҳилаи минбаъдаи такомулоти наҳвии забон бо тақозои эҳтиёҷи пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ҷомеа ба миён омадаанд. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки бо вуҷуди хеле мураккаб будани таркиби ҷумла, хонанда мазмуни онро бе мушкилӣ мефаҳмад. Дар ин гуна қолабҳои мураккаби наҳвӣ ба тарзи дақиқ ва комил ифода кардани матлаб на ба ҳар қаламкаш муяссар мегардад. Бинобар ин, аввал, ба сохтори печон, вале омили наҳви забони тоҷикӣ, сипас, ба қудрати қалами устод Айнӣ арҷ гузоштан лозим аст. 

 

Б.Камолиддинов,

доктори илмҳои филологӣ,

профессор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш