Нашрияи Омӯзгор

Маҳфили шеъри омӯзгор

Сана: 2019-05-01        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Дар Кохи фарҳангии    шаҳри Ваҳдат бо дастгирию  иқдоми  раёсати  фарҳанги ҳукумати шаҳр ва бахши  Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат маҳфили  шеъри  омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии №10-и  шаҳри Ваҳдат, ғолиби  минтақавии  озмуни  «Омӯзгори сол - 2015», шоири  умедбахш Идибег Мирзораҳимов баргузор гардид. Дар хусуси  марҳалаҳои  эҷодии  омӯзгори  соҳибқалам ва муҳтавои  шеъри ӯ шоири шинохта, барандаи  Ҷоизаи ИНТ ба номи Мирзо Турсунзода  Давлати Раҳмониён, шоири бачаҳо Абдусаттор Раҳмон сухан карданд. Аз ҷумла, Давлати Раҳмониён, муҳаррири маҷмӯаи  шеърҳои  Идибег  Мирзораҳимов «Ёдҳо ҳаргиз намиранд» афзуд, ки мавсуф бо он ки омӯзгори фанни  география ба шумор меравад, ба шеъру шоирӣ дилбастагии хоса дорад. Навиштаҳои  ӯ дорои  унсурҳои  шеърияти баланд мебошанд. Аз ин лиҳоз, дар байни  қаламкашони ҷавони ҳудуди шаҳр Идибег Мирзораҳимов бо ашъори  сурудаи худ мавқеи  вижаро доро мебошад.

Идибег Мирзораҳимов муаллифи китобҳои «Дурдонаҳои  саргаҳи Кофарниҳон», «Нафаси  бади хазон»,  «Ёдҳо ҳаргиз намиранд»… мебошад. 

Ӯ рисолати  шеъру шоириро  ин тавр баҳогузорӣ  намудааст;

…Шеър гуфтан, дар китоби

зиндагӣ,

Нақшҳо бингоштан.

Шеър гуфтан, аз фурӯғи як

нигоҳи дарднок,

Маъние бардоштан.

Шеър гуфтан, рӯи яхҳои сукут,

Гармии эҳсосро бигзоштан...

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш