Нашрияи Омӯзгор

Дастуре ҷолибу шавқовар

Сана: 2019-05-01        Дида шуд: 745        Шарҳ: 0

Солҳои охир дар баробари пайваста афзудани таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба соҳаи маориф дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо баҳри дастгирии омӯзгорон аз ҳар лиҳоз тадбирҳои пурсамар андешида мешаванд.

Яке аз ин гуна тадбирҳои файзбахш ба нашр расидани дастуру раҳнамоҳои методӣ барои омӯзгорон мебошад, ки ҳам ба масоили умумии педагогика, ҳам ба тариқи натиҷабахши таълими фанҳои гуногун ва ҳам ба умдатарин ҷанбаҳои тарбияи насли наврас бахшида шудаанд. Дар ин самт Вазорати маориф ва илми мамлакат ҳамасола корҳои зиёдеро сомон мебахшад. Аз ҷумла, мо - омӯзгорони математика низ имрӯз бо забони тоҷикӣ китобҳои зиёде рӯи даст дорем, ки дар таълими ин фанни дақиқ мададгориамон мекунанд ва бо эҳтимоми Вазорати маориф ва илм ба нашр расидаанд. Дар баробари ин, чанде аз устодони соҳибтаҷрибаву мумтози соҳа, олимони номвар оид ба фанни математика ва шеваи тадриси он китобҳои пураҳамияту манфиатбор таҳия намудаву чоп кардаанд, ки низ дастгири мо – омӯзгорон гардидаанд. Яке аз ин гуна китобҳо «Роҳнамои математика» ном дораду ба қалами олимони варзидаи риёзидон Мамадҷон Маҳкамов  ва Қосим Осимӣ мутааллиқ аст. Ин китоби пурмуҳтаво зуд писанди омӯзгорон гардид ва дар як муддати кӯтоҳ шаш маротиба (бо таҷдиди назар ва такмил) батакрор ба нашр расид. «Роҳнамои математика» хусусияти энсиклопедӣ дорад ва муҳимтарин масоили математикиро бо забони фасеҳу ҷолиб шарҳ мебахшад. Дар китоб айнияту формулаҳои асосии курси мактабии математика, ҳамчунин, баъзе аксиома ва таърифу теоремаҳо оварда шудааст. Бо ҳадафи омодасозии комилтари хонандагон ба имтиҳонот ва ба таҳсил дар коллеҷу мактабҳои олӣ дар «Роҳнамои математика» баъзе формулаву масоили риёзии берун аз барномаи мактабӣ (чун қисми бутуни адади ҳақиқӣ, қисми касрии адади ҳақиқӣ, аломати адад, формулаи Тарталё – Кардано, биноми Хайём – Нютон, унсурҳои комбинаторика, алгоритми аз решаи квадратӣ баровардани адад, муайянкунандаҳои тартиби дуюму сеюм, аз як системаи ҳисоб ба системаи ҳисоби дигар гардонидани ададҳо, ҳосила ва интегралҳои функсияҳои ҳиперболӣ, баъзе қаторҳои ададӣ, назарияҳои эҳтимолият…) овардаву шарҳ дода шудааст. Китоб беш аз 70 қисматро фаро мегирад ва замимае ба номи «Илова» дорад. Муаллифон зимни шарҳи масоили гуногуни математикӣ ба шавқу завқ ва сатҳи фаҳмиши (хусусиёти равонию физиологӣ ва синнусолӣ) хонандагон эътибор додаанд, ки ин қиммати китобро боз ҳам афзудааст. Масоили марбут ба риёзиёти миллӣ низ дар «Роҳнамои математика» ҷойгоҳи шоиста доранд. Чунончи, донистани ченакҳои вазну масофа, ғунҷоишу суръату ҳаҷм дар забони тоҷикӣ барои шогирдон хеле муҳим ва манфиатбахш аст. Китоби мазкур сайри фарогиру шавқовару самароварест ба дунёи илми математика ва омӯзгорони ин фанро мебояд, ки аз он ба таври васеъ истифода баранд.

Гулнигор Шокирова,

омӯзгори математика 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш