Нашрияи Омӯзгор

Зиндагиномаи бузургон ҳикматбор аст

Сана: 2019-05-01        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Барои ҷалби хонандагон ба омӯзиши фаъолонаи фанни физика дар қатори тадбирҳои дигар як тадбири муҳиму таъсирбахш нақл дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти олимони машҳуру тавонои соҳа мебошад.

Зиндагиномаи зумрае аз донишмандони барҷастаи илми физика хеле рангину ибратомӯз ва пурҳодиса аст. Огаҳӣ аз он барои хонандагон ҷолиб ва шавқафзо хоҳад буд. Ин амалро дар лаҳзаҳои мувофиқи дарси физика метавон татбиқ кард. Махсусан, огаҳӣ аз рӯзгору фаъолияти илмии бонувони маъруф, ки мутаассифона, дар илми физика теъдоди онҳо чандон зиёд нест, зеҳни хонандагонро ба таҳрик меоварад, барои онҳо тақвиятбахши таваҷҷуҳ ба илми физика ва эҳтироми бештар ба занон мешавад.

Мария Кюрӣ (1867-1934) бонуест, ки тавассути кашфиёти барҷаставу ҳайратовараш ҷаҳониёнро ба ҳайрат овардаву неруи тавонои бонувонро собит кардааст. Ӯ илмҳои физика ва кимиёро дар сатҳи аъло ва хеле амиқ омӯхта, дар қатори асосгузорони таълимоти радиоактивӣ дар арсаи ҷаҳон ҷойгузин гардидааст.

Мария Кюрӣ дар шаҳри Варшава (Полша - Лаҳистон) дар оилаи омӯзгори миёнҳол ба дунё омада, бо се хоҳару як бародараш дар ибтидо зиндагии душворе ба сар бурдаву пайи дастгирии маишати хонаводаи падариаш борҳо ба хизматгорӣ машғул шудааст. Марги нобаҳангоми модараш зиндагии онҳоро бештар гарон мекунад. Ниҳоят, баъди паси сар кардани мушкилоти зиёд Мария донишҷӯи Донишгоҳи Сорбони Париж мешавад ва бо ҷидду ҷаҳд ба омӯзиш машғул гардида, дар сафи аълохонҳо мавқеъ меёбад. Баъди хатми донишгоҳ соҳиби ду тахассус – омӯзгори физика ва математика мешавад. Мария дар 27 – солагиаш бо олими маъруфи физика Пйер Кюрӣ, ки дар соҳаи физика таҳқиқоти зиёд дошт, оила барпо мекунад. Зану шавҳар ҳампешаву ҳамақида буданд. Дар баробари машғулиятҳои оиладорӣ Мария ба навиштани рисолаи докторӣ машғул шуда, омӯзиши нурҳои уранро идома бахшид. Он вақт ин мавзӯи тамоман нав буду баъдтар ба мавзӯи муҳимтарини асри ХХ табдил ёфт. Ҳамин тавр, Мария Кюрӣ тадриҷан ба олами физикаи ядроӣ ворид гашту пешсафу раҳбалади олимони соҳа шуд. Ӯ маъданҳои дорои уран ва торийро таҳқиқ намуда, ба хулосае расид, ки моддаҳои мазкур дар таркиби худ унсури радиоактивӣ доранд. Зарур буд, ки элементи кимиёвӣ аз таркиби маъданҳо ҷудо карда шавад, вазни атомиаш муайян гардад. Ба таҳқиқоти Мария шавҳари донишмандаш мададгорӣ менамуд. Пас аз таҳқиқот дар шароити носозгору тоқатфарсо (онҳо лаборатория ва асбобҳои зарурӣ надоштанд) ба Мария муяссар шуд, ки соли 1902 аз маъдан ба андозаи детсиграмм радий ҷудо кунад. Ин муваффақият ба Кюриҳо (зану шавҳар) шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Марказҳои зиёдӣ илмӣ аз саросари дунё онҳоро ба ҳамкорӣ даъват мекарданд ва маблағҳои ҳангуфт пешниҳод менамуданд. Соли 1906 шавҳари Мария ба таври фоҷеавӣ вафот мекунад, ки ин барояш зарбаи ҷонкоҳе мешавад. Пас аз чанде бонуи иродатманд аз нав неруи зеҳниашро ба таҳрик оварда, таҳқиқоташро идома мебахшад ва ба комёбиҳои навин ноил мешавад. Мария Кюрӣ ягона занест дар ҷаҳон, ки ду маротиба ба дарёфти Ҷоизаи Нобелӣ мушарраф шудааст: соли 1903 (бо шавҳараш Кюрӣ) барои таҳқиқоти радиоактивӣ ва соли 1911 (бо А.Беккарел) барои таҳқиқи хосиятҳои радийи металӣ. Мария Кюрӣ аз таъсири таҷрибаҳои илмии соҳаҳои физикаю химия ба бемории камхунӣ гирифтор шуда, бар асари он дар 67-солагӣ аз олам чашм пӯшидааст.

Мунира

Душанбиева,

омӯзгори физикаи мактаби №71-и

ноҳияи Шоҳмансур 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш