Нашрияи Омӯзгор

Мақоми баланди ҷавонон

Сана: 2019-05-01        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Ҷавонон дар ҳар давру замон қувваи бузургу сарвати миллӣ ба шумор мераванд.  Онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу иқтисодии Тоҷикистон такягоҳи боэътимод  ва  ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мебошанд. Ҳамин аст, ки    бо дастури бевоситаи  Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали ба эътидол омадани вазъ дар кишвар сиёсати давлатии ҷавонон, маориф ва варзиш дар катори дигар соҳаҳо аз самтҳои афзалиятноки инкишофи давлат карор  гирифтанд. 

Қабули Қонун «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии  ҷавонон», баргузор шудани вохӯриҳои таърихии Сарвари давлат бо ҷавонон, қабул гардидани барномаҳои дурнамои давлатии ҷавонон, тадбирҳои зиёди дигар дар ҳаёти насли ҷавон саҳифаи навро оғоз бахшиданд. Бо мақсади баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҷомеа соли 2017 Соли ҷавонон эълон шуд ва ин иқдом ҷавононро водор сохт, ки ба ҷаҳон  бо назари нав, бо чашми хирад назар афкананду баҳри пешравӣ, тараққиёт,   ихтироъкориҳо ва эҷодкориҳо кӯшиш намоянд.   

Имрӯз ҳамагон шоҳиди бун-ёди иншооти зиёд дар соҳаи маориф, тандурустӣ, варзишу солимгардонӣ, сохтмону баистифодадиҳии осорхонаву китобхонаҳои бошукӯҳ,   бунёди нақбҳо ва  садҳо иқдомоту ташаббусҳои дигари созанда гашта истодаем, ки барои кишварамон на танҳо аҳамияти бузурги иқтисодӣ доранд, балки нақши ниҳоят гаронарзиш дар заминагузориву ташаккули маърифативу инкишофи зеҳнӣ, фароҳам овардани ташаккули шахсият ва ба вуҷуд овардани ифтихори ватандориву ҳуввияти миллӣ ва худшиносӣ  доранд. Албатта, ин  навгониҳо моро ба ояндаи боз ҳам нек роҳнамоӣ мекунанд.  Муҳимтар аз ҳама, ҷавонон набояд фаромӯш намоянд, ки ин ҳама барои онҳо нигаронида шудааст. 

Муҳаммадӣ Муҳаммадиев,

директори мактаби №29,

  ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш