Дар тӯли фаъолияти беш аз 80 солаи худ факултаи таърихи ДДОТ ба номи С.Айнӣ як зумра мутахассисони касбии соҳаи таърихро тайёр намуд, ки дар рушди таълим ва илми таърихи Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоштанд. Яке аз онҳо устод Н. Давлатбеков мебошад. У соли 1945 дар деҳаи Деҳмиёнаи ноҳияи Шуғнон таваллуд шудааст. Ҳанӯз дар давраи таҳсил дар мактаб дар дили ин ҷавон нисбат ба таърих шавқу рағбати зиёд пайдо шуда буд. Ин буд, ки баъди хатми мактаби миёна ба факултаи таърихи ДДОТ ба номи С. Айнӣ ҳуҷҷат супорида донишҷӯ шуд.
Баъди хатми факулта роҳбарияти донишкада ӯро дар кафедраи таърихи ИҶШС ба сифати ассистент ба кор қабул карданд. Ҳамин тавр, фаъолияти омӯзгории Н. Давлатбеков оғоз гардид. Ворид шудани артиши Шӯравӣ ба хоки Афғонистон ба фаъолияти педагогии устод Н. Давлатбеков низ таъсири худро расонд. Ӯро низ ҳамчун афсар дар ҳайати гурӯҳи таъйиноти махсуси Кумитаи амнияти давлатии ИҶШС ба Ҷумҳурии демократии Афғонистон фиристонданд.
Соли 1983 Н. Давлатбеков ба ватан баргашта, дар факултаи таърихи донишгоҳи азизаш ба фаъолияти омӯзгорӣ шурӯъ менамояд. Ӯ соли 1986 рисолаи номзадии худро ҳимоя намуда, пасонтар унвони дотсентиро соҳиб мегардад. Солҳои 1988 – 2003 иҷрои вазифаи мудири кафедраи таърихи халқи тоҷикро уҳда дошт. Мавсуф ҳамчунин, декани факултаи таърихи интихоб гардида, дар ин вазифаи пурмасъул фаъолият намуд.
Хизмати устод Н. Давлатбеков дар тарбияи мутахассисони касбии соҳаи таърих хеле назаррас аст. Устод муаллифи 2 асари илмӣ, 12 китоби дарсӣ-методӣ, 6 барномаву дастури таълимӣ ва зиёда аз 35 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ мебошад. Дар таълифоташ инъикоси дин ва расму оини тоҷикони болооби Панҷро дар таърихнигории рус баррасӣ намудааст. Дар эҷодиёташ, инчунин, таърихи афкори сиёсию ҷамъиятии халқи тоҷик мақоми махсус ишғол менамояд.
Асарҳои таълифнамудааш, аз ҷумла, «Инъикоси исмоилия дар Помир (дар асоси таълифоти муҳаққиқони тоинқилобии рус)», «Ақоиди тоисломии мардуми Помири Ғарбӣ», «Таърихи қадимтарин ва қадими халқи тоҷик», «Таърихи ибтидои давраи феодалӣ дар Осиёи Миёна» «Таърихи афкори ҷамъиятӣ-сиёсии халқи тоҷик» ва ғайра мебошанд.
Ба устод Ниёзбек Давлатбеков дар идомаи зиндагӣ ва корҳои таълимиву тарбиявиашон муваффақиятҳои навин таманно дорем.
Толибшоҳ Наҷмуддинов,
Фарҳод Мирзоев,
муаллимони калони ДДОТ
ба номи Садриддин Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр