Нашрияи Омӯзгор

Раҳнамо

Сана: 2019-05-01        Дида шуд: 759        Шарҳ: 0

Ҷумъа Шарифов соли 1939, 12 апрел - дар Рӯзи кайҳоннавардон ба дунё омадааст. Дуруст аст, ки фотеҳи кайҳон нашудааст, вале зина ба зина ба фатҳи қуллаҳои баланди илмӣ мушарраф шудааст. Зодбумаш деҳаи зебоманзари Чашмасорони (Қипчоқи пешина) ноҳияи Муъминобод ба ташаккули табъи саршори ӯ созгор афтодааст.

Азбаски дар деҳа муаллими математика намерасид, бар хилофи хоҳиши Ҷумъахон, ки муаллими забон ва адабиёти тоҷик шудан мехост, бародараш Ҳалим ӯро барои омӯзгори математика шудан ташвиқ намуд. Барои ҳамин ӯ сарпечӣ кардан аз хоҳиши бародари калониро, ки бо даргузашти падар сарпарасти оила буд, камоли беодобӣ ҳисобида, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи математикаи Донишкадаи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (ҳоло донишгоҳ) супурд. Имтиҳони аввалини қабул навиштани иншо аз адабиёти тоҷик буд. Ӯ дар мавзӯи «Мазмун ва мундариҷаи достони «Қишлоқи тиллоӣ»-и Мирсаид Миршакар» дар ҳаҷми 18 саҳифа иншои муфассал навишта, сазовори таҳсини устодон гардид. Ректор Ниёз Сафаров ӯро таклиф кард, ки ба факултаи забон ва адабиёти тоҷик гузарад, зеро чунин иншоро касе то ҳол нанавиштааст ва аз ӯ мутахассиси хуби ин фан мебарояд, вале ӯ дар факултаи математика касби камол карданро авлотар донист.

Ҷумъа Шарифов соли 1962 баъди хатми бомуваффақияти донишкада бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Комсомолобод (Нурободи ҳозира) ба ҳайси муаллими математика ба кор фиристода мешавад. Соли 1963 мудири шуъбаи физика ва математикаи Пажӯҳишгоҳи илмҳои омӯзгории Тоҷикистон Ҳ.Асадов ба Комсомолобод омада, ба се дарси Ҷумъа Шарифов ворид мегардад ва ба дарси ӯву дониши шогирдонаш баҳои баланд медиҳад. Ба директори мактаб Қиёмбек Одилбеков супориш медиҳад, ки номзадии Ҷумъа Шарифовро барои дар-ёфти нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон пешбарӣ намояд. Хушбахтона, Ҷ.Шарифови ҷавон бо ин нишон қадр мегардад. Баъдан Ҳ.Асадов барои дастраси ҳамагон  намудани таҷрибаи кории Ҷ.Шарифов таассуроташро аз дарсҳои мавсуф дар мақолаи «Як дарси геомет-рия дар синфи 8» дар маҷаллаи «Мактаби советӣ» (1963, июн) интишор менамояд.

Ҷумъа Шарифов шукргузор аст, ки маҳсули меҳнаташ  дар солҳои кораш дар мактаб-интернати ба номи К.Д.Ушинскийи ноҳияи Комсомолобод барабас нарафтаанд. Ифтихор мекунад, ки он солҳо ба Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева дар синфи 11, ба доктори илмҳои физика–математика, профессор Муҳаммадюсуф Юнусӣ дар синфҳои 10-11 ва ба доктори илмҳои филологӣ, профессор Шамсулло Исмоилов дар синфи 11 дарс гуфтааст.

Ҷумъа Шарифов ифтихорманд аст, ки ба ӯ шарафи кор бо котиби аввали Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, арбоби машҳури давлатӣ Турсун Улҷабоев, ки он вақт директори совхози зотпарварии ноҳияи Ғарм шуда кор мекард, насиб гардидааст.

Гирифториҳои рӯзгор ба Ҷумъа Шарифов имконият намедиҳанд, ки муддати мадид дар водии Рашт монад, зеро бо исрори модар Ҷумъа Шарифов хонадор мешавад. Муддате пас дотсент Холмурод Бӯйдоқов-директори мактаби коргарҷавонони рақами 15-и шаҳри Душанбе ӯро ба пойтахт барои кор даъват мекунад. Ӯ як сол рӯзона дар мактаби №55 ва шабона дар мактаби №15 кор мекунад. Соли 1966 ба шаҳри Кӯлоб, ба донишгоҳи хатмкардааш бармегардад. Аз омӯзгори одӣ то ба дараҷаи саромӯзгор, муовини декан, декани факулта ва мудири кафедра мерасад. Соли 1973 ба аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) дохил мешавад. Ба сабаби камчинии мутахассисони методикаи таълими математика бо маслиҳати Қосим Осимӣ ба шаҳри Москва меравад. Расиданаш ба Донишгоҳи давлатии Москва ба конфронси байналмилалии математикӣ рост меояд, ки рафти онро профессор А.Н. Колмогоров мебурд. Дар вақти танаффуси кори конфронс  бо олими машҳури соҳаи математика А.Н. Колмогоров шинос мешавад. Баъди фаҳмидани мақсади Ҷ.Шарифов, А.Н. Колмогоров ӯро ба назди шогирдаш Черкасов Ростислав Семёнович, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, мудири кафедраи методикаи таълими математикаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Москва ба номи В.И.Ленин, дар як вақт сармуҳаррири маҷаллаи «Математика в школе» мефиристад. Р.С.Черкасов ба Шарифов Ҷ. мавзӯи рисолаи илмӣ-таҳқиқотиашро таҳти унвони «Асосҳои методии таълими ҳалли масъалаҳои геометрӣ дар мактаби миёна» пешниҳод мекунад. Баъди пажӯҳишу ҷустуҷӯҳои зиёд ниҳоят соли 1980 Ҷумъа Шарифов дар шаҳри Маскав аз рӯйи ихтисоси методикаи таълими математика рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, ба дарёфти дараҷаи номзади илмҳои педагогӣ мушарраф мегардад.

Баъди чанд соли кор дар Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ соли 1987 раёсати донишгоҳ ӯро ба докторантура ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Моск-ва мефиристад. Дар мавзӯи «Асосҳои методии ташаккули малакаҳои кори мустақилонаи донишҷӯён дар ҷараёни таълим» таҳти машварати профессорон Р.С.Черкасов ва В.И.Мишин оид ба методикаи таълими математика ба тадқиқоти илмӣ шуғл меварзад ва соли 1990 корро ҷамъбаст менамояд. Гирифториҳои рӯзгор, мушкилоти иқтисодӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ба ӯ имкон намедиҳад, ки дубора ба Москва баргардад ва рисолаи докториашро дифоъ намояд. Фақат соли 1996 ба ӯ даст дод, ки рисолаашро барои дифоъ ба шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ пешниҳод намояд ва барои дар-ёфти дараҷаи доктори илмҳои педагогӣ ноил гардад.

Ба Ҷ.Шарифов имконияти ширкат ва гузориш дар зиёда аз 30 конфронсҳои байналмилалии шаҳрҳои Москва, Киев, Минск, Алма-ато, Тошканд ва монанди инҳо даст додааст. Беш аз 15 мақолааш дар маҷаллаҳои хориҷӣ ва зиёда аз 70 мақолааш дар маҷаллаҳои Тоҷикистон интишор шудааст. Муаллифи 57 рисолаву дастурҳо, аз ҷумла, се китоби дарсӣ ва 800 мақолаи илмию методӣ мебошад.

Ҷумъа Шарифов аз моҳи августи соли 2000-ум ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба кор даъват гардид. Солҳои зиёд вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими математикаро ба уҳда дошт. Айни ҳол профессори ҳамин кафедра аст. 

Мавсуф ба ҳайси раиси Шӯрои дифои рисолаҳои доктор PhD дар назди донишгоҳ аз рӯйи ихтисосҳои методикаи таълими фанҳои физика, информатика ва математика ифои вазифа менамояд ва дар омода кардани мутахассисони дараҷаи илмидор низ саҳми бориз дорад.

Устод Ҷ.Шарифов бо нишонҳои Аълочии маорифи Тоҷикистон,  Аълочии маорифи ИҷШС,  Аълочии мактабҳои олии ИҷШС, унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф қадршиносӣ шудааст.

Устодро ба шарафи 80-умин баҳори умраш табрику муборакбод намуда, барояш саломатӣ, хушбахтӣ ва дар корҳои эҷодиаш пешрафту барор таманно дорем.  

 

Шодиён Муҳаммад

СУЛТОНЗОДА,

 ректори ДДБ ба номи

Носири Хусрав,  профессор,

Ҳасани МУРОДИЁН,

 мушовири ректор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш