Нашрияи Омӯзгор

Донишбахшу маърифатафзо

Сана: 2019-05-01        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Дар силсилаи фанҳои таълимӣ дар мактабҳо фанни адабиёт мавқеъ ва аҳамияти махсус дорад. Онро барҳақ «китоби зиндагӣ», «оинаи ҳаёти башар» номидаанд.

Муҳаққиқон зери мафҳуми адабиёт мазмуни зеринро ёдрас кардаанд: 1) маҷмӯи донишҳо, ки инсонро бо таълифи назму наср аз содир кардани ғалатҳо эмин медоранд; фунуни адабӣ, 2) маҷмӯи осори хаттии халқе ё тамоми инсоният, 3) осори хатии ин ё он халқ, ки тарзи махсуси инъикосу маърифат дорад ва онро адабиёти бадеӣ низ мегӯянд.

Адабиёти бадеӣ аз дигар навъҳои адабиёт бо бадеият, ки шакли махсуси маърифату инъикоси ҳаёту воқеият мебошад, фарқ мекунад. Яъне, адабиёт як навъ санъати сухан аст. Дар олам халқу миллатҳои зиёде ҳастанд, ки адабиёти ғанию рушдёфта доранд ва он ба шуҳрати бештари ҷаҳонӣ дарёфтанашон мусоидат кардааст. Ба ин маънӣ, адабиёт муаррифи миллату давлат ҳам мебошад.

Адабиёти тоҷик чун яке аз адабиётҳои бостониву ғановатманду маъруфи дунё шинохта шудааст. Решаҳои он ба аҳди хеле қадим – асрҳои томилодӣ мерасанд. Пайдоишу такомули адабиёти тоҷик бо эҷодиёти шифоҳии мардумӣ иртиботманд аст. Ин адабиёт, ба эътирофи муҳаққиқон, дар асрҳои 9-10 ташаккул ёфт, заминаи устувор пайдо кард. Дар ин давра ба забони тоҷикӣ осори гуногуни хаттӣ, достону ҳамосаҳо, шеъру сурудҳо ва асарҳои арзишманди насрӣ эҷод шуданд. Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ адабиёти тоҷикро аз ҳар ҷиҳат – шаклу мазмун, муҳтаво, таркиб, гуногунии жанрҳо… вусъат бахшид, поягузорӣ кард. «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ғулғулаафкан дар ҷаҳон шуд. Бо осори безаволу мондагор ва пурмазмуни Саъдию Хайём, Ҳофизу Мавлавӣ, Низомию Ҷомӣ… адабиёти тоҷик дар арсаи олам бештар эътироф гашту обрӯ афзуд.

Дар даҳсолаи сеюми садаи ХХ адабиёти тоҷик ба марҳилаи дигар ворид гашт, ки ин ҳодиса бо ному эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ иртиботманд аст. Асарҳои ин адиби барҷаста «Ғуломон», «Дохунда», «Марги судхӯр», «Ёддоштҳо» чун намунаҳои барҷастаи насри ҷаҳонӣ шинохта шуданд.

Марҳилаи хеле ҷолиб ва пурвусъату самарбори адабиёти тоҷик пас аз солҳои 90-уми асри гузашта, яъне, баъди ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт…

Омӯзгори адабиёти тоҷикро мебояд, ки дар оғози ҳар соли таҳсил ба шогирдон оид ба таърихи адабиёт, марҳилаҳои  рушди он, адибони номвари тоҷик, нақши адабиёт дар ҷомеа, аҳамияти мунтазам мутолиа намудани асарҳои бадеӣ батакрор маълумот ироа намояд. Ин барои афзудаи таваҷчуҳ ва шавқу завқи хонандагон ба фанни адабиёт ва болоравии сатҳи саводу маърифату ҷаҳонбинии онҳо омили бағоят муҳим мебошад.

Моҳшариф Қаландарова,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш