Нашрияи Омӯзгор

Истеъдод бо ҳавас рушд меёбад

Сана: 2019-05-01        Дида шуд: 742        Шарҳ: 0

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ айни замон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44-и ноҳия ҷой дошта, хонандагонро аз тамоми ноҳия барои таълими босифат ва ташаккули дониш доир ба фанҳои гуногун аз қабили забонҳои русӣ, англисӣ, забони тоҷикӣ, математика, химия, биология, информатика ва ғайра дар равияҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ –гуманитарӣ гирд овардааст.

Бояд зикр намуд, ки дар соли таҳсили 2018-2019  ғайр аз олимпиадаҳои фаннии хонандагон байни синфҳои 9 то 11 боз олимпиадаи фаннӣ байни хонандагони синфҳои 5 то 8 низ баргузор гардид. Ин иқдом  бо ташаббуси бевоситаи директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳия  Рустам Сафаров ба роҳ монда шуд. Р.Сафаров бо хонандагон новобаста ба қобилияти зеҳниашон  суҳбату вохӯриҳо мегузаронид ва ба ҳар кадом маслиҳатҳои муфид медод. Дар маҷлису машваратҳо бо омӯзгорон, падару модарон ҳамеша таъкид менамуд, ки интихобро ба худи бачаҳо вогузор карда, мувофиқан дар дарсҳои иловагӣ иштирок намоянд. Яъне, на ин ки хоҳиши волидон, балки хоҳиши хонанда ин ҷо дар мадди аввал гузошта шавад, судмандтар аст. Ҳавасмандии хонанда ба касб ӯро ба мақсади ниҳоияш расонда, дар оянда соҳибмақом мегардонад. Бояд падару модарон ба пешаи интихобкардаи фарзандашон зид набаромада, шароит фароҳам оваранд, то ӯ ба таълими иловагӣ аз фанни дилхоҳаш ҷалб карда шавад. Вақте ки фарзанди мо касби дӯстдоштаи худро соҳиб мешавад, албатта, ӯ кадри баландихтисоси соҳаи худ мегардад. Ногуфта  намонад, ки аз синфи 5 сар карда, вақте мо хонандагонро ба олимпиадаҳо омода менамоем,  онҳо метавонанд дар давоми 5-6 сол ба муваффақият ноил гарданд. Қобили зикр аст, ки хонандагони боистеъдод вақте таълими  иловагӣ мегиранд, аксаран дар олимпиадаҳо иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.

Шаҳноз МУҲАММАДИЕВА,

омӯзгори мактаби  №44-и

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш