Тарбияи насли наврас самтҳову ҷанбаҳои гуногун дорад ва ҳама муҳиму манфиатборанд. Дар ин росто, тарбияи нав-расону ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба касбу ҳунар, дар ниҳоди онҳо парваридани меҳри ҳунар ва ҳидоятсозии онҳо ба пешаварӣ дар ҷараёни фаъолияти омӯзгорон (маъмурият, роҳбарони синфҳо, мураббиён) мавқеи муҳим дорад.
Дар оянда шогирдони мо дар ҷомеа чӣ мавқее пайдо мекунанд, ба халқу Ватани худ чӣ манфиате мерасонанд, дар кадом сатҳ зиндагӣ ба сар мебаранд, ин ҳама, махсусан, аз касбу ҳунаромӯзии онҳо вобас-та аст. Ҳунар дари хушбахтиро ба сӯи ҷавонон боз мекунад, рӯзгорони онҳоро саодатмандона ва фараҳбору пурсамар менамояд. Ба ин маънӣ Низомии Ганҷавӣ шоҳбайте дорад:
Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ
Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ!
Аз ин рӯ, омӯзгоронро мебояд, ки ҳар чӣ бештару барвақттар ба тарғиби касбу ҳунар дар байни шогирдон таваҷҷуҳ намоянд ва дар ин самт аз воситаҳои гуногуну муассири таълиму тарбия ба таври васеъ ва ҳадафгир истифода баранд. Барои ин ба устодон дарсҳои муқаррарӣ (аз ҳамаи фанҳо), дарсҳои тарбиявӣ, маҳфилу конфронсҳо, вохӯриву ҳамоишҳо, ҷашнвораву мусобиқаҳо имконоти зиёд фароҳам меоваранд. Дар ин миён имкониятҳои дарсҳои тарбиявӣ ва вохӯриҳо бо одамони шуҳратёри гуногунпеша бештаранд. Салоҳ дониста мешавад, ки дар ҳар соли таҳсил ду-се дарси тарбиявӣ махсус ба тавсифи касбу ҳунарҳо ва таъкиди аҳамияту моҳияти онҳо бахшида шавад. Дар ҳамаи чунин дарсҳо бояд мазмуни зер дар меҳвар бошад: ҳамаи касбу ҳунарҳо хубу даркорианд, онҳоро набояд ба якумдараҷаю дуюмдараҷа, «паст»-у «баланд», сердаромаду камдаромад ва мисли инҳо ҷудо кард. Гуфтаанд, ки «На ба мансаб бувад баландии мард, Балки мансаб бувад ба мард баланд». Яъне, ҳар ҳунарро соҳиби он обрӯ мебахшад, касби пуршараф ва зарурӣ мекунад. Аз ҷониби дигар, интихоби касб ба шавқу ҳавас, имконоти маънавию ҷисмонӣ, тақозои муҳит, заруриятҳои ҷомеа вобастагӣ дорад. Омӯзгор ин ҳамаро бояд дар мадди назар дошта бошад. Масалан, ба истиқлолият расидани Тоҷикистони азизамон масъалаеро ба миён гузошт, ки минбаъд дар кишвар ба тарбияи сиёсатмадорони шоиста, иқтисоддонҳои мумтоз, дипломатҳои варзида, донандагони забонҳои хориҷӣ… диққати махсус дод шавад, чунки ҷумҳурии мустақил ба ин гуна мутахассисон эҳтиёҷи зиёд дорад. Ё худ, бунёди силсилаи неругоҳҳои барқии обӣ, махсусан, НБО-и Роғун зарурати тарбияи мутахассисони баландсатҳи соҳаи энергетикаро ба миён гузошт. Ҳоло ҷавонони зиёде дар ин иншооти азими аср заҳмат мекашанд ва комёбии онҳо вобаста аз он аст, ки ҳунареро, касбу пешаеро дар чӣ сатҳ омӯхтаанду то кадом дараҷа мумтозанд.
Ҳунаромӯзӣ муҳимтарин ҷараёни ҳаёти ҷавонону наврасон аст, ки ҳам аз таваҷҷуҳи волидону устодон ва ҳам аз ҷидду ҷаҳди худи онҳо вобастагии қавӣ дорад. Хушбахтона, дар кишвари мо оид ба ин масъала барои аҳли таълиму тарбия дастуру китобу рисолаҳои зиёде ба нашр расидаанд.
Аз ин гуна мавод дар ҷараёни фаъолияти хеш дар таълимгоҳҳо истифода намудани омӯзгорон, махсусан, роҳбарони синфҳо муҳимтарин омили комёбии онҳост. Дар охир моҳияти ҳунармандию ҳунаромӯзиро боз бо як байти дигар таъкид мекунем:
Ҳунарманд ҳар ҷо бувад
сарфароз,
Куҷо боҳунар шуд асири ниёз.
Баёт КОМИЛОВ,
мудири шуъбаи таҳсилоти
ибтидоии касбии коллеҷи
муҳандисӣ – омӯзгории
ноҳияиҶаббор Расулов
Иловакунӣ
Иловакунии фикр