Нашрияи Омӯзгор

12335 нафар сабти ном шуданд

Сана: 2018-04-20        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Соли ҷорӣ тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти шумораи умумии хатмкунандагони соли 2018 бо мақсади дастрасии баробар бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2018 дар 38 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ 42 нуқтаи доимии бақайдгирӣ, аз ҷумла, 8 нуқтаи бақайдгирии довталабон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ташкил ва бо тамоми шароитҳои лозимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.  Зимни суҳбат Искандар Сайдалиев,  мутахассиси нуқтаи бақайдгирии 034-и дар шаҳри Кӯлоб оид ба  натиҷаҳои бақайдгирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар минтақаи Кӯлоб аз 1-уми март то 6-уми апрел иттиллоъ дод, ки  аз теъдоди умумии хатмкунандагони соли хониши 20172018, ки зиёда 19949 нафарро ташкил медиҳанд, 12335 нафар  ё худ 63,4% -и хатмкунандагон ба қайд гирифта шудаанд. Дар соли таҳсили  2017-2018  дар шаҳри Кӯлоб 2629 нафар, ноҳияи Балҷувон 287 нафар, Восеъ 2331 нафар,  Данғара 1572 нафар, Муъминобод 807 нафар, Темурмалик 758 нафар, Фархор 1744 нафар, Ховалинг 234 нафар, Мир Сайд Алии Ҳамадонӣ 1345 нафар, ва Ш.Шоҳин 628 нафар довталаб дар нуқтаҳои бақайдгирӣ сабти ном шудаанд. Шумораи довталабони бақайдгирифташуда дар доираи  гурӯҳи ихтисосҳои 1- ум  1865 (15%) нафар,  ба гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм 2079 (16,8%) нафар, ба гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм 2386 (19,3%) нафар, ба гурӯҳи ихтисосҳои 4- ум 1506(12,2%)  нафар ва ба гурӯҳи ихтисосҳои 5- ум 4493(36,4%) нафарро ташкил медиҳанд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш