Агар баҳои додаи устод ба донишу қобилияти дарсазхудкунии шогирд мусбат бошад, он гоҳ дар шогирд хоҳиш ва майли бештари омӯзиш пайдо мешавад. Яъне, ӯ аз иҷрои супоришҳо ва вазифаҳои пешниҳоднамудаи омӯзгор қаноатманд ва рӯҳбаланд мешавад.
Ин ҳолат ба боварӣ ба имкониятҳои худ ва ба худбаҳодиҳии объективии хонанда оварда мерасонад. Дар ҳолати такрор шудани чунин баҳогузорӣ боиси пайдошавии боҷуръатӣ ва саъю кӯшиши бештари хонанда мешавад, ки дар навбати худ ин ҳолат ба ташаккули шахсияти шогирд таъсири мусбат мерасонад.
Дар масъалаи меъёрҳои баҳогузорӣ дар байни психологҳо мулоҳизарониҳои гуногун ба чашм мерасад. Меъёрҳои баҳогузориро метавон дар ибтидои иҷрои супориш, дар байн ва охир ба шогирдон пешниҳод намуд. Ҷавобҳои худро таҳлил ва муҳокима намуда, ба имконият ва ғайрати худ баҳои объективӣ диҳанд. Чунин тарзи баҳогузории омӯзгорон ба хонандагон нишон медиҳад, ки онҳо мустақилона метавонанд сатҳу сифати донишомӯзии худро муайян намоянд. Баҳои гирифтаи хонанда бояд характери объективӣ дошта бошад, зеро хонандагон метавонанд мустақилона ба фаъолияти донишандӯзиашон баҳогузорӣ намуда, аз устоди худ барои баҳои паст монданаш домангир нашаванд.
Дар сурати халалдор гардидани меъёр ва қоидаҳои баҳогузорӣ дар байни устод ва шогирдон ҳисси нобоварӣ пайдо мешавад. Имрӯзҳо психологҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ шоҳиди он мегарданд, ки қариб ҳар рӯз хонандагон ба наздашон ба машварати психологӣ омада, шикоят аз баҳоҳои субъективӣ ва беадолатонаи муаллимон менамоянд.
Мушоҳидаҳо, суҳбат ва тадқиқотҳои олимон нишон доданд, ки яке аз сабабҳои асосии давомоти пасти хонандагон ин баҳои субъективии омӯзгорон мебошад. Аз нигоҳи илми психология ва тадқиқотҳои гузаронидашуда лозим аст, ки омӯзгор ба диққати хонандагон бояд расонад, ки барои иҷрои кадом супориш чӣ гуна баҳо гузошта мешавад. Ин меёърҳои пешниҳодшуда имкон медиҳад, ки хонандагон кори кардаи худро худбаҳодиҳӣ намуда, ба фаъолияти якдигарӣ баҳогузорӣ намоянду баҳои худро бо баҳои муаллим қиёс намуда, ба объективии баҳо боварӣ ҳосил намоянд. Агар баҳои хонанда бо ҳамин шева гузошта шавад, он гоҳ боварӣ ҳосил менамояд, ки барои баҳои хубу аълоро соҳиб шудан мебояд бештар кӯшиш намуда, дорои дониш, маҳорат ва малакаи зиёд гардад.
Моҳирабону Даминова,
корманди ДҶТИБКСМ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр