Нашрияи Омӯзгор

Инкишофи ҷисму рӯҳ бо ҳам тавъаманд

Сана: 2019-05-01        Дида шуд: 760        Шарҳ: 0

Мураббиёнро мебояд баҳри ташаккули нутқи шифоҳии кӯдакони синни томактабӣ афсона, ҳикоя, ривоят, панду насиҳат, ҳикмат, зарбулмасалу мақол, шоҳбайтҳои бузургон ва бозиҳои дидактикиро, ки мазмуни ахлоқию тарбиявӣ ва таълимӣ доранд, ҷамъ оварда, ба маврид истифода баранд.

Инкишофи ҷисму рӯҳ бо ҳамдигар тавъаманд. Аз ин рӯ, инкишофи нутқи кӯдакони синни томактабӣ яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои томактабӣ мебошад. Тифли солим дар давраи аввали кӯдакӣ овозҳои гуногуни кӯдакона бароварда, сипас садонокҳо ва ҳиҷоҳои алоҳидаро талаффуз кардан мегирад. Кӯдакон  бештар хиҷоҳои алоҳидаи ма, ба, на, ва, са, ам, те ва ғайраро осонтар ва зудтар ёд мегиранд. Нутқи кӯдакон дар ҷараёни муносибат ва суҳбат бо калонсолон, падару модарон ва хешовандон ташаккул меёбад. Инкишофи нутқ имконият медиҳад, ки захираи луғавии хурдсолон ғанӣ гардад.

Яке аз усулҳои фаъолгардонии кӯдакон ҳангоми машғулиятҳои инкишофи нутқ ташкил ва пурмазмуну самаранок гузаронидани бозиҳо мебошад. Мувофиқи ақидаи равоншиносон ҳангоми бозӣ ҳолатҳои психологии кӯдак пурра таҷассум меёбанд. Диққат, хотир, хаёл, идрок, ирода, тафаккури кӯдак ташаккул ёфта, кӯшиш менамояд, ки зиракию чолокии худро нишон диҳад. Тифлон ҳини бозиҳои дидактикӣ калимаи наву ношиносро мешунаванду маънои онҳоро аз худ мекунанд. Байни бозӣ ва ташаккули нутқи кӯдакон робитаи қавӣ мавҷуд аст. Аз як ҷиҳат дар ҷараёни бозӣ нутқи фаъол инкишоф меёбад.

Хусусиятҳои психологӣ ва аҳамияти бозиҳои таълимӣ дар он аст, ки диққати хурдсолонро аз парокандашавӣ боз медорад. Самаранокии бозии таълимӣ ё дидактикӣ ҳамон вақт маьлум мешавад, ки дар машғулиятҳо бозичаҳои гуногун, тасвирҳои мазмундор, сурати ашё ва ҳоказо истифода бурда шаванд. Бозиҳои дидактикӣ ё таълимӣ дар ҳамаи машғулиятҳо гузаронида мешаванд. Хусусан, бозиҳои мусиқию дидактикӣ кӯдаконро ба дарки садоҳои баланд талқин менамояд. Бинобар ин, дар давраи якуми хурдсолӣ гузаронидани онҳо хеле хуб мебошад. Бозиҳои дидактикӣ бояд аз рӯйи аломатҳои муайян (ранг, шакл, андоза ва ғайра) ба роҳ монда шавад. Шавқи кӯдаконро ба бозӣ ва бозичаҳо бедор кардан лозим аст. Масалан, тартиб додани манора аз ҳалқаҳои торафт хурдшаванда (ё баръакс калоншаванда) ва андозаҳояшон гуногун диққати бачаҳоро ба машғулият ҷалб мекунад. Ба бачаҳо дар бозиҳо фаъолона иштирок намуданро бояд ёд дод.

Дар вақти гузаронидани бозиҳои дидактикӣ дуруст истифода кардани шаклҳои грамматикӣ дар нутқи шифоҳӣ омӯзонида мешавад. Кӯдакон сараввал бо ёрии мураббия ва минбаъд мустақилона тартиб додани ҷумлаҳои сода ва мураккабро ёд мегиранд.

Ш. Зиёева,

мураббии ширхоргоҳ-кӯдакистони

№2-и ноҳияи Рӯдакӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш