Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конф-ронси илмӣ-амалӣ бахшида ба ёдбуди профессор Арслонбек Ғозибеков баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода иброз дошт, ки устоди равоншод Арслонбек Fозибеков намунаи беҳтарин омӯзгори асил, олими шинохта, роҳбари боистеъдоду инсони нексиришт буданд. Маҳз бо ибтикор ва фаъолияти ин марди наҷиб Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиё-сати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ташкил ёфт.
Дар идомаи ҳамоиш маърӯзаи М.Дониёров таҳти унвони “Лаҳзаҳо аз ҳаёт ва фаъолияти профессор А. Ғозибеков” шунида шуд. Қайд гардид, ки бо ташаббус ва талошҳои ин марди маорифпарвар дар ҷумҳурӣ нуқтаи таълимӣ – машваратии Донишкадаи кооперативии Самарқанд (1978), факултаи ғоибонаи Донишкадаи кооперативии Самарқанд (1982), филиали душанбегии Донишкадаи савдои кооперативии шаҳри Новосибирск (1987), бахши хуҷандии Донишкадаи давлатии кооперативӣ - тиҷоратии Тоҷикистон (1993) ташкил ёфтанд.
Бисёр дастовардҳое, ки ДДҲБСТ дар солҳои душвори 90-ум ба даст овард, ба номи нек ва қобилияти ташкилотчигии ин инсони хирадманд вобаста аст.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр