Дар дарсҳои адабиёт вобаста ба барномаи таълимӣ омӯзиши назарияи адабиёт, санъатҳои бадеӣ, навъҳои осор ва истилоҳоти адабӣ амалӣ карда мешавад.
Баъзан ба мушоҳида мерасад, ки омӯзгорон ба масоили марбут ба назарияи адабиёт чандон эътибор намедиҳанд. Аслан, ин бахши омӯзиши адабиёт хеле муҳим ва муфид аст. Донистани назарияи адабиёт (дар сатҳи барои хонандагон мувофиқ) диққат ва шавқи шогирдонро ба омӯзиши адабиёт бештар мекунад, гиреҳҳои фаҳми асари бадеиро барояшон боз месозад, ҳусни баён ва ҳунари эҷодашонро равнақ мебахшад ва доираи назарашонро аз фанни адабиёт фарохтар менамояд. Ин гуфтаҳоро метавонем дар мисоли яке аз навъҳои эҷоди бадеӣ – масал собит намоем.
Масал, ки калимаи арабист, маънои тасвиру таҷассум, нақш бозидан, монанд кардан, муқоиса, мисол ва амсоли инҳоро дорад. Он ҳамчун як намуди ҷинси эпикӣ шинохта мешавад ва ғолибан дар шаклҳои хурди назм ё наср эҷод мегардад. Масал ҳикояти хурди ҳикматомӯз, шеъри ибратбахш, қисса ё афсонаи кинояомез мебошад. Дар масалҳо хулқу атвор, рафтору кирдор ва муносибатҳои гуногуни инсонӣ дар образҳои ҳайвонот ва ашёи мухталиф нишон дода мешаванд.
Асоси масал ташхис мебошад. Дар масал хулосаи фикр, матлаб бештар дар поёни он меояд. Дар масалҳо образи инсонҳо низ ба мушоҳида мерасад.
Машҳуртарин масалнависони адабиёти бостон Эзоп (Юнон, асрҳои VI-V то милод), Федр (Рим, асри 1 милод) шинохта шудаанд. Яке аз шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳон, ки «Панҷатантра» ном дорад, тамсилӣ буда, масалҳои зиёдеро дар бар мегирад. Мувофиқи ривоятҳо, муаллифи ин асари барҷаста Биптай ном хирадманди ҳиндӣ буда, онро ба забони ҳиндии қадим (санскрит) дар асри III мураттаб сохтааст. Дар асри VI бо супориши шоҳи Сосонӣ Анӯшервони Хусрав Барзу ном шахси маърифатоин «Панҷатантра»-ро аз Ҳиндустон ба Эронзамин оварда, ба забони паҳлавӣ (порсии миёна) тарҷума мекунад. Пасон ин асарро Абдулло ибни Муқаффаъ бо номи «Калила ва Димна» ба забони арабӣ баргардон менамояд. Ин асар бо номи мазкур ба забони тоҷикӣ низ борҳо чоп шудааст.
Дар адабиёти классикии тоҷик дар осори Носири Хисрав, Низомӣ, Саноӣ, Аттор, Мавлавӣ, Ҷомӣ, Саъдӣ… намунаҳои мурғуби масалҳо ба назар мерасанд. Дар адабиёти муосири тоҷик низ анъанаи масалнависӣ идома дорад.
Ҳангоми дарси адабиёт намунаҳо аз масалҳо овардану маънои онҳоро шарҳ додан, дар атрофи мақсаду аҳдофи муаллифи масал баҳс орос-тан ва вобаста ба мазмуни масалҳои алоҳида саҳначаҳо намоиш додан (дар иҷрои хонандагон) хеле муфиду таъсирбахш хоҳад буд.
Мушарраф АБДУЛЛОЕВА,
омӯзгори забон ва адабиёт
Иловакунӣ
Иловакунии фикр