Нашрияи Омӯзгор

Физика – калиди муаммоҳо

Сана: 2019-05-01        Дида шуд: 761        Шарҳ: 0

Таҷрибаҳои физикавиро бо ёрии истакон, қалам, мех, гӯгирд, қуттии тунукагӣ, картон, коғаз, об, шона, тухм ва бисёр чизҳое, ки дар ихтиёри шумо мебошанд, гузаронидан мумкин аст. Вақте ки хонандагон ба омӯхтани физика дар муассисаи таълимӣ шурӯъ мекунанд, ин фан ба онҳо дигар асрорангез наменамояд.

Масалан, ҳар кадоме аз мо мушоҳида кардем, ки агар ҷисмҳо ба ягон чиз дошта нашаванд, ба замин меафтанд. Дар физика ҳар гуна ашё - чӯб, санг, оҳан, об, ҳаво, қалам ва ғайраҳо мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Модда чизест, ки ҷисм аз он таркиб ёфтааст. Об модда буда, чакраи он ҷисми физикӣ аст. Қошуқи алюминӣ ҷисми физикист. Олимон низ донишҳоро аз мушоҳидаҳо ҳосил мекунанд. Моддаҳо аз зарраҳои хеле хурд таркиб ёфтаанд. Олими Юнони қадим Демокрит ҳанӯз 2500 сол пеш аз ин тасдиқ карда буд, ки моддаҳо аз атомҳо иборатанд.  Агар аз сӯрохии хурд сонияе як миллион молекула гузарад, он гоҳ миқдори молекулаи дар боло нишондодашуда  пас аз 840000 сол хориҷ мешавад. Яке аз асосгузорони таълимоти сохти молекулавии модда, олими рус М.В.Ломоносов мебошад. Суолҳои шавқовари муаммоомези физикӣ бисёранд.

Дар зер намунаи онҳоро меорем.

- Чаро дуд ҳама вақт ба боло мебарояд?

Сабаб дар он аст, ки ҳавои гарм назар ба ҳавои хунук ҳамон як ҳаҷмро ишғол карда, сабуктар аст, ҳавои гарм доимо ба боло мебарояд ва ҳавои хунук ба поён мефарояд.

- Оё медонед, ки барои чӣ дар дохили истаконҳои шишагин қошуқчаи металлӣ монда, баъд ба он оби ҷӯш мерезанд?

- Агар ба истакон оби ҷӯш резем, истакон шикастанаш мумкин. Барои онро пешгирӣ кардан ба дохили истакон қошуқчаи металлӣ мегузоранд.  Як қисми гармии оби ҷӯш ба қошуқча гузашта, дараҷаи ҳарорати оби ҷӯш паст мешавад ва истакон намешиканад.

- Дар кадом чойник об тез меҷӯшад? Дар чойники куҳнаи сиёҳшуда ё дар чойники нави сафед? – мепурсанд аз шумо.

Дар чойники куҳнашудаи сиёҳ, - мегӯед. - Барои чӣ?

- Барои он ки ин гуна чойник гармиро назар ба чойники сафед нағз мегузаронад. Дар чойники сиёҳшуда оби ҷӯш тез хунук мешавад, аммо дар чойники сафед об муддати дароз гарм меистад. Ҳамин тавр, омӯзгорони физика метавонанд дар дарсу корҳои беруназсинфӣ ва шабнишиниҳои физикӣ ба кори мустақилонаи хонандагон диққати ҷиддӣ дода, усулҳои гуногуни истифодаи таҷрибаву муаммоҳои физикиро ҷустуҷӯ намоянд.

Азизулло Абдулҳаев,

омӯзгори физикаи мактаби

№24-и ноҳияи Фирдавсӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш