Нашрияи Омӯзгор

Рақамҳо ва дарки мураккаби вазъи экологӣ

Сана: 2019-05-01        Дида шуд: 757        Шарҳ: 0

Дар рӯи Замин соле то 100 миллиард тонна ҷинсҳои кӯҳӣ истихроҷ, 800 млн. тонна фулузоти гуногун гудохта, 500 млн. тонна нуриҳои минералӣ ва 3 миллиард тонна маҳсулоти нафтӣ истифода мешавад.

Ин аст, ки танҳо дар давоми солҳои 1960-90 гази карбон дар таркиби атмосфераи Замин 5% афзудааст. Ба ақидаи баъзе мутахассисон ин афзоиш амалан бештар аст, зеро солҳои охир аз ҳисоби сӯхтани сӯзишвориҳои маъданӣ 400 млрд. тонна гази карбон вориди атмосфера шудааст. Ғайр аз ин, азбас-ки корхонаҳои саноатии имрӯза то 90% партовҳои истеҳсолӣ доранд, дар вазъи ногувори экологии сайёра шаке нест.

Бонги изтироби зиёди ҷомеа нисбат ба хавфи экологии истгоҳҳои барқи атомӣ ба ҳамагон маълум аст. Ин ҷо барои қиёс қайд кардан бамаврид аст, ки мувофиқи маълумоти Агентии байналмилалии (истифодаи) энергияи атом (МАГАТЭ) то ибтидои соли 1984 дар рӯи Замин 300 истгоҳи барқи атомии амалкунанда ба ҳоҷагии халқ ҳамаги 8% энергияи барқ медоданд. Саҳми истгоҳҳои барқии обӣ аз ин ҳам камтар (1,4%) аст, ки ба ин истифодаи манбаҳои гейзерӣ ва дастгоҳҳои бо мадду ҷазр амалкунанда низ дохиланд.

Пас, талаботи ба энергия доштаи аҳолии рӯи Замин асосан аз ҳисоби сӯзиши ангиштсанг (45,9%) ва газу маҳсулоти нафтӣ (35,8%) қонеъ мегардад. Барои тасаввур кардани ҳаҷми истеҳсолу истифодаи имрӯзаи ин сӯзишвориҳо ба эътибор гирифтан лозим аст, ки нисбат ба ибтидои аср (с. 1900-1,5 млрд.аҳолӣ) энергияи истеъмолии ҳар нафар аҳолӣ дар миёнаи аср (с.1950-2,3 млрд.) 2,6 бор ва дар охир (с.2000-6 млрд.) 8 бор афзудааст. Яъне талаботи энергетикии аҳолии имрӯзаи рӯи Замин нисбат ба ибтидои аср қариб 27 маротиба зиёд аст. Мувофиқи вердикти шоҳи Англия (с. 1273) ҳатто барои бо ангиштсанг гарм кардани манзили истиқоматӣ ҳукми қатл мебароварданд. Вале дар натиҷаи истифодаи бебаркаши ин навъҳои анъанавии сӯзишворӣ дар 50 соли охири асри ХХ оксигени таркиби атмосфераи Замин 246 млрд. т.(ё 0, 02%) кам шудааст ва тахмин мекунанд, ки то соли 2060 микдори гази карбон (ҳоло 0,034% аст) ду баробар меафзояд. Камбудии оксиген, пеш аз ҳама, дар фаъолияти майна ҳис мешавад, зеро нисбат ба узвҳои дигари инсон вай оксигенро 30 бор бештар истеъмол мекунад.

Аз муоинаи ин рақамҳо дарки мураккабии вазъи экологии имрӯза душвор нест. Бисёр масъалаҳои марбутро дар сатҳи давлатӣ ва бо ҷустуҷӯи чораҳои амаливу муштараконаи кулли давлатҳо ҳал кардан мумкин аст, вале дастгирию кӯшиши ҳамаҷонибаи ҷомеа шарти ҳатмист. Тақозои айёми мо чунин аст, ки аз ҳонандаи мактаб то ходими давлатӣ ҳама ниёзманди тарбия ва саводи экологианд, зеро ҳар яке дар тозагиву ифлос накардани муҳити зист на танҳо саҳми мувофиқ гузошта метавонад, балки дар ин кор бояд худро масъул ҳисобад.

 

Робиямо САИДОВА,

омӯзгори биология

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш