Номгӯи мавзӯъҳои намунавӣ барои бахшҳои машварати августии кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019
Масъалаҳои муҳими рушди маориф
1. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ислоҳоти соҳаи маорифи кишвар.
2. Муваффақият ва дастовардҳои аҳли маориф дар асоси дастуру нишондоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Гузариш ба муносибати босалоҳият дар таълим: моҳият, дастовард ва мушкилоти мавҷуда дар ин самт.
4. Таҳлили вазъи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия (шаҳр) дар соли таҳсили 2018 - 2019 ва вазифаҳо барои соли таҳсили 2018 - 2019 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
5. Талаботи асосии демократикунонии ҷараёни таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ.
6. Нақши оила, муассисаи таълимӣ ва АВО дар таълиму тарбияи хонандагон ва ташаккули шахсияти онҳо (тибқи нишондоди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»).
Мудир ва мушовирони кабинетҳои методии шуъбаҳои маориф
1. Муносибати босалоҳият дар амалияи таълим: роҳҳои рушди салоҳиятҳои асосӣ ва байнифаннӣ (аз таҷриба).
2. Банақшагирии мавзӯъҳои семинар - машваратҳои дастурдиҳӣ барои омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф дар кабинети методии шуъбаи маориф.
3. Таҳлили ҷанбаҳои асосии методикаи таълими фанҳо дар муносибати босалоҳият ба таълим.
4. Роҳ ва усулҳои гузаронидани санҷишҳои тестӣ ва нақши он дар баланд бардоштани сифати дониш, малака ва маҳорати хонандагон.
5. Гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим, дастовард ва мушкилоти мавҷуда.
6. Роҳу усулҳои баҳодиҳӣ ба дарси омӯзгор тибқи нишондоди муносибати босалоҳият ба таълим (аз таҷриба).
7. Роҳ ва усулҳои асосии омӯзиш, ҷамъбаст ва тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгорон (аз таҷриба).
8. Истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар раванди дарс ва афзалияти он дар беҳтар гардидани сатҳ ва сифати таълим.
Директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
1. Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим, дастоварду мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли он.
2. Тартиби ташкил ва гузаронидани аттестатсияи омӯзгорони муассисаи таълимӣ ва аҳамияти он дар рушди маҳорати касбии онҳо.
4. Истифодаи технологияи нави таълим дар раванди машғулиятҳои таълимӣ.
5. Фаъолияти муназзами хадамоти методӣ - омили асосии суботи раванди таълим.
6. Мавқеи истифодаи навъҳои арзёбӣ (ташхисӣ, ташаккулдиҳанда, ҷамъбастӣ) дар таълими муносибати босалоҳият.
7. Муносибати босалоҳият дар амалияи таълим: роҳҳои рушди салоҳиятҳои асосӣ ва байнифаннӣ.
8. Омӯзиши роҳҳои фаъолгардонии хонандагон дар ҷараёни дарс.
9. Идоракунӣ ва нақши роҳбари мактаб дар муҳайё намудани муҳити мусоиди корӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳавасмандии кормандон.
10. Дастгирии педагогӣ дар омодасозии муҳити мувофиқ барои татбиқи усулҳои ҳамкорӣ дар таълим.
11. Мақомоти худидора: роҳ ва усулҳои самарабахши гузаронидани Шӯрои педагогӣ ва дигар ҷаласаҳо.
12. Истифодаи мақсадноки лоиҳаҳои хурд ва соатҳои бахши иловагии нақшаи таълимӣ - омили асосии рушди сифати таълим, ғанӣ гардидани буҷа ва ҳалли мушкилоти муассисаҳои таълимӣ.
13. Бурду бохти низоми маблағгузории сарикасӣ
14. Истифодаи оқилонаи сарчашмаҳои ғайрибуҷавӣ (аз таҷриба).
Муовинони директор оид ба корҳои таълим
1. Иштирок дар дарси омӯзгор ва тарзи таҳлили он тибқи нишондоди муносибати салоҳиятнок ба таълим (аз таҷриба).
2. Нақши муовини директор оид ба таълим дар риояи талаботи илмию методӣ ҳангоми тартиб додани ҷадвали дарсӣ (аз таҷриба).
3. Роҳҳои бедор намудани шавқу завқи хонандагон ба адабиёти бадеию иттилоотӣ.
4. Арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар раванди таълим.
5. Нақши Ассотсиатсияи волидону омӯзгорон (АВО) дар рушди заминаи моддӣ - техникӣ ва кадрии муассисаҳои таълимӣ.
6. Таҳлили фаъолияти роҳбарони иттиҳодияҳои методии муассисаи таълимӣ дар соли таҳсили 2018 - 2019 ва вазифаҳо дар соли нави таҳсил.
8. Назорати дохилимактабӣ - омили асосии такмили раванди таълиму тарбия.
9. Ташкил ва натиҷагирӣ аз дониш, маҳорат, малака ва самаранокии таълим бо усули тестӣ (аз таҷриба).
10. Афзалияти таълими салоҳиятнок аз таълими анъанавӣ ё муқаррарӣ.
11. Истифодаи усули ҳамкорӣ дар таълими салоҳиятнок.
12. Кабинети методӣ - маркази асосии пешбурди кори хадамоти методӣ (аз таҷриба).
13. Нақши Шӯрои методӣ ва иттиҳодияҳои методӣ дар баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, сифати таҳсилот ва сатҳи дониши хонандагон.
14. Тартиби таҳлил ва баҳогузорӣ ба сифати дониш, малака ва маҳорати хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ.
15. Саҳми кабинети методӣ дар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва инкишофи неруи зеҳнию ақлонии хонандагон (аз таҷриба).
16. Вазъи кунунии фаъолияти хадамоти методии муассисаҳои таълимӣ.
Муовинони директор оид ба
корҳои тарбия
1. Мавқеи муовини директор оид ба корҳои тарбия дар тарбияи ҳуқуқии хонандагон.
2. Саҳми оила ва муассисаи таълимӣ дар ташаккули шахсияти кӯдак.
3. Тарбияи хонандагон дар асоси нишондоди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
4. Роҳҳои рушди сифатҳои худбаҳодиҳии хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ.
5. Тарзи гузаронидани чорабиниҳои беруназсинфӣ ва аҳамияти онҳо дар рушди ҷаҳонбинию ахлоқии хонандагон (аз таҷриба).
6. Низоми тарбияи меҳнатдӯстии хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ (аз таҷриба).
7. Нақши муовини директор оид ба корҳои тарбия дар самти ҷалби хонандагон ба интихоби касб (аз таҷриба).
8. Роҳу усулҳои омӯзишу тарғиби таҷрибаи пешқадами роҳбарони синф (аз таҷриба).
9. Мафҳум, мақсад ва заминаҳои тарбияи худогоҳӣ, худшиносии хонандагон дар асоси талаботи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
10. Ҳамкории педагогии муовини директор оид ба корҳои тарбия бо падару модарон - омили асосии тарбияи ахлоқию маънавии хонандагон.
11. Нақши ҷомеа дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд».
Равоншиносони муассисаҳои таълимӣ
1. Саҳми равоншиноси мактаб дар ташаккули қобилияти зеҳнии хонандагон (аз таҷриба).
2. Асосҳои психологии муътадилгардонии муносибатҳои байниҳамдигарии хонандагон ва падару модарон.
3. Омилҳои пайдоиши зуҳуроти манфӣ дар кӯдак ва роҳҳои бартарафсозии он.
4. Нақши равоншиноси мактаб ва саҳми шахси бонуфузи маҳал дар инкишофи тафаккури зеҳнии хонандагон.
5. Роҳ ва усулҳои пешгирии қонунвайронкунӣ ва косташавии ахлоқи наврасону ҷавонон.
6. Хусусиятҳои психологии хонандагони синну соли хурди мактабӣ ва роҳҳои таълиму тарбияи онҳо.
7. Заминаҳои психологӣ ва педагогии рушди тафаккури инноватсионии наврасону ҷавонон дар раванди истифода аз технологияи муосири таълим.
8. Хусусиятҳои психологии хонандагони синну соли миёнаи мактабӣ ва усулҳои таълиму тарбияи онҳо.
9. Нақши китоб дар ташаккули зеҳнияти хонандагони хурдсол.
10. Ташаккули шавқу ҳавас ва донишандӯзии хонандагон дар раванди таълим.
11. Истифодаи роҳҳои фаъолгардонии хонандагон дар ҷараёни таълим.
Педагогикаи истисноӣ (инклюзивӣ)
1. Заминаҳои ҳукуқӣ, равонӣ ва педагогии ташкили таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Роҳу усулҳои корбарӣ бо кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ҳамкорӣ бо падару модарони онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз таҷриба).
3. Заминаҳои педагогӣ - иҷтимоии тарбияи кӯдакони имконияти маҳдуддошта дар раванди таҳсилоти фарогир.
4. Фаъолгардонии бачагони камшунаво дар раванди корҳои тарбиявӣ.
5. Хусусиятҳои таълими савод дар синфҳои 1 - уми мактабҳои ёрирасон (кӯдакони узви биноиашон осебдида) (аз таҷриба).
6. Ташаккули шуури ахлоқии бачагони дорои имконияташон маҳдуд дар раванди таълим.
7. Ба касбомӯзӣ ҷалб намудани бачагони имконияташон маҳдуд.
8. Мушкилоти тарбия ва таъмин намудани омодагии бачагони имконияти маҳдуддошта ба ҳаёти оилавӣ ва тарбияи фарзанд.
Роҳбарони синф
1. Роҳҳои пешгирии низоъҳои байнимактабии хонандагон (аз таҷриба).
2. Мавқеъ ва нақши оила, муассисаи таълимӣ ва роҳбари синф дар ташаккули шахсияти хонандагон.
3. Омилҳои пайдоиши зуҳуроти манфӣ дар кӯдак ва роҳҳои бартарафсозии он (аз таҷриба).
4. Роҳҳои ҷалби кӯдакон ба китоб ва китобхона (аз таҷриба).
5. Талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” нисбат ба волидон ва омӯзгорон.
6. Ваколатҳои роҳбари синф дар раванди иҷрои вазифаҳои хизматии худ (аз таҷриба).
7. Ҳамкориҳои педагогии муовини директор оид ба корҳои тарбия ва роҳбари синф бо падару модарон - омили асосии тарбияи ахлоқию маънавии хонандагон.
8. Мавқеи Созмонҳои талабагӣ дар ташаккули шахсияти хонандагон (аз таҷриба).
9. Омилҳои асосии ташаккулдиҳии қобилияти зеҳнии хонандагон дар натиҷаи истифода аз технологияи муосири таълим.
10. Ҳамкории мактаб, оила ва аҳли ҷомеа дар пешгирии ҷинояти наврасону ҷавонон.
Забон ва адабиёти тоҷик
1. Ҷанбаи хештаншиносӣ ва ватанпарастӣ дар асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳу усулҳои истифодаи онҳо дар раванди дарсҳои забон ва адабиёт.
2. Муносибати босалоҳият дар таълими забони модарӣ.
3. Омилҳои асосии ташаккули зеҳнии хонандагон дар дарсҳои забон ва адабиёт (аз таҷриба).
4. Тарзи гузаронидани чорабинии беруназсинфӣ аз фанни адабиёт дар мавзӯи «Об - манбаи ҳаёт».
5. Роҳҳои гузаронидани санҷишҳои тестӣ аз фанҳои забону адабиёт ва нақши он дар баланд бардоштани сифати дониш, малака ва маҳорати хонандагон (аз таҷриба).
6. Роҳу усулҳои ғанӣ гардонидани захираи луғавии хонандагон ва инкишофи нутқи шифоҳии онҳо (аз таҷриба).
7. Истифодаи усулҳои ҳамкорӣ (интерактивӣ) - василаи шавқманд - гардонии хонандагон дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик.
8. ЭССЕ - омили инкишофи фикрии хонанда.
9. Корҳои беруназсинфӣ аз фанни адабиёт ва нақши меҳварии онҳо дар баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон.
10. Муносибати босалоҳият ба таълим - талаботи замон.
11. Роҳҳои ғанӣ гардонидани захираи луғавии хонандагон аз фанни забони модарӣ (аз таҷриба).
12. Истифодаи техника ва технологияи муосири таълим дар дарсҳои забон ва адабиёт (аз таҷриба).
13. Риояи меъёри баҳогузорӣ ба эссе ва тарзи ислоҳи хатои хонандагон дар корҳои хаттӣ.
Забони давлатӣ
1. Ҷанбаи хештаншиносӣ, гуманистӣ ва ватанпарастӣ дар асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳу усулҳои истифодаи онҳо дар ҷараёни дарсҳои забони давлатӣ.
2. Риояи меъёри «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар дарсҳои забони давлатӣ.
3. Роҳҳои васеъ гардонидани ҷаҳонбинии хонандагон тавассути мутолиаи китобҳои бадеӣ (аз таҷриба).
4. Тавассути нақли хаттӣ, эссе ва иншо тақвият додани малакаи эҷодии хонандагон.
5. Роҳҳои ғанӣ гардонидани захираи луғавии хонандагон аз фанни забони давлатӣ бо роҳи луғатомӯзӣ (аз таҷриба).
6. Роҳҳои пешгирӣ намудани ғалатҳои имлоии хонандагон дар раванди дарсҳои забони давлатӣ (аз таҷриба).
7. Низоми баҳогузорӣ ба сатҳи дониш, маҳорату малакаи хонандагон дар доираи муносибати босалоҳият ба таълим,
8. Истифодаи усулҳои ҳамкорӣ (интерактивӣ) - и таълим дар дарсҳои забони давлатӣ.
9. Аҳамияти санҷишҳои тестӣ дар дарсҳои забони давлатӣ (аз таҷриба).
Ӯзбек тили ва адабиёти
1. Ӯзбек тили ва адабиёти дарсларида Тинчлик ва миллий бирдамлик асосчиси - Миллат пешвоси, Тожикистон Жумҳурияти Президенти Эмомалӣ Раҳмон асарларидан ӯзликни англаш, миллий маданият, ватанпарварлик каби туйғуларни ӯрганиш усуллари тажрибасидан
2. Бадиий асарларни ӯқишда ӯқувчилар интилишини кучайтириш — улар дунёқарашини кенгайтиришнинг асосий манбаси.
3. Ӯзбек тили ва адабиёти дарсларида тест усулидан фойдаланиш.
4. Адабиёт дарсларида луғат ӯрганиш ва унинг аҳамияти
5. Ӯзбек тили ва адабиёти дарсларида техника воситаларидан фойдаланиш тажрибасидан.
6. Ӯзбек тили ва адабиёти дарсларида ҳамкорлик (интерактив) усулларидан фойдаланиш тажрибасидан
7. Адабиёт дарсларида синфдан ташқари ишларни ташкил этиш ва унинг аҳамияти
8. Ӯзбек тили ва адабиёти дарсларида ӯқувчиларнинг оғзаки ва ёзма нутқини баҳолаш мезонлари.
Русский язык и литература
1. Актуализация содержания внеурочной работы в общеобразовательных учреждениях.
2. Формирования культуры чтения школьников на уроках русского языка.
3. Повышение читательской и речевой культуры современных школьников.
4. Использование современных педагогических технологий на уроках русского языка и литературы.
5. Усиление речевой направленности курса русского языка.
6. Опыт преподавания русского языка в условиях нерусской среды.
7. Из опыта работы передовых учителей русского языка и литературы района (города).
8. Использование технических средств обучения на уроках русского языка.
9. Проблемы повышения грамотности школьников в современных условиях.
10. Новые подходы к организации и содержанию традиционных и инновационных форм методической работы по русскому языку и литературе.
11. Кабинет русского языка и литературы в школе как средство повышения познавательного интереса к обучению школьников.
12. Мониторинг качество знаний учащихся - основа систематизации знаний по русскому языку и литературе.
13. Методика работы с одарёнными детьми, подготовка к предметной олимпиаде.
Забони англисӣ
1. Усулҳои муосири баланд бардоштани нутқи шифоҳии хонандагон аз забони англисӣ (аз таҷриба).
2. Роҳҳои амалӣ намудани «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020».
3. Кор бо луғат яке аз усулҳои ғанӣ гардонидани захираи луғавии хонандагон аз забони англисӣ (аз таҷриба).
4. Роҳҳои гузаронидани санҷишҳои тестӣ ва нақши он дар баланд бардоштани сифати дониш, малака ва маҳорати хонандагон.
5. Истифодаи техника ва технологияи муосири таълим дар раванди дарсҳои забони англисӣ (аз таҷриба).
6. Усулҳои баҳодиҳӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон дар ҷараёни таълим (аз таҷриба).
7. Аҳамияти луғат дар ташаккули захираи луғавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
8. Аҳамияти истифодаи тестҳо дар раванди дарсҳои забони англисӣ (аз таҷриба).
9. Тарзу услҳои таълими замонҳои феъл дар дарси забони англисӣ.
10. Роҳу усулҳои бой гардонидани захираи луғавии хонандагон ва инкишофи нутқи шифоҳии онҳо.
Забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ
1. Роҳ ва усулҳои гузаронидани санҷишҳои тестӣ ва нақши он дар баланд бардоштани сифати дониш, малака ва маҳорати хонандагон.
2. Кор бо луғат - омили асосии ғанӣ гардонидани захираи луғавии хонандагон аз фанни забони хориҷӣ.
4. Ташаккули малакаҳои фикрронӣ дар дарсҳои забони хориҷӣ.
5. Муҳимияти таълими интерактивӣ дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ.
6. Роҳу усулҳои бой гардонидани захираи луғавии хонандагон ва инкишофи нутқи шифоҳии онҳо.
7. Истифодаи роҳу усулҳои нави таълим дар раванди дарс (аз таҷриба).
8. Меъёри баҳогузорӣ ба корҳои хаттӣ ва шифоҳии хонандагон.
9. Кор бо ғалатҳои хонандагон.
10. Истифодаи бозиҳои шавқовар ва таъмини мустақилияти хонандагон дар дарсҳои забони хориҷӣ (аз таҷриба).
11. Истифодаи компютер дар дарсҳои забони хориҷӣ.
12. Истифодаи техника ва технологияи муосири таълим дар дарсҳои забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ (аз таҷриба).
Таърих
1. Истифодаи китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва “Уфуқҳои истиқлол” дар дарсҳои таърих (аз таҷриба).
2. Истифодаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26. 12. 2018 дар дарсҳои таърих (аз таҷриба).
3. Роҳҳои гузаронидани санҷишҳои тестӣ ва нақши он дар баланд бардоштани сифати дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон аз фанни таърих (аз таҷриба).
4. Такрор, санҷиш ва ба ҳисобгирии сатҳи дониши хонандагон дар дарсҳои таърих (аз таҷриба).
6. Нақши роҳбари иттиҳодияи методии фанҳои таърих дар ташаккули маҳорати касбии омӯзгорони ҷавон.
7. Нақши корҳои беруназсинфӣ аз фанҳои таъриху ҳуқуқ дар баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон.
8. Истифодаи ҳуҷҷатҳои расмӣ дар дарсҳои таърих (аз таҷриба).
9. Истифодаи маводи кишваршиносӣ, бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ дар дарсҳои таърих.
10. Аҳамияти омӯзиши таърихи халқи тоҷик дар худшиносию худогоҳии хонандагон.
Асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон
1. Истифодаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26. 12. 2018 дар дарсҳои асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон (аз таҷриба).
2. Роҳҳои гузаронидани санҷишҳои тестӣ ва нақши он дар баланд бардоштани сифати дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон аз фанҳои асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон.
3. Роҳҳои омӯзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дарси асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон.
4. Унсурҳои номатлуб дар байни ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он тавассути таълими фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон.
5. Тарбияи ҳуқуқӣ ва нақши он дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хонандагон.
6. Истифодаи методҳои интерактивӣ дар дарсҳои ҳуқуқи инсон (аз таҷриба).
7. Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (аз таҷриба).
8. Тарзи гузаронидани чорабиниҳои беруназсинфӣ оид ба Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак (аз таҷриба).
Математика ва геометрия
1. Тарзи таҳлили фаъолияти солонаи кори иттиҳодияи методии омӯзгорони математика.
2. Роҳҳои фаъол гардонидани қобилияти фикрронии хонандагон дар дарсҳои математика ва геометрия.
3. Кор бо хонандагони сустхон ва қафомонда дар дарсҳои математика (аз таҷриба).
4. Истифодаи усулҳои интерактивӣ дар дарсҳои математика (аз таҷриба).
5. Роҳхои тайёр намудани хонандагон ба аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз таҷриба).
6. Методикаи ҳалли масъалаҳои матнӣ дар синфҳои 5 - 9.
7. Методикаи таълими мавзӯи «Муодилаҳои нишондиҳандагӣ ва логарифмӣ дар синфи 11».
8. Ҳалли муодилаҳо ва системаи муодилаҳои параметрдор дар синфи 9 - 11 - и математика (аз таҷриба).
9. Методикаи омӯзиши элементҳои ҳисобкунии интегралӣ дар синфи 11 - и математика (аз таҷриба).
10. Таҳлили методии хатоиҳои содирнамудаи хонандагон аз математика дар аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм.
11. Методикаи ҳалли масъалаҳои геометрӣ доир ба созишҳо.
12. Методикаи ҳалли масъалаҳои геометрӣ доир ба ҳаҷми шаклҳо.
13. Методикаи ҳалли масъалаҳои геометрӣ доир ба ҳаҷми шаклҳои чархзанӣ.
14. Тарзҳои гуногуни гузаронидани санҷиши дониши хонандагон аз математика.
Физика
1. Идоракунии фаъолияти дарккунӣ ба воситаи кор кардани оптималии мазмуни муносиби курси физика, нақшаи системаи таълими он дар самти ташаккули зеҳнии илмӣ - назариявии хонандагон.
2. Идоракунӣ ба воситаи системаи асосноккунонии фаъолият - гирифтани дониш дар ҳаҷми пурраи элементҳои физика бо назардошти қонуниятҳои педагогӣ - психологии азхудкунии донишҳои нав.
3. Идоракунӣ ба воситаи ташкил кардани ҷараёни таълим, амалӣ кардани барномаи коркардашуда оид ба таълими гурӯҳҳои хонандагон.
4. Идоракунӣ ба воситаи таъмин кардани системанокӣ, алоқаи баръакс ва ба низом даровардани фаъолияти дарккунӣ дар рафти худи ҷараёни азхудкунии донишҳои нав.
5. Нақши сахтгирӣ ва ғамхорӣ дар азхудкунии донишҳои физикӣ.
6. Тарзи ташкил ва гузаронидани дарсҳои иловагӣ аз фанни физика (аз таҷриба).
7. Тартиби банақшагирии маводи омӯзишӣ дар маҳфилҳо ва ҷалби хонандагон ба онҳо
8. Нақши ҳалли масъалаҳои барномаи таълимӣ дар дарс роҷеъ ба тайёр кардани хонандагон ба олимпиадаҳои фаннӣ ва байналмилалӣ.
9. Ҳалли масъалаҳои физикӣ ва аҳамияти он дар раванди таълими физика.
10. Тартиб додани масъалаҳои физикӣ яке аз воситаҳои фаъолгардонии хонандагон дар дарс.
11. Фикру андешаҳои омӯзгорони физика дар бораи мувофиқат кардани соатҳои нақшаи таълимӣ бо барномаи таълимӣ ва китобҳои дарсӣ.
Биология ва экология
1. Тарз, тартиби банақшагирии маводи омӯзишӣ дар маҳфилҳо ва ҷалби хонандагон ба онҳо аз фанҳои биология ва экология.
2. Роҳ ва усулҳои дуруст ҷиҳозонидани кабинети биология дар муассисаҳои таълимӣ.
3. Арзёбии донишу малака ва маҳорати хонандагон дар дарсҳо дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият.
6. Истифодаи маводи дидактикӣ дар дарсҳои ботаника дар синфи 5.
7. Роҳу усулҳои гузаронидани корҳои мустақилона аз фанни биология дар синфҳои 5 – 6.
8. Усулҳои гузаронидани «Ҳафтаи биологӣ» дар муассисаҳои таълимӣ (аз таҷриба).
9. Тартиби гузаронидани дарси кушод бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2020 аз фанни экология (аз таҷриба)
10. Роҳҳои асосии баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон (аз таҷриба).
11. Тест - воситаи муҳими арзёбии дониши хонандагон.
12. Рушди тарбияи экологии хонандагон дар замони муосир
13. Ҳолат ва дурнамои ташаккули тафаккури экологии хонандагон ҳангоми дарс.
Химия
1. Такмилдиҳии усулҳои муосири таълими фанни химия бо истифода аз технологияи муосир.
2. Роҳу усулҳои ташкил ва гузаронидани корҳои лабораторӣ ва амалӣ аз фанни химия дар синфҳои 10 - 11 (аз таҷриба).
3. Татбиқи назария ва амалияи раванди инноватсионӣ дар дарсҳои химия.
4. Арзёбии донишу малака ва маҳорати хонандагон дар дарсҳо дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият.
5. Истифодаи саволномаҳои тестӣ дар раванди таълими химия дар синфи 9.
6. Усулҳои гузаронидани «Ҳафтаи фаннӣ» ва маҳфили фаннӣ дар муассисаи таълимӣ (аз таҷриба).
7. Истифодаи маводи дидактикӣ ва ёрирасони таълимӣ - маҳаки асосии рушди тафаккури хонандагон.
8. Роҳҳои тайёр намудани хонандагон ба олимпиадаҳои фаннӣ аз фанни химия.
Технологияи иттилоотӣ
1. Арзёбии донишу малака ва маҳорати хонандагон дар дарсҳо дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият.
2. Тартиб ва риояи техникаи бехатарӣ ҳангоми ҷиҳозонидани кабинети технологияи иттилоотӣ.
3. Истифодаи барномаҳои компютерӣ дар ҳалли мисолу масъалаҳо.
4. Нақши фанни технологияи иттилоотӣ дар худтакмилдиҳии касбии омӯзгорони фаннӣ.
5. Нақши технологияи иттилоотӣ дар гузаронидани санҷишҳои тестӣ.
6. Роҳу усулҳои таҳияи барномасозӣ дар таълими фанни технологияи иттилоотӣ.
7. Чорабиниҳои беруназсинфию беруназмактабӣ ва самаранокии онҳо дар ҷараёни таълим.
8. Роҳҳои тайёр намудани хонандагон ба олимпиадаҳои фаннӣ (аз таҷриба).
9. Роҳҳои таҳияи лоиҳаҳои таълимии хонандагон ҳангоми корҳои амалӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ.
10. Тарзу тартиби банақшагирии маводи омӯзишӣ дар маҳфил ва ҷалби хонандагон ба он (аз таҷриба).
Технология (таълими меҳнат)
1. Роҳҳои ҷалби хонандагон ба интихоби мақсадноки касб вобаста ба талаботи бозори меҳнат.
2. Ташкил ва ҷиҳозонидани гӯшаи интихоби касб дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз таҷриба)
3. Нақши ҳунаромӯзӣ дар чорабиниҳои беруназсинфӣ
4. Омӯхтани касбу ҳунарҳои миллӣ дар ташаккули шахсияти хонандагон.
5. Нақши роҳбари синф ва омӯзгорони фаннӣ дар раҳнамоии касбии хонандагон.
6. Шиносоӣ бо касбҳои гуногун ва роҳҳои расидан ба касби интихобнамуда.
7. Ҳунарҳои миллӣ ва эҳёи онҳо.
8. Тарзи ташкил ва таҷҳизонидани кабинети интихоби касб.
География
1. Истифодаи харитаи мактабӣ ва дигар маводи иловагии таълим дар дарсҳои география (аз таҷриба).
2. Усулҳои гузаронидани «Ҳафтаи фаннӣ» ва маҳфили географӣ дар муассисаи таълимӣ (аз таҷриба).
3. Роҳҳои истифодаи таҷҳизоти таълимии муосир дар дарсҳои география.
4. Метод ва усулҳои гузаронидани корҳои амалӣ ва дарсҳои саёҳат дар дарси география (аз таҷриба).
5. Ташкили бозӣ ва саёҳат ҳамчун воситаи донишандӯзии хонандагон дар раванди дарсҳои география.
6. Саволномаҳои тестӣ - омили муайян намудани сатҳу сифати дониши хонандагон.
7. Воситаҳои фаъолгардонии хонандагон дар дарси география.
8. Масъалаҳои экологӣ дар таълими географияи Тоҷикистон.
9. Мушоҳида ва таҷриба - воситаи фаъолгардонии хонандагон дар раванди омӯзиши фанни география.
Нақшакашӣ ва санъати тасвирӣ
1. Тартиб додани нақшаи тақвимӣ ва дарсӣ аз фанҳои нақшакашӣ ва санъати тасвирӣ.
2. Истифодаи самараноки воситаҳои аёнӣ дар дарсҳои нақшакашӣ ва санъати тасвирӣ.
3. Ташкили самараноки фаъолияти маҳфил яке аз омилҳои баланд бардоштани майлу рағбати хонандагон.
4. Усулҳои таълими тасвир аз асл дар ҷараёни дарс (аз таҷриба).
5. Мақсаднок ва бошуурона ба роҳ мондани омӯзиши фанни «Санъат ва меҳнат» дар синфҳои ибтидоӣ.
Синфҳои ибтидоӣ
1. Истифодаи сарчашмаҳои гуногуни маводи таълим дар синфҳои ибтидоӣ.
2. Арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар раванди таълим.
3. Нақши соатҳои тарбиявӣ дар баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмии хонандагони синфҳои ибтидоӣ.
4. Истифодаи методҳои интерактивӣ (усулҳои фаъол) дар синфҳои ибтидоӣ.
5. Роҳҳои ташаккули қобилияти зеҳнию фикрии хонандагон дар синфҳои камнуфус (камкомплектӣ).
6. Истифодаи воситаҳои аёнӣ омили муҳимми ташаккули фикрии хонандагон.
7. Омодагии психологии кӯдакон ба мактаб ва роҳҳои бартараф намудани мушкилоти давраи гузариш аз оила ба мактаб (аз таҷриба).
8. Нақши иттиҳодияи методии омӯзгорон дар такмили маҳорати касбии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ.
9. Ташаккули қобилияти фикрронии хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз фанни математика.
10. Усулҳои бедор намудани майлу рағбати хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба мутолиаи китобҳои бадеӣ (ҳикояҳо, афсона, шеър ва панду ҳикматҳо).
11. Тарбияи хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ.
12. Ташаккули шавқу ҳавас ва донишандӯзии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар ҷараёни омӯзиши фанни табиатшиносӣ (Олами атроф).
13. Бедор намудани шавқу ҳаваси хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба хониши адабиёти бадеию иттилоотӣ.
14. Роҳҳои ҳалли душвориҳои таълими овоз ва ҳарф дар синфи якум.
15. Ташаккули қобилиятҳои эҷодӣ, мустақилӣ, фаъолнокии хонандагон дар таълими синфҳои ибтидоӣ.
16. Бедор намудани шавқу ҳаваси хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар ҳалли масъалаҳои математикӣ.
Для учителей начальных классов
1. Оценка знаний, овладение способности учащихся начальных классов в процессе обучения.
2. Роль и значение воспитательного часа в повышении и знании кругозора учащихся начальных классов.
3. Пути формирования умственных и мыслительных способностей учащихся в малокомплектных школ.
4. Использование наглядных пособий - важный фактор в формировании деятельности учащихся.
5. Способы и методы подготовки детей к школе - сложности переходного периода из семьи в школу (из опыта) .
6. Роль методических объединений преподавателей в усовершенст - вовании профессиональных навыков преподавателей начальных классов.
7. Формирование умственных способностей учеников начальных классов по математике.
8. Методы пробуждения и стремления учеников начальных классов в чтении и использовании художественной литературы (рассказов, сказок, стихов , пословиц и поговорок).
9. Воспитание учащихся начальных классов в ответственности и других положительных черт человечности.
10. Формирование интереса и познавание учащихся начальных классов в процессе обучения естествоведения (окружающий мир).
11. Пробуждение интереса учащихся начальных классов к изучению информационно - художественной литературе.
12. Пути осуществления и трудности изучения букв и звуков в первом классе.
13. Формирование творческих способностей, самостоятельности и активности учеников в обучении в начальных классах.
14. Пробуждение интереса учащихся начальных классов решении математических задач.
Бошланғич синф ӯқитувчилари
Бошланғич синф ӯқувчиларини таълим бедишда билим, малака ва маҳоратини баҳолаш.
Бошланғич синф ӯқувчиларининг дунёқарашини шакллан тиршида тарбиявиӣ соатнинг ролӣ.
Бошланғич синф ӯқувчилари фаълиятида интерактив (ҳамкорлик усули) методидан фойдаланиш.
Комкомплект синфларда ӯқувчиларнинг фикриӣ қобилиятини шакллантириш йӯл ва усуллари.
Ӯқувчиларнинг фикриӣ қобилиятини ривожлантиришда кӯргазмали қуралларнинг аҳамияти.
Ӯқувчиларни мактабча тайёрлаш пайтида оилададан мактабча ӯтиш қийинчиликларини бартараф этиш йуллари.
Ӯқитувчиларнинг касбий маҳоратини оширишда методбир лашманинг роли.
Бошлағия синфларда ӯқувчиларни китоб ӯқишга бӯлга қизиқишини оширшида бадний китобларнинг аҳамияти (ҳикоя, эртак, шеър ва тоншимоқлар).
Бошланғич синф ӯқувчиларини туғрилилик, ростгӯймек, масъулиятни ҳис этиш каби инсоний хислатлар руҳида тарбиялаш.
10. Табиатшунослик (атроф муҳит) фанини таълим бериш жараёнида ӯқувчиларнинг билим, малака ва маҳорат, қизиқишини оширши.
11. Бошланғич синф ӯқувчиларини бадиий адабиёт ӯқшига қизиқтира олиш ӣӯл ва усуллари.
12. Биринчи синфда товушни таълим бериш жараёнида қийинчиликни бартараф этиш йӯллари.
13. Бошланғич синфларда ӯқувчиларнинг қобилият, мустақиллигини ва фаъоллигини ошириш йӯл ва усуллари.
14. Бошланғич синфларда “Санъат ва меҳнат” фанини таълим беришда санъат ва меҳнатни севиш тарбияси.
15. Қӯшиш ва кӯпайтирши арифметик амалладинӣ ҳаётга татбиқ этиш қонуниятлари.
16. Математик масалалар ечишда бошлангия синф ӯқувчиларнинг қизиқишини ошириш.
Кормандони муассисаҳои томактабӣ
1. Ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо падару модарон.
2. Ташкили фаъолияти таълими кӯдакони синни томактабӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ».
3. Интихоби забони таълим ва омӯзиш дар муассисаҳои томактабӣ.
4. Ҳамгироии машғулиятҳои тасаввуроти одитарини математикӣ ва суробсозӣ.
5. Рушди маҳорату малакаи кӯдакони синни томактабӣ оид ба ҳунарҳои мардумӣ.
6. Мутобиқшавии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ.
7. Нақши оила дар таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ.
9. Аҳамияти бозиҳои серҳаракат дар тарбия ва инкишофи ҷисмонии кӯдакони синни томактабӣ.
Марказҳои инкишофи кӯдакон
1. Мутобиқшавии кӯдакони синни томактабӣ ба Маркази инкишофи кӯдак.
2. Инкишофи шахсият ва тарбияи маънавии кӯдак дар Маркази инкишофи кӯдак.
3. “Хониши оилавӣ” ва нақши он дар рушду нумӯи кӯдакон дар Маркази инкишофи кӯдак.
4. Аҳамияти бозиҳои серҳаракат дар тарбия ва инкишофи ҷисмонии кӯдакони синни томактабӣ.
Тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии
ибтидоии ҳарбӣ
1. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Раванди инноватсионии таҳсилот дар таълими фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ.
3. Тартиби ташкил, ҷиҳозонидани толор ва майдончаҳои варзишӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ (аз таҷриба).
4. Тарбияи хештаншиносӣ ва ҳарбӣ - ватанпарастӣ дар дарсҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ.
5. Методикаи муосири таълими машқи саф дар синфҳои 10 - 11.
6. Аҳамияти машқҳои ҳарбӣ - варзишӣ дар тарбияи ватанпарастии хонандагон.
7. Ташаккули шахсият ва тарбияи ҳисси ватанпарастии хонандагон дар раванди таълими омодагии ибтидоии ҳарбӣ.
8. Истифодаи технологияи инноватсионии таълим дар раванди омӯзиши фанни «Омодагии ибтидоии ҳарбӣ».
9. Таҳлил ва баррасии роҳҳои баланд бардоштани ҳисси ватанпарастии хонандагони синфҳои болоӣ дар раванди таълими омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва чорабиниҳои беруназсинфию беруназмактабӣ.
Суруд ва мусиқӣ
1. Мушкилоти мавҷудаи дарси суруд ва мусиқӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли онҳо (аз таҷриба).
2. Нақши санъат ва фарҳанг дар тарбияи зебоипарастии кӯдакон ва наврасон.
3. Оила - омили асосии тарғиби тарбияи эстетикии кӯдак.
4. Хусусиятҳои фарқкунандаи омӯзиши фанни «Суруд ва мусиқӣ» дар синфҳои ибтидоӣ.
5. Методҳои инноватсионии таълими дарси «Суруд ва мусиқӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ.
6. Тарзи гузаронидани соати тарбиявӣ дар мавзӯъҳои «Наврӯзи хуҷастапай», «Ваҳдати миллӣ», «Меҳргон ҷашни миллист», «Дар ситоиши модар» (аз таҷриба).
7. Муҳимияти омӯзиши суннатҳои қадимаи санъат ва мусиқии мардумӣ тавассути технологияи муосир дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ.
8. Усулҳои омӯзиш ва технологияи таълими фанни «Суруд ва мусиқӣ» дар синфи 1.
Алифбои ниёгон
1. Ҳадафҳои асосии таълими имло аз фанни «Алифбои ниёгон».
2. Тарзи таълими ҳуруфи мунфасила (аз таҷриба).
3. Роҳу усулҳои таълими ҳарфҳои муттасила аз фанни «Алифбои ниёгон».
4. Таълими ҳусни хати «Алифбои ниёгон» (аз таҷриба).
5. Роҳҳои таълими калимаҳое, ки дар таркибашон “айн„ ва “ҳамза„ доранд.
6. Истифодаи бозӣ дар дарсҳои “Алифбои ниёгон (аз таҷриба).
7. Санҷиши дониши хонандагон тавассути гузаронидани мониторинг
Мактаб - интернатҳои ҷумҳурӣ
1. Иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор (аз таҷриба).
2. Роҳҳои истифодаи таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба соҳаи маориф ва аҳамияти онҳо дар инкишофи ҳувияти миллӣ, ҷаҳонбинӣ ва худогоҳии хонандагони мактаб - интернатҳо ( аз таҷриба).
3. Роҳбарӣ ва назорат ба фаъолияти роҳбарони синф ва мураббияҳо дар мактаб - интернат.
4. Ташкил ва моҳияти корҳои тарбиявӣ бо хонандагони мактаб - интернат дар хобгоҳ.
5. Роҳбарӣ ва назорат ба фаъолияти роҳбарони синф ва мураббияҳо дар мактаб - интернат.
6. Тарбия - воситаи муҳими маълумот ва маданияту маърифати хонандагони мактаб - интернат.
7. Усулҳои фаъолгардонии хонандагони мактаб - интернат дар дарс.
8. Чорабиниҳои беруназсинфӣ ва нақши онҳо дар тарбияи ахлоқии хонандагони мактаб - интернат.
9. Шӯрои методӣ ва нақши меҳварии он дар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва маҳорати касбии омӯзгорони мактаб - интернат.
10. Тарбияи хонандагони мактаб - интернат дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ.
Китобдорони муассисаҳои таълимӣ
1. Роҳҳои ғанӣ гардонидани фонди китобхонаи муассисаи таълимӣ.
2. Саҳми чорабиниҳои беруназсинфию фарҳангӣ дар бедор намудани майлу рағбати хонандагон ба китобу китобхона.
3. Нақши китобу китобхона дар ҳаёти шахсии хона
Иловакунӣ
Иловакунии фикр