Омӯзгори асил онест, ки ҳар рӯз омӯзад, навоварӣ карда тавонад, касби худро дӯст дорад ва ба кӯдакон меҳру муҳаббати беандоза дошта бошад. Омӯзгор, пеш аз ҳама, бояд донад, ки дар раванди таълим чӣ муҳимтар аст. Яъне, ӯ бояд бештар аз усули муносибати босалоҳият дар таълим истифода карда, ҳар рӯз ё марҳила ба марҳила онро арзёбӣ кунад. Маъмулан, омӯзгорон дар раванди дарс ба хонандагони фаъол бисёртар вақт ҷудо мекунанд. Дар ин байн ҳастанд хонандагоне, ки оромтабиату шармгинанд ва ё қобилияташон сусттар асту ба муҳтавои саволи муаллим ба зудӣ сарфаҳм намераванд. Инро аксар вақт ба назар нагирифта, мо ба онҳо тамғаи «сустхон» ё «нодон»-ро мегузорем, ки ин хатои маҳз аст. Дар синфҳои ибтидоӣ дарс гузаштан мушкилию нозукиҳои зиёде дорад. Агар омӯзгор дарси худро содда, фаҳмо ва бо ҳаракату амалҳо, бо асбобу васоити аёнӣ нагузаронад, дарс натиҷаи хуб намедиҳад. Омӯзгори синфи ибтидоӣ бояд ҳар як хонандаро аз рӯзҳои аввали таҳсил аз ҳар ҷиҳат амиқ биомӯзад.
Вақте омӯзгори синфҳои ибтидоӣ аз рӯзҳои аввали хониш хонандагони худро меомӯзонад, вай дар ҷодаи кори худ ба муваффақиятҳои назаррас ноил мегардад. Яъне тартиб додани чунин ҷадвали омӯзиш аз он гувоҳӣ медиҳад, ки омӯзгор касби худро дӯст медорад ва нисбат ба шогирдон беаҳамият нест. Қобилияти хонандаро ба назар гирифта, дарс бояд содда, фаҳмо ва шавқовар гузарад.
Таваҷҷуҳи махсус ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҳиссагузорӣ дар рушди маорифи кишвари азизамон – Тоҷикистон вазифаи ҳар яки мо, омӯзгорон, мебошад.
Махсуда Урозова,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр