Ҳар сол мувофиқи дастури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мо, омӯзгорон, бояд аз назорати духтурон гузарем.
Ин, албатта, амали муфид аст. Ба ин васила як бори дигар аз вазъи воқеии саломатии хеш огоҳ мешавем. Аммо ҷои таассуф аст, ки музди хизматрасонии духтурон сол ба сол гарон шуда, муроҷиат ба онҳо оворагиҳои зиёдеро барои мо ба бор овардааст. Чунончи, агар дар соли 2018 ба 54 сомонӣ аз назорати духтурон мегузаштем, соли равон он гаронтар шуд. Барои аз ташхиси навбатӣ гузаштан ҳар яки моро лозим аст, ки ба МНДСЭ-и ноҳия 35 сомонӣ, ба маркази саломатӣ 48 сомонӣ, барои ташхиси пешобу хун 39 сомонӣ маблағ месупорем, ки ин назар ба соли 2018 хеле зиёд мебошад. Оид ба ин мушкилот ба сардори Маркази саломатии ноҳия Аҳмадбек Ҳасанов муроҷиат кардам. Мавсуф афзуд, ки воқеан, нархномаи ҳамаи ташхисҳо аз тарафи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ таъйин шудааст ва нархномаро ба имзои вазиру чанд соҳибмансаби дигар нишон дод.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (моддаи 64, сархати 8) омадааст: «Муассисаҳои таълимӣ барои аз ташхиси тиббӣ гузаронидани омӯзгорон маблағи зарурӣ ҷудо менамоянд». Оид ба ин қазия ба роҳбари мактаб муроҷиат кардем. Роҳбари мактаб гуфт, ки бинобар ба таълими сарикасӣ гузаштан мо имконияти ба ҳамаи кормандон 122 сомонӣ ҷудо кардан надорем.
Намедонем ин вазъият то ба кай давом мекарда бошад?
Раҷаб Маликзода,
омӯзгори мактаби №26,
ноҳияи Мастчоҳ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр