Нашрияи Омӯзгор

Рамзи ҳамдилии меҳнаткашон

Сана: 2019-05-01        Дида шуд: 767        Шарҳ: 0

Таҷлили ҷашнвораҳо дар мактабҳо дар баробари аҳамияти тантанавию тарбиявӣ доштанашон аз хусусияти маърифатӣ низ орӣ нестанд.

Дар давоми омодагӣ ба ин ё он ҷашн бояд ба хонандагон дар бораи таърихи ҷашни мавриди таҷлил ва аҳамияту моҳияти он маълумот дод. Яке аз ҷашнҳои маъмули ҷаҳонӣ, ки дар аксар кишварҳои сайёра таҷлил мешавад, Рӯзи байналхалқии якдилии меҳнаткашон - 1 май мебошад.

Омӯзгор (роҳбари синф)-ро  мебояд, ки ба таври содаю фаҳмо ба шогирдон оид ба таърихи ин ҷашн ва махсусиятҳои он ҳикоя кунад. Таъкид намояд, ки якуми майи соли 1886 дар шаҳри Чикагои Амрико ва баъзе аз шаҳрҳои дигари он намоиши эътирозие аз ҷониби коргарон зери шиори «Рӯзи кории 8 - соата мехоҳем!» барпо гардид, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ҷалб намуд. Дар ин намоиш беш аз 340 ҳазор коргар ширкат варзиданд. Бо амри зимомдорони замон ва сармояхоҳони сарватманд аҳли намоиш дар майдони Хей – Маркети Чикаго аз тарафи пулис бераҳмона тирборон карда шуданд. Дар натиҷа гурӯҳе ҷон бохта, 200 нафар ҷароҳат бардоштанд ва 8 нафар дастгир гардиданд. Бо ҳукми суд 4 нафар аз ин дастгиршудагон ба дор овехта шуданд.

Ба ёдбуди қурбониёни ҳодисаи мазкур ва ба хотири дастгирии синфи коргари заҳматкаш Конгресси якуми Интернатсионали дуюм соли 1889 дар Париж қотеъона қарор қабул кард, ки минбаъд якуми май чун Рӯзи байналхалқии якдилии меҳнаткашон ҷашн гирифта шавад. Якуми майи соли 1890 дар Англия, Фаронса, Олмон, Австро – Венгрия Рӯзи байналхалқии якдилии меҳнаткашон бори аввал таҷлил гардид. Дар Лаҳистон (шаҳри Варшава) корпартоии коргарон бо шумораи зиёд баргузор шуд. Ҷашни Якуми май дар Россия бори аввал 5 майи соли 1891 дар Петербург, дар ҷангале, ки ба заводи Путилов наздик буд, ҷараён ёфт.

Солҳои минбаъда Рӯзи байнал-халқии якдилии меҳнаткашон дар саросари олам маъруф гашт ва доираи таҷлили он вусъат пайдо кард. Акнун ин ҷашн ба рамзи дӯстиву якдилии аҳли заҳмати олам, ба рамзи шодию нишот, ваҳдату ҳамраъйӣ табдил ёфта буд. Таҷлили ҷашни Якуми май дар айёми мо низ идома дорад ва дар Тоҷикистони соҳибистиқлол шукӯҳи тозае дарёфтааст ва дар тантанаҳои он хонандагони мактабҳо фаъолона ширкат меварзанд.

Дар ситоиши ин ҷашни ҷаҳонӣ шоирони тоҷик шеърҳо иншо кардаанд, ки аксари онҳо ба сурудҳои мактабиён табдил ёфтаанду оҳанги мутантан доранд. Ин байт аз «Иди Май» ном шеъри шоираи маъруф Мавҷуда Ҳакимова мебошад:

Иди Май бошад муборак бар

шумо, эй дӯстон!

Толибони бахти рахшон,

сулҳҷӯёни ҷаҳон!

 

Нигина Меликова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш