Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти густурдаи литсей

Сана: 2018-04-20        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Дар литсейи сохтмонии №32-и шаҳри Кулоб бо мақсади ҷалб намудани хатмкунандагон барои давом додани таҳсил дар литсей  чорабинии фарҳангии Рӯзи дарҳои кушод гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг ва Муъминобод иштирок карданд. Хатмкунандагон аз намоишгоҳи дастовардҳои литсей ва корҳои дастии донишҷӯёни литсей дидан намуда, бо рафти ҷараёни таълим дар кабинетҳои таълимии литсей шинос шуданд. Директори литсейи сохтмонӣ Ҳошим Абдулҳаққов дар бораи фаъолият ва ихтисосҳои имрӯзаи касбии  литсей суханронӣ кард. Дар ҷараёни чорабинӣ байни хатмкунандагон ва  омӯзгорону донишҷӯёни литсей нисбат ба шароитҳои таълим дар литсей мубодилаи афкор сурат гирифт.                                       

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»   


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш