Барои дар дили шогирдон парваридани муҳаббат ба китоб омӯзгор бояд аз василаҳои ҷолибу муассир истифода намояд. Вай бояд, пеш аз ҳама, як даста китобҳои бадеии дар солҳои гуногун нашршударо бо худ ба синфхона биёрад ва онҳоро ҳангоми дарс ва ё дар вақтҳои тафреҳ ба шогирдон таблиғу муаррифӣ кунад.
Устод бо шавқу завқи баланд китобҳоро ба хонандагон ошно намуда, ҳангоми шиносонидан бояд суханаш таъсири баланд дошта бошад, то онҳо низ ба китобу китобхонӣ минбаъд дар оянда саъй намоянд. Дар ин гуна ҳолатҳо бедор карда тавонистани таваҷҷуҳи хонандагон ниҳоят муҳим мебошад. Чунин таҷрибаро дар ҳамаи синфҳо гузаронидан ба манфиати кор аст. Агар омӯзгор дар синфҳои поёнӣ дарс диҳад, пас ӯро лозим аст, ки аввалин дарси хешро ба хонандагон ба мавзӯи китобу китобдӯстӣ ва аҳамияти китобхонӣ бубахшад. Дар баробари намоиши китобҳо, варақгардонии онҳо лаҳзаҳои ҷолибу шавқовари ҳикоётро аз асарҳои бо худ овардааш ба хонандагон нақл кунад. Омӯзгор бояд ба он кӯшад, ки пас аз нақлу ҳикояти ӯ дар шогирдон майли ҷиддии хондани китоб ва идомаи ҳикояҳову шеърҳо пайдо гардад.
Шогирдони хурдсол ба суратҳои рангаи китоб таваҷҷуҳи зиёд доранд. Бо назардошти ин, ташкили нақл аз рӯйи расми китобҳо дар дарсҳо манфиатовар ва ҳадафмандона хоҳад буд. Тадриҷан ба он бояд муваффақ шуд, ки хонандагон дар мавзӯъҳои «Қаҳрамонони писандида», «Лаҳзаҳои шавқовари китоб», «Асари дӯстдоштаи ман» ва монанди инҳо нақл карда тавонанд. Шинос намудани шогирдон бо китобхонаи мактаб ва гӯшаи китобҳои бачагона низ аз тадбирҳои муҳим дар талқини китобдӯстӣ маҳсуб меёбад.
Маълум, ки дар мавзӯи китоб, ситоишу талқини мутолиаи он ашъори зиёде мавҷуданд. Хуб аст, ки намунаҳо аз ин гуна шеърҳо аз тарафи омӯзгор хонда ва маънидод карда шавад. Бигузор, шогирдон пораҳоеро аз шеърҳо дар ситоиши китоб иншошуда азбар намоянд, чунки мазмуни он муддатҳо дар ёди хонанда нақш баста, ҳар гоҳ ҳангоми қироати он меҳру муҳаббат ба ин рафиқи шафиқ боз ҳам афзун мегардад.
Марям САНГОВА,
муовини директор оид ба таълими мактаби № 66, ноҳияи Шоҳмансур
Иловакунӣ
Иловакунии фикр