Дар бинои муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб бо ташаббуси Бозрасии ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон даври дуюми озмуни минтақавии «Муҳофизони табиат» баргузор гардид. Дар озмун ғолибони даври якуми ноҳиявӣ аз 8 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд. Тибқи низомномаи озмун довталабон аз рӯи се бахш; - Ташкил кардани намоишгоҳ (гӯшаи зинда, коллексияи тухмиҳо, маҳсулоти кишоварзӣ, гербарияҳо, расмҳо ва ғайраҳо), расмкашӣ дар мавзӯи «Баҳори Тоҷикистон» саҳначаи тарбиявӣ оид ба ҳифзи муҳити зист (3-7 дақиқа) сабқат карданд. Бояд қайд намуд, ки аз рафти ҷараёни баргузории озмун мушоҳида гардид, ки намояндагони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Темурмалик, Муъминобод ва Ш. Шоҳин бо тайёрии хубу маърифати баланди экологӣ баромад намуда, ба ҳозирин намоиши гӯшаи зинда, расмҳои кашидаи худ, саҳначаҳои тарбиявӣ оид ба муҳофизати муҳити зистро муаррифӣ намуданд. Дар ҷамъбасти озмун довталабони ноҳияи Данғара ҷойи якум, Кӯлобу Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷойи дуюм ва Муъминободу Фархор ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр