Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 132-и шаҳри Ваҳдат конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Сифати таълим ва роҳу усулҳои баландбардории он» баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону устодон, директорону ҷонишинони таълимгоҳҳои қаламрави шаҳр иштирок доштанд.
Дар оғоз сардори раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат Холмаҳмад Тӯразода қайд кард, ки сифати таҳсилот мавзӯи муҳим ба ҳисоб рафта, барои таъмину тадбиқи он бояд масъалаҳои зерин: тайёру омода будани омӯзгор ба дарс, таъмини китоб, дастурҳои таълимӣ ва шароити зарурӣ ҳалли худро ёфта бошанд. Х.Тӯразода афзуд, ки агар муаллим донишу ҷаҳонбинии васеъ надошта бошад, ба беҳдошти сифати таълим умед бастан кори беҳуда аст. Баъзан таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омӯзгорон ба дарсҳо бе тайёрӣ меоянд, аз воситаҳои аёнӣ ва технологияи навини замони муосир ба таври самаранок истифода намекунанд. Мавсуф гуфт, мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар аксар маврид омӯзгорон аз китоби дарсӣ берун намебароянд, аз дастурҳои методӣ ва адабиёти иловагии иртиботманди фанни худ истифода намекунанд. Таъмин намудани шароити зарурӣ низ аз масъалаи муҳим дар раванди донишазхудкунии хонандагон ва баланд бардоштани сифати таҳсилот ба шумор меравад. Мутаассифона, гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ фаъолияти густурда ва шаффофу босамар надоранд. Дар таълимгоҳҳои қаламрави шаҳр хонандагони лаёқатманд бисёранд, аммо аз тарафи омӯзгорон кор бо ин гуна хонандагон ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Муовини директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳр Сокина Бобоева дар мавзӯи «Роҳу усулҳои баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ» сухан ронда, зикр намуд, ки раванди таълими салоҳиятнок дар асоси донишу малака ва маҳорати қобилияти азхудкунии хонанда ба роҳ монда шуда, бояд талаботи маърифатии ӯро қонеъ намояд. Сокина Бобоева ҳамчунин дар хусуси замимаю роҳнамои таълимии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, усулҳои таҳлили овозӣ ва шинохти ҳарфҳо, хониши бурро, луғатомӯзӣ, таълими грамматика ва имло ва дигар масоили методӣ ба тафсил сухан ронда, самарабахшии муносибат босалоҳият ба таълимро дар раванди дарсҳо ва ба ин васила, баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон дар синфҳои ибтидоиро муҳим арзёбӣ намуд. Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи №7 Миралӣ Мусофиров баромади худро ба масъалаи тарзи ташкили ҳуҷҷатнигорӣ дар гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот бахшид. Дар идома омӯзгори забони англисии мактаби рақами 125 С.Орифов дар мавзӯи «Усулҳои баландбардории дониши хонандагон дар дарсҳои забони англисӣ», муаллимаи забони русии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 М.Теляева – «Истифодаи методҳои интерактивӣ дар раванди дарсҳои забон ва адабиёти рус», муовини директори мактаби №5 оид ба корҳои таълимӣ М.Сафаров «Усулҳои гузаронидани мониторинги сифати дониши хонандагон дар муассиса» ҳарф зада, атрофи масоили беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва донишандӯзии хонандагон аз фанҳои гуногун ибрози андеша намуданд.
Дар хотима дастаи ҳаваскорони санъати мактаби №132 бо рақсу сурудҳои дилангези хеш хотири ҳозиринро болида гардонданд.
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр