Нашрияи Омӯзгор

«Ҳамроҳ бихонем»

Сана: 2019-05-01        Дида шуд: 740        Шарҳ: 0

Бо мақсади тадбиқи амалии бандҳои барномаи «Ҳамроҳ бихонем» ҳамоиш доир шуд. Дар кори он мудирони шуъбаҳои маориф, омӯзгорони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ширкат намуданд.

Аз таҳия ва истифодаи барномаи мазкур панҷ сол сипарӣ шуда, 290 нафар омӯзгори синфҳои ибтидоӣ давра ба давра ба омӯзиш ҷалб шуданд.

Сардори раёсати маорифи вилоят Одинашоҳ Мардов  қайд намуд, ки бузургтарин воситаи донишандӯзии насли наврас китобхонӣ аст. Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» низ  баҳри ҷалби толибилмон ба мутолиаи китоб раҳандозӣ гардидааст. Мо дар таълимгоҳҳо роҳу усулҳои ҷалби шогирдон ба мутолиаи китобро дарёфт намудем. Бахусус, навиштани таассуроти муҳтавои китоб дар дафтар, ҷилдбандӣ кардани китобҳо ва омӯхтани нозукиҳои китобсозӣ аз қабили онҳо мебошанд. 

Ҷ.Қозибеков,                                      

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш