Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии олимон, муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯёни ДДҲБСТ таҳти унвони “Илм ва инноватсия баҳри иҷрои ҳадафҳои миллӣ” бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид.
Устоди донишгоҳ Абдулатиф Раҳимов дар мавзӯи “Саноатикунонии босуръати кишвар-ҳадафи чоруми миллӣ” баромад кард.
Шуҳрат Саидзода зери унвони “Рушди илм дар тадбиқи барномаҳои инноватсионӣ” суханронӣ карда гуфт, ки Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардид. Ворид гардидан ба ин марҳилаи нави таърихӣ дар назди роҳбарияти давлату миллати тоҷик ва тамоми сокинони ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон иҷрои вазифаи пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва рукнҳои давлатдории муосирро пеш гузошт. Мавлуда Асророва дар мавзӯи “Рушди иҷтимоиву иқтисодии деҳот дар вилояти Суғд: ҳолат ва дурнамо” маърӯза намуд.
- Бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мо имкониятҳои васеъ ва потенсиали мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро дар татбиқи чунин сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ омӯхта, нақши онро дар сохтори иҷтимоиву давлатӣ муайян месозем, - гуфт мавсуф.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр