Нашрияи Омӯзгор

Чашмакзании ситораҳо

Сана: 2019-05-01        Дида шуд: 756        Шарҳ: 0

Олами кайҳон аҷиб буда, аз замонҳои хеле пеш диққати инсонҳоро ба худ ҷалб мекард. Олимон ва ситорашиносон дар асоси мушоҳидаи ҷирмҳои осмонӣ бисёр ҳодисаҳои табиатро меомӯхтанд.

Дар замони набудани дурбинҳо ва асбобҳои таҳқиқотӣ, одамон бо чашми одӣ ҷирмҳои осмониро мушоҳида ва борону барф, тӯфонҳову обхезиҳоро пешгӯӣ ва муайян менамуданд. Хушксолӣ, зиёдшавии об, кишту корро бо мушоҳидаи ситораҳо муайян мекарданд. Ба осмон агар назар афканем, аввал чашмакзании ситораҳоро мушоҳида мекунем.

Чашмакзании ситораҳо ҳодисаи муқаррарист, ки тағйирёбии зудгузари равшаннокии ситораҳоро ифода месозад. Ҳангоми нигоҳ кардан ба осмон, ситораҳо гоҳе равшан, гоҳе хира шуда, бо равшании ҳархела ҷило дода, мавқеашонро «тағйир» медиҳанд, меларзанд. Дар баъзе мавридҳо чашмакзании ситораҳо хеле намоён аст, бо равшаннокии гуногун мегузарад, ки ин ҳолат ҳангоми фарорасии боду ҳавои тира, яъне тағйирёбии обу ҳаво мушоҳида карда мешавад.

Чашмакзании ситораҳо аз нуқтаи назари физикӣ чунин шарҳ дода мешавад. Дастаи борики рӯшноии аз ситораҳо ибтидо гирифта, дар роҳи худ қабатҳои гуногуни ҳавои зичиашояшон ва намнокиашон ҳархеларо мегузарад. Ин қабатҳо зуд-зуд шакл ва мавқеашонро тағйир дода ба нурҳои рӯшноӣ ба мисли линзаҳои буришашон гуногун таъсир мекунанд. Аз ин сабаб, ба чашми мушоҳид гоҳе дастаи рӯшноии парешхӯрдаи равшаннокиаш кам, гоҳе рӯшноии зичи равшаннокиаш зиёд мерасад. Гарчанде ки дар ин ҳолат қисман ҷудошавии рӯшноӣ ба вуҷуд меояд, ба ғайр аз равшаннокӣ ситораҳо рангашонро низ тағйир медиҳанд. Модоме ки атмосфера миқдори зиёди буғи обро дорад, чашмакзании ситораҳо бо сояҳои ранги зиёдтари кабуд мегузарад. Чунин чашмакзанӣ нишонаи наздикшавии боронҳо мебошад. Сояҳои ранги сабз хушкии ҳаворо бозгӯӣ мекунад.

Парвина АБДУЛВОҲИДОВА,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш