Нашрияи Омӯзгор

Низоми менеҷменти сифат – омили муҳими воридшавӣ ба фазои таҳсилоти инноватсионии ҷаҳонӣ

Сана: 2019-05-01        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ (26.12.2018) ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи воқеии рушди соҳаи илму маорифи ҷумҳуриро таҳлил намуда, қайд карданд, ки «Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад».

Ҳамчунин, Пешвои миллат зикр карданд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунад ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳад.

Бо мақсади саҳм гузоштан дар амалӣ намудани ислоҳоти зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ раёсат ва ҳайати илмию омӯзгории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон пайваста саъйю кӯшиш мекунанд, ки дар ҷараёни таълиму тарбия ва фаъолияти илмию инноватсионӣ усулҳои муосир ва навгониҳоро татбиқ намоянд.

Бояд қайд кард, ки донишгоҳи мазкур нахустин муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба шумор меравад, ки ҳанӯз соли 2005 ба татбиқи низоми кредитии таҳсилот шурӯъ намуда, дар як муддати кӯтоҳ дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва алҳол пешоҳанги раванди татбиқи таҳсилоти фосилавӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Ҳамчунин, донишгоҳ дар ин давра соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи барномавии байналмилалӣ гардид ва гурӯҳҳое таъсис ёфтанд, ки раванди таълим дар онҳо пурра бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади амалӣ намудани нақшаҳои нав дар самти таъмини сифати раванди таълиму тарбия, донишгоҳ дар доираи Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ», ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ пешниҳод гардидааст, дархостномаи хешро манзур намуд ва хушбахтона, соҳиби ду грант гардид ва Созишномаҳои грантӣ аз 30 ноябри соли 2018, № 05/1 ва 13/2 ба имзо расиданд.

Лоиҳаи аввал «Низоми менеҷменти сифати донишгоҳ» буда, ҳадафи асосии он таҳлили ҳамаҷонибаи механизми амалкунандаи таъмини сифати таҳсилот дар донишгоҳ ва таҳияву татбиқи низоми менеҷменти сифат (НМС)  ба ҳисоб меравад.

Оид ба зарурати таҳия ва татбиқи низоми менеҷменти сифат дар ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт Пешвои миллат зимни суханронии худ дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ - 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» (15.10.2018) зикр намуданд, ки «…ҷорӣ намудани усулҳои муосири менеҷменти сифат ва омодасозии кадрҳо омилҳои асосии ноил шудан ба рушди истеҳсолоти саноатӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифат ва пайдо кардани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳонии молу хизматрасонӣ ба ҳисоб мераванд».

Бояд қайд кард, ки таъмини сифати таҳсилоти олии касбӣ танҳо дар асоси бунёди механизми самарабахши робитаҳо дар байни низомҳои дохилӣ ва берунии таъмини сифат имконпазир мегардад ва дар раванди арзёбии рақобатпазирии хатмкунандагон дар бозори меҳнат нақши муҳим мебозад.

Таҳлил нишон медиҳад, ки дар аксари муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини сифати таҳсилот тадбирҳои гуногун амалӣ мегарданд, вале онҳо бо сабаби вуҷуд надоштани низоми дохилии менеҷменти сифат самаранок нестанд ва хусусияти бонизомро надоранд. Тадбирҳои зикршуда бештар ба назорати стандартҳо нигаронида шуда, тарафҳои манфиатдор, ба монанди донишҷӯён, омӯзгорон ва кордиҳандагон ба ҷараёни таъмини сифат ва идоракунии донишгоҳ ба таври зарурӣ ҷалб карда намешаванд.

Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барномаҳои таълимии хешро одатан бе ҷалби намояндагони бозори меҳнат таҳия ва амалӣ месозанд. Механизми таъмини сифат асосан бо назорати ҷараёни таълим маҳдуд мегардад. Омӯзиши ҷараёнҳо ва худбаҳодиҳи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мунтазам амалӣ намегарданд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки воситаи самараноки таъмини сифати хизматрасониҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳия ва татбиқи низоми менеҷменти сифат дар фаъолияти онҳо мебошад. Низоми менеҷменти сифат дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои беҳтар шудани ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти онҳо, таъмини сифати таҳсилот ва баланд гаштани имиҷи муассиса дар ҷомеа мусоидат мекунад. Ҳарчанд таҳия, татбиқ ва сертификаткунонии НМС раванди басо мушкил аст, самараи татбиқи ин низом барои оянда хеле натиҷаовар аст.

Раванди татбиқи лоиҳаи «Низоми менеҷменти сифати донишгоҳ» 2 солро дар бар гирифта, дар доираи он баҳодиҳӣ ба механизми амалкунандаи таъмини сифат дар донишгоҳ, таҳияи низоми менеҷменти сифат (НМС) ва роҳнамо оид ба истифодаи он; гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ барои роҳбарону кормандони воҳидҳои сохтории донишгоҳ, татбиқи НМС дар донишгоҳ; гузаронидани аудити дохилӣ ва сертификатсиякунонии НМС ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам барои татбиқи лоиҳа шарикон ва коршиносон аз Донишгоҳи Пиза (Италия), Донишгоҳи Гранада (Испания), Донишгоҳи Алма-Менеҷмент (Қазоқистон) ва Донишгоҳи савдою иқтисодии Белорус ҷалб шудаанд. Тибқи шартҳои қарордоди имзошуда, аъзои гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи лоиҳаи НМС дар донишгоҳҳои зикршуда дидан намуда, бо раванди таҳия ва татбиқи низоми амалкунандаи таъмини сифат шинос мегарданд ва бо машварату тавсияҳои коршиносони хориҷӣ ин низомро дар Донишгоҳи далатии тиҷорати Тоҷикистон ба роҳ мемонанд.

Марҳилаи аввали лоиҳа айни замон татбиқ шуда истодааст ва моҳи марти соли ҷорӣ сафари кории гурӯҳи татбиқи НМС ба Донишгоҳи Алма-Менеҷменти Қазоқистон роҳандозӣ гардид. Ҳадафи асосии ин сафар иштирок дар семинари омӯзишӣ ва шиносоӣ бо моделҳои мавҷудаи НМС сифат буд. Маълум гардид, ки дар таҷрибаи таҳсилоти олӣ моделҳои гуногун ба сифати замина барои таҳия ва татбиқи НМС истифода мешаванд, ки ҳар яке дорои афзалият ва камбудиҳои хос аст.

Дар асоси омӯзиши таҷрибаи муассисаҳои таълимии пешрафта дар самти татбиқи НМС, аъзои гурӯҳи корӣ ба хулоса омаданд, ки барои таъмини сифати фаъолияти таълимӣ ва идоракунии донишгоҳ, таҳия ва татбиқи низоми менеҷменти сифат бо дарназардошти ба инобат гирифтани талаботи стандартҳои ISO 9001:2015 (2018) ва ESG-ENQA, инчунин, хусусиятҳои хоси миллӣ ва анъанаҳои донишгоҳ ба мақсад мувофиқ аст.

Лоиҳаи дуюм “Механизми ҳавас-мандгардонии духтарон ҷиҳати гирифтани таҳсилоти олӣ” ном дошта, барои таҳияи механизми ҳавасмандгардонии духтарон барои дохилшавӣ ба донишгоҳ, хатми бомуваффақияти он ва бо кор таъмин шудани онҳо нигаронида шудааст, ки бо сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа тавъам мебошад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур дар донишгоҳ Маркази машваратӣ барои духтарон таъсис дода шуда, ба хобгоҳи донишгоҳ ҷиҳати беҳтаркунии шароити зисти духтарон таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ карда мешавад.

Дар заминаи Маркази машваратии таъсисшуда мувофиқи нақша гузаронидани семинарҳо, тренингҳо ва мубоҳиса оид ба ташаккули малакаҳои иловагӣ барои донишҷӯдухтарон ба назар гирифта шудааст.

Натиҷаҳои интизорӣ аз татбиқи лоиҳаи мазкур чунинанд:

• таҳияи тавсияҳо оид ба беҳтар кардани раванди ҷалбкунӣ, муҳайё кардани шароити мусоиди зист ва таҳсили духтарон, махсусан, онҳое, ки аз деҳот дар донишгоҳ таҳсил мекунанд;

• коркард ва татбиқи механизми ҳавасмандгардонии духтарон барои гирифтани таҳсилоти олӣ;

• фароҳам овардани шароити мусоид дар хобгоҳ барои зисти духтарон;

• шинос намудани падару модарон бо раванди таълим дар донишгоҳ ва шароити зисти духтарон дар хобгоҳ;

• иштироки миқдори зиёди дониш-ҷӯдухтарон дар семинару тренингҳо оид ба ташаккули малакаҳои касбӣ, аз он ҷумла оид ба хусусиятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ, меҳмоннавозӣ, дастархондорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ;

• ҷоннок намудани корҳои фаҳмон-дадиҳӣ дар байни духтарон оид ба маърифати ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ғайра.

Ҳамин тавр, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои зикршуда метавонад барои таъмини сифати таҳсилот, самаранокии идоракунии донишгоҳ ва болоравии нуфузи низоми таҳсилоти олӣ дар ҷомеа муосидат намояд.

 

Заррина қодирова,

 муовини ректор оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон,  ҳамоҳангсози лоиҳа


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш