Нашрияи Омӯзгор

Панҷ соли имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ

Сана: 2019-05-01        Дида шуд: 768        Шарҳ: 0

Натиҷаи панҷ соли қабули донишҷӯён аз тариқи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  (2014-2018) мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд.

Дар панҷ сол хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар умум 574948 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 222994 нафарашон аз тариқи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тавассути Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шудаанд. Ҳамчунин зиёда аз 100000 нафари дигар бо роҳи анъанавӣ (ба муассисаҳои таълимии мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқ, санъат ва фарҳанг), ба воситаи имтиёзҳо, квотаҳои дохилию давлатҳои хориҷӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ қабул шуданд. Бо вуҷуди ин, аз шумораи умумии хатмкардагон тақрибан 250000 нафар аз фарогирӣ ба таҳсилоти касбӣ берун монданд.

Дар ин муддат нақшаи умумии қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз тариқи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тавассути Маркази миллии тестӣ 272198 ҷойро ташкил дода, ҳамагӣ 222994 нафар (82 фоиз) қабул шуд ва 49204 ҷой (18 фоиз) холӣ монд. Дар натиҷа ба ҳисоби миёна ҳамасола қариб 10000 ҷой холӣ монда, нақшаи қабули донишҷӯён иҷро намегардад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ баъзе масъалаҳо таҷдиди назар ва камбудиҳо ислоҳ мехоҳанд.

1. Тартиби муайян кардани холҳои гузариши ҳар як субтест – фанни имтиҳонӣ ва мувофиқати хол ба бал бояд таҳия ва тасдиқ карда шавад, зеро то ҳол холҳои гузариши фанҳои имтиҳонӣ (қисмҳои А ва Б) бо меъёрҳои мухталиф гузошта мешаванд.

Чунончи, соли 2018 дар гурӯҳи ихтисосҳои  1 ва 2 холҳои гузариши ҳамаи субтестҳо – фанҳои имтиҳонии қисми Б баробар – 3 муайян шуда, дар гурӯҳҳои ихтисосҳои 4 ва 5 холҳои гузариши субтестҳо – фанҳои имтиҳонӣ аз ҳам ба куллӣ фарқ карданд.

Натиҷаи  имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ

 

Т/р

 

Сол

 

Шуморам хатмкардагон (нафар)

 

Нақшаи қабул (ҷой)

Ба қайд гирифта шуданд (нафар)

Дар имтиҳонҳо иштирок карданд (нафар)

Холҳои гузаришро соҳиб шуданд (нафар)

Ба МТОМК тақсим шуданд (нафар)

Иҷрои нақ.

қабул

(фоиз)


Чойҳои холӣ

 

Фоиз

 

2014

103162

37621

52408

45909

29716

27272

72

10349

28

 

2015

111486

46762

73700

67540

50614

39672

85

7090

15

 

2016

111554

54827

84628

78327

59533

46389

85

8438

15

 

2017

124000

65144

97500

90829

69200

53915

83

11229

17

 

2018

124746

67844

95817

89317

70820

55746

82

12098

18

 

Масалан, дар гурӯҳи ихтисосҳои 4 холи гузариши имтиҳони ҳуқуқи инсон 14 муқаррар карда шудааст. Довталабоне, ки аз 14 хол паст доштанд, дар тақсимот роҳ наёфтанд.

Ҳол он ки дар ин гурӯҳи ихтисосҳо ба ғайр аз комбинатсияи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ боз зиёда аз 200 комбинатсияи ихтисосҳои дигар, аз ҷумла таърих, муносибаҳои байналмилалӣ ҷойгир мебошад, ки довталабони он бо нагирифтани 14 холи гузариш аз имтиҳони ҳуқуқи инсон, новобаста аз холҳои гирифтаи имтиҳонҳои таърих (8 хол) ва забони хориҷӣ (4 хол), ба озмуни тақсимот роҳ наёфтанд, яъне аз имтиҳонҳо нагузаштанд, ки қисми зиёдро дар бар мегиранд. Аз ҷумла, дар ин гурӯҳи ихтисосҳо 9436 довталаб дар имтиҳонҳо иштирок намуда, 2931 дов-талаб ба озмуни тақсимот роҳ наёфта, 2324 довталаб аз озмун нагузаштааст, ки дар маҷмӯъ 5255 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар гурӯҳи ихтисосҳои 5 – тиб, биология ва варзиш низ чунин меъёру тартиби холгузорӣ ва натиҷагирӣ ба назар расида, бештари довталабон ба озмуни тақсимот роҳ наёфтанд. Чунончи, 32260 довталаб дар имтиҳонҳо иштирок карда, 10493 довталаб ба озмуни тақсимот роҳ наёфта, 7419 довталаб аз озмун нагузаштааст. Таҳлилҳо нишон доданд, ки аз ду гурӯҳи ихтисосҳо (4 ва 5) 23167 довталаб аз таҳсил дур монданд. Ҳол он ки танҳо дар ҳамин гурӯҳи ихтисосҳо аз нақшаи қабул 2797 ҷой холӣ монд.

2. Масъалаи дигар таҷдиди назар намудани меъёри хол мутаносибан ба бали гузариш аст. Масалан, довталаби ихтисоси таърих аз имтиҳонҳои қисми Б бали ҳадди аксар 300 балро соҳиб мешавад. Агар довталаб аз имтиҳонҳои қисми А забони тоҷикӣ – 48 хол ё 75 бал, таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ – 48 хол ё 75 бал, дар маҷмӯъ, 450 балро соҳиб шаваду аз имтиҳони математикаи имтиҳонҳои қисми А 4 холи гузаришро соҳиб нагардад, ба озмуни тақсимот роҳ намеёбад.

Довталаби дигар, агар аз имтиҳонҳои қисми А забони тоҷикӣ - 7 хол, математика - 4 хол, таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ – 6 хол, имтиҳонҳои қисми Б – таърих - 8 хол, ҳуқуқи инсон – 14 хол ва забони хориҷӣ (англисӣ) – 4 хол, яъне фақат холҳои гузаришро соҳиб шуда, дар маҷмӯъ 43 хол ё 97 балро соҳиб шавад, ба озмуни тақсимот роҳ меёбад.

Албатта, чунин нобаробарии баҳои фаннӣ барои ихтисосҳо ва фарқияти зиёди балҳо – 450 бал, ки довталаб ба озмуни тақсимот роҳ намеёбад ва 97 бал, ки ба озмуни тақсимот роҳ меёбад, боиси нофаҳмиҳо миёни довталабон ва шаҳрвандон мегардад.

3. Соли 2018 дар натиҷаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз 89317 дов-талаби дар имтиҳонҳо иштирокдошта 55746 нафар (62 фоиз) комёб шуда, довталабони аз холҳои гузариш ва тақсимот нагузашта 33571 нафар ё 38 фоизро дар бар гирифтанд.

Ҳоло он ки шумораи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2016, №144 «Дар бораи Барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ барои солҳои 2016-2020» ва аз 28 июли соли 2017, №348 «Дар бораи Дурнамои нишондиҳандаҳон асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» дар маҷмӯъ, тариқи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тавассути Маркази миллии тестӣ 67844 ҷой нишон дода шудааст, ки дар ин маврид иҷрои нақшаи қабул ба 82 фоиз рост омад ва аз нақшаи қабул 12098 ҷой холӣ монд, Аз ин лиҳоз, дар солҳои оянда аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ нисбат ба ҳалли ин масъала андешидани чораҳои зарурӣ мувофиқи мақсад аст.

4. Бояд зикр намуд, ки маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти касбӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ сарикасӣ набуда, маблағ ҳамасола новобаста аз шумораи донишҷӯён бо афзоиш ҷудо мегардад. Аз  ин рӯ, муассисаҳои зикргардида аз гурӯҳҳои буҷетӣ дида, нисбат ба афзоиши шумораи қабули донишҷӯён ва маблағи таҳсили онҳо дар гурӯҳҳои шартномавӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Аммо дар натиҷа шумораи зиёди ҷойҳои холӣ аз ҳисоби гурӯҳҳои шартномавӣ боқӣ мемонад. Соли 2018 аз 12098 ҷои холӣ 9172 ҷой аз ҳисоби гурӯҳҳои шартномавӣ мебошад. Бинобар ин, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки нисбат ба ҳалли ин мушкилот чораандешӣ намоянд.

5. Масъалаи шумораи бақайдгирии довталабон ва иштироки онҳо дар имтиҳонҳо низ таҳлил ва андешидани тадбирҳои иловагиро талаб мекунад. Зеро соли 2018 барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ 95817 нафар ба қайд гирифта шуданд, аммо дар имтиҳонҳо 89317 нафар иштирок карда, 6500 нафар ё 7 фоиз ҳозир нашуданд.

6. Мавриди тазаккур аст, ки дар гурӯҳи ихтисосҳои 1- табиӣ ва техникӣ ҳамасола на танҳо нақшаи қабул иҷро намегардад, балки шумораи довталабони бақайдгирифта аз доираи нақшаи қабул кам мебошад. Нигаред ба нақша:

Т/р

Сол

Нақшаи қабул

Шумораи довталабони қайдшуда

Фарқ

1

2014

11331

9543

-1788

2

2015

11203

11117

-86

3

2016

13361

12595

-766

4

2017

17556

14245

-3311

5

2018

18220

16424

-1796

 

 

71671

63924

-7747

Бинобар ин, Вазорату идораҳои дахлдор ва Маркази миллии тестиро зарур аст, ки ин масъаларо низ ҳамаҷониба омӯхта, таркиби гурӯҳи ихтисосҳои мазкурро таҷдиди назар карда, роҷеъ ба ҷалби ҷавонон ба ин гурӯҳи ихтисосҳо чораҳои иловагӣ андешанд.

7. Гурӯҳи ихтисосҳои 5 – тиб, биология ва варзиш номгузорӣ шудааст, вале ихтисосҳои соҳаи кишоварзӣ ва омӯзгорӣ низ дар ин гурӯҳи ихтисосҳо шомил мебошанд.

Аз ин лиҳоз, зимни омӯзишу таҳлил қарор додани масъалаи мазкур мувофиқи мақсад мебуд, ки гурӯҳи ихтисосҳои 5 ба ду гурӯҳи ихтисосҳо, аз ҷумла, ба гурӯҳи алоҳидаи ихтисосҳои тиббӣ ва кишоварзӣ ҷудо карда шавад.

8. Бо тартиби муқарраргардида кулли довталабон субтестҳо – фанҳои имтиҳонии қисми А-ро месупоранд. Аммо довталабоне, ки танҳо ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳоратро интихоб мекунанд, аз супоридани имтиҳонҳои қисми Б озоданд. Бинобар ин, ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳоратро ба гурӯҳи ихтисосҳои алоҳида ҷудо кардан низ ба мақсад мувофиқ аст.

9. Таҷриба нишон дод, ки ҳамасола нақшаи қабули донишҷӯён ба гурӯҳҳои буҷетии филиалҳои Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «МИСиС» ва Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби мақомоти марбутаи Федератсияи Россия ҷудо мегардад, гоҳ дар шумораи қабул ва гоҳ дар муҳлати пешниҳоди нақша мушкилот эҷод мекунад. Вобас-та ба ин, вазоратҳои дахлдорро зарур аст, ки дар пайи ҳалли ин масъала то давраи муқарраргардидаи пешниҳоди нақшаи қабул ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (10 ноябр)  чораҷӯӣ намоянд.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади ҳалли мушкилот ва ислоҳи камбудиҳо аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ омӯзиши ҳаматарафаи масъалаҳои зикргардида ва андешидани тадбирҳои зарурӣ лозим аст.

 

Н.Нуриддин


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш