Китоб сарчашмаи илму дониш, маърифату маданият, ёри беғараз, панду андарз ва раҳнамову роҳкушои инсон мебошад. Китоб моро ба дирӯзу имрӯз ва оянда мепайвандад.
Ҳамон лаҳзае, ки дар оғӯши ғаму кулфат, дуриву ғурбат, танҳоиву маъюсӣ қарор мегирем, пири мо, дастгири мо китоб аст. Китоб дӯсти ҷонӣ аст, беминнат аст, ҳамсуҳбат аст, бовафо аст, мушфиқу ғамхор аст ва ҳамеша бо тифлону пирон ва мо-ҷавонон аст он. Муносибат бо китоб рафиқист, саршор аз меҳру муҳаббат аст.
Хушбахтона, имрӯз Ҳукумати кишвар барои бо ин дӯсти бовафоямон наздиктар шудани ҳамагон тамоми чораҳои амалиро меандешад. Бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон, мавҷудияти дигар китобхонаҳо дар шаҳру навоҳии кишвар, санаи чоруми сентябр ҷашн гирифтани Рӯзи китоб, ташкили барномаҳои телевизиониву радиоӣ, намоишгоҳҳову аксияҳо оид ба китоб, баргузории озмунҳои мухталиф дар ин самт аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Ташкили озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” аз ҷониби Пешвои маорифпарвари миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон моро ба фатҳи қуллаҳои нав талқину ташвиқ менамояд. Имкони аз худ намудани пораҳои зиёди шеърӣ, мутолиаи шоҳасарҳои маъруфи адабиёти тоҷику ҷаҳониро фароҳам меорад. Имрӯзҳо дар сартосари кишвар сухан дар бораи ҳамин озмун аст. Дар роҳраву гулгаштҳои пойтахти гулпӯшамон, нақлиёти ҷамъиятӣ, китобхона, боғҳои истироҳатӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ садои “Аз ту чанд шеър шуд?”, “Ҳамлет”-и Шекспирро хондам”, “Ба эҷодиёти пурғановати шоирони классикамон аз наздик шинос шудам”, “Пушкини ошиқ дар дуэл барои ишқи покаш мубориза бурда, ба ҳалокат расида будааст” ва амсоли инҳо ба гӯш мерасанд, ки хеле фараҳафзост ва аз он ки чӣ қадар ҷавонони насли Истиқлол таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобхону адабиётдӯст шудаанд, хеле шоду масрур мегардем.
Тибқи дастури ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, профессор М. Раҷабзода дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” чунин озмун дар донишкада ташкил карда шуд, ки мувофиқи нақша дар моҳи июн ба анҷом расида, ғолибон бо туҳфаҳои раёсати донишкада сарфароз гардонида мешаванд.
Мо - ҷавонон ифтихормандем, ки чунин Пешвои адабиётдӯсту фарҳангпарвар дорему пайрави ӯ ҳастем. Ваъда медиҳем, ки бо тамоми ҳастии худ кӯшиш ва ҷидду ҷаҳд намуда, баҳри ободию шукуфоии Ватани азизу маҳбубамон саҳм гузорем ва дар таълиму тарбия, баланд бардоштани ҳисси ватанпарастӣ, маърифатнокӣ, хештаншиносию худогоҳии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба созандагӣ, ободонӣ, фарҳангшиносӣ ва китобдӯстию китобхонӣ тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем.
Масрур ЗОКИРЗОДА,
мудири шуъбаи тарбияи ДДЗТ
ба номи Сотим Улуғзода
Иловакунӣ
Иловакунии фикр