Нашрияи Омӯзгор

Муассисаҳои таълимии хусусӣ: сифати таълимро баланд бояд бардошт

Сана: 2019-05-01        Дида шуд: 772        Шарҳ: 0

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар барои фаъолияти густурдаи соҳибкорон шароити мусоид ба вуҷуд омад, ки муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ таъсис диҳанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди ин навъи муассисаҳои таълимӣ «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020»-ро қабул намуд. Айни замон дар ҷумҳурӣ 41 муассисаи миёнаи умумии хусусӣ фаъолият менамояд, ки ин 4,2 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад. Аммо масъалаи асосӣ дар ин самт сатҳу сифати таълим маҳсуб меёбад. Вазъи таълиму тарбия, сатҳу сифати таҳсилот, таъминоти кадрӣ, заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумии хусусии “Абдураҳмони Ҷомӣ”, “Кафолат”, “Ҳиммат” ва “Раҳнамо” (шаҳри Душанбе), муассисаи таълимии хусусии №2 ва литсейи хусусии “Ворисони Сино” дар шаҳри Турсунзода, гимназияи хусусии “Абдураҳмони Ҷомӣ” ва литсейи хусусии “Эҳсон” дар ноҳияи Рӯдакӣ, муассисаи хусусии таълимии «Барфигул» - и ноҳияи Қубодиён ва гимназияи хусусии ноҳияи Ёвон мавриди таҳлилу омӯзиш гирифтанд.

Таҳлили вазъи таъминоти кадрии муассисаҳои таълимии хусусӣ нишон дод, ки имрӯз дар баробари омӯзгорони дорои таҳсилоти олии касбӣ дар гимназияи «Ҳиммат» - 2 нафар, дар муассисаи таълимии хусусии №2-и шаҳри Турсунзода – 7 нафар, муассисаи таълимии хусусии Абдураҳмони Ҷомӣ – 3 нафар, гимназияи хусусии ноҳияи Ёвон – 2 нафар, муассисаи таълимии хусусии «Барфигул»-и ноҳияи Қубодиён - 3 нафар омӯзгор бо таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамоянд. Ҳол он ки дар асоси талабот бояд 90%-и омӯзгорони муассисаҳои таълимии мазкур дорои таҳсилоти олии касбӣ бошанд, ки ин ҳолат ба талабот мувофиқат намекунад.

Маълум гардид, ки дар гимназияи хусусии ноҳияи Ёвон иддае аз омӯзгорон бо ихтисоси муҳандис-механик фанҳои физика, технологияи иттилоотӣ ва тарбияи ҷисмонӣ, бо ихтисоси танзими ҳуқуқи молия ва қарз аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ дарс медиҳанд. Ҳамчунин, омӯзгоре дар 78 - солагӣ аз фанни математика ба таълим машғул аст, ки ин вазъ табиист ба сифати таҳсилот таъсири манфӣ мерасонад. Дар муассисаи таълимии мазкур омӯзгори технологияи иттилоотӣ намерасад. Омӯзгор Н. Авзалова, ихтисосаш барномасоз, дар давоми ҳафта 2 рӯз дар гимназия дарс медиҳад, аз ин рӯ, дигар рӯзҳо хонандагон имконияти аз синфхонаи компютерӣ истифода карданро надоранд.

Дар гимназияи хусусии №2-и шаҳри Турсунзода омӯзгори забон ва адабиёти  ӯзбек аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва омӯзгори таҳсилоти ибтидоӣ аз фанни математика дарс мегӯянд. Бояд қайд намуд, ки аксари омӯзгорони синфҳои ибтидоиро дар муассисаҳои таълимии номбурда омӯзгорони фаннӣ ташкил медиҳанд.

Дар  литсейи хусусии “Ворисони Сино”-и шаҳри Турсунзода омӯзгори география аз фанни технология (таълими меҳнат) дарс медиҳад.

Масъалаи дигар дар ин навъи муассисаҳо таъмини иҷрои барномаҳои давлатӣ маҳсуб меёбад. Дар муассисаҳои таълимии хусусии «Абдураҳмони Ҷомӣ», «Кафолат», «Ҳиммат» ва «Раҳнамо» ҷиҳати иҷрои “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” корҳои шоистае анҷом пазируфта, вазъи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар шӯроҳои педагогӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд ва дар ин замина, дарсҳои иловагӣ ба роҳ монда шудаанд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар муассисаи таълимии хусусии №2 ва литсейи хусусии “Ворисони Сино”- и шаҳри Турсунзода, литсейи хусусии “Эҳсон” дар ноҳияи Рӯдакӣ, муассисаи хусусии таълимии “Барфигул”-и ноҳияи Қубодиён ва гимназияи хусусии ноҳияи Ёвон вобаста ба иҷрои “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”, “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” ва “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” ҳеҷ коре анҷом дода нашудааст. Ҳамзамон, дар муассисаҳои таълимии зикршуда рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ дар шӯроҳои педагогӣ маврид баррасӣ қарор нагирифтааст.        

Яке аз омилҳои баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои муҷаҳҳаз ва маводи зарурии таълимӣ-озмоишӣ мебошад. Маълум гардид, ки дар муассисаҳои таълимии хусусии шаҳри Душанбе вазъият нисбатан беҳтар буда, дар таълимгоҳҳои хусусии «Абдураҳмони Ҷомӣ» (7), «Кафолат» (6), «Ҳиммат» (5) ва «Раҳнамо» (4) кабинети таълимӣ, аз ҷумла, кабинетҳои физика ва химия бо озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз ташкил карда шудааст. Ҳамчунин, муассисаҳои таълимии зикргардида дар доираи иҷрои талаботи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” кабинетҳои суруд ва мусиқӣ ташкил намуда, бо асбобҳои мусиқии миллӣ, нафасӣ ва электронӣ таъминанд.

Дар литсейи хусусии “Эҳсон” 5 кабинет ташкил карда шуда бошад ҳам, ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Мизу курсиҳо ба кабинет-озмоишгоҳ мувофиқат накарда, ҷиҳати ташкили кабинетҳои физика ва химия озмоишгоҳҳо пешбинӣ нашуда, таҷҳизоти зарурии озмоишӣ аз фанҳои физика ва химия, шити электрикӣ (лавҳи барқӣ), таҷҳизот ва ноқилҳои васлкунӣ, асбобҳои ченкунанда, намоишӣ, корҳои фарогири озмоишӣ, ҷиҳози химиявӣ, коллексияҳо ва ғайра) харидорӣ нагардидаанд. Дар гимназияи хусусии Ёвон бо назардошти танг будани кабинетҳо, умуман барои ташкили кабинетҳои фаннӣ шароит нест (ба ғайр аз насби овезаҳо).

Дар муассисаи таълимии хусусии «Барфигул»-и ноҳияи Қубодиён 3 кабинет ба ном ташкил шудааст, ки ба ягон талаботи таълимӣ ҷавобгӯ нестанд. Ҳолати кабинетҳои фаннӣ дар муассисаи таълимии хусусии №2 ва литсейи хусусии “Ворисони Сино”-и шаҳри Турсунзода низ боиси нигаронӣ буда, танҳо баннеру овеза ва воситаҳои аёнӣ насб шудаанду халос.

Дар муассисаҳои таълимии хусусии “Абдураҳмони Ҷомӣ”, “Кафолат”, “Раҳнамо”, “Ҳиммат”-и шаҳри Душанбе ва гимназияи хусусии ба номи “Абурайҳони Берунӣ” ва литсейи хусусии “Эҳсон” тақрибан ҳамаи кабинетҳои фанҳои замонавӣ бо компютер (ноутбук), видеопроектор ва тахтаи электронӣ таъмин гардида, омӯзгорони фаннӣ аз онҳо васеъ истифода мебаранд. Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки вобаста ба шумораи хонандагон теъдоди компютерҳо дар гимназияи хусусии ба номи “Абӯрайҳони Берунӣ” ва литсейи хусусии “Эҳсон” хеле кам аст (мутаносибан 1 компютер ба 19 ва 24 хонанда рост меояд).

Ҷараёни таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ амалӣ карда мешавад. Санҷиш нишон дод, ки аксари муассисаҳои таълимии хусусӣ тибқи Нақшаи таълимии заминавӣ нақшаҳои таълимии худро таҳия намуда, дар мувофиқа бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ дар Вазорати маориф ва илм тасдиқ намудаанд. Вале Нақшаи таълимии  гимназияи хусусии ноҳияи Ёвон танҳо аз ҷониби муассиса тасдиқ гардидааст, ки хилофи талаботи Стандарти давлатии таҳсилот ва Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад.

Фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз Нақшаи кори солона ибтидо мегирад ва аз дуруст таҳлил намудани тамоми самтҳои фаъолияти муассисаи таълимӣ, возеҳу равшан муайян намудани масъалаҳои таълиму тарбия вобастагӣ дорад. Таҳлили нақшаҳои кори солонаи муассисаҳои таълимии хусусӣ нишон дод, ки фаъолияти кори муассисаҳои таълимӣ пурра таҳлил нашуда, бурду бохти муассисаҳо муқоиса карда намешаванд.

Фаъолияти шӯроҳои педагогии муассисаҳои таълимии санҷидашуда дар асоси Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, тибқи нақшаи шӯрои педагогӣ дар ду моҳ як маротиба гузаронида мешаванд. Дар муассисаҳои таълимии хусусии санҷидашуда қисми зиёди масъалаҳо ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот равона шуда, бо мақсади такмил бахшидани маҳорати касбии омӯзгорон ва баҳри баланд бардоштани савияи дониши хонандагон корҳои шоиста анҷом додаанд.

Дар муассисаи таълимии хусусии «Барфигул”-и ноҳияи Қубодиён қарорҳои Шӯрои педагогӣ мувофиқ ба масъалаи баррасишаванда қабул нагардида, ба инкишофи фанҳои таълимӣ, беҳтар шудани сатҳу сифати таҳсилот нигаронида нашудааст. Иҷрои қарорҳои қабулшуда назорат карда намешаванд. Талаботи одитарини ҳуҷҷатнигорӣ риоя намегардад.

Таъминоти китобҳои дарсӣ асосан аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ ба хонандагон ройгон ба роҳ монда шуда, дар умум, хонандагон бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд. Дар муассисаи таълимии хусусии “Барфигул”-и ноҳияи Қубодиён китобҳои дарсӣ, ба монанди забон ва адабиёти тоҷики синфи 8, нашри соли 2007 истифода бурда мешавад. Дар гимназияи хусусии Ёвон бо сабаби набудани ҳуҷраи алоҳида китобҳои дарсӣ ва бадеӣ дар хонаи омӯзгорон, кабинети технологияи иттилоотӣ ва ҳуҷраи маъмурият (муассис ва директор) нигоҳдорӣ карда мешавад.

Дар муассисаи таълимии хусусии №2 ва литсейи хусусии “Ворисони Сино” дар шаҳри Турсунзода ва литсейи хусусии “Эҳсон” дар ноҳияи Рӯдакӣ фаъолияти китобхонаҳо ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Китобхонаҳо нақшаи корӣ надошта, чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ ва корҳои таблиғотӣ дар доираи нақшаи кории китобхонаҳо гузаронида намешавад.

Ҳолати физикӣ ва ғунҷоиши муассисаи таълимии хусусии №2 ва литсейи хусусии “Ворисони Сино” дар шаҳри Турсунзода, литсейи хусусии “Эҳсон” дар ноҳияи Рӯдакӣ, гимназияи хусусии Ёвон ва муассисаи таълимии хусусии «Барфигул»- и ноҳияи Қубодиён нигаронкунанда мебошад.

Фаъолияти гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии хусусӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Маълум гашт, ки дар муассисаҳои таълимии хусусӣ гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот аз 4 то 5 нафар иборат мебошанд. Дар муассисаҳои таълимӣ, гарчанде мониторинги сатҳи дониш гузаронида шуда бошад ҳам, он таҳлил нагардида, омилҳои сатҳи дониши пасти хонандагон нишон дода нашудааст.

Дар муассисаи таълимии хусусии “Абдураҳмони Ҷомӣ” ва гимназияи хусусии “Ҳиммат” ҳарчанд дар ҷадвалҳо баҳоҳо ҷамъбаст шуда, дар ҳар як чоряк баҳои хонандагон дар гӯшаи махсус овезон карда мешавад, аммо дар маълумоти пешниҳодшуда, таҳлилу муқоиса ва нишон додани роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот равшан инъикос нагардидааст.

Яке аз нишондиҳандаҳои асосии самти фаъолияти муассисаҳои таълимӣ сифати таҳсилот ва сатҳи дониши хонандагон ба ҳисоб меравад. Сифати таҳсилот дар мактабҳои хусусӣ нисбат ба мактабҳои Президентӣ ва сатҳи миёнаи ҷумҳурӣ хеле паст мебошад. Яке аз омилҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот муҳайё намудани шароиту имконият ҷиҳати омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳо мебошад. Дар ин самт фаъолияти муассисаҳои таълимии хусусӣ бо дарназардошти имкониятҳо ва шароит нокифоя мебошад. Соли ҷорӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ хонандагони литсейи “Эҳсон” ва гимназияи “Кафолат” соҳиби медал гардиданд.

Аз ин рӯ, масъулини муас-сисаҳои таълимии хусусиро мебояд, ки барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои мушаххас андешида, баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия талош намоянд.

Қутбиддин МУҲИДДИНЗОДА,

сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм,

Насриддин ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш