Саҳифаҳои таърихи инсоният ҳеҷ гоҳ аз амалҳои зишти террористон холӣ набудааст. Террору одамкӯшӣ дар тӯли таърих бо шеваҳои гуногун аз худ дарак додааст. Террористон манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд. Онҳо аз сохти давлатие ҳимоят мекунанд, ки ба андешаашон ҷавобгӯйи аҳкоми динӣ ва мазҳабӣ мебошад.
Терроризм зуҳуроти мураккаб аст. Мавқеияти сиёсӣ ва иҷтимоии он ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ пайвандӣ дорад. Он тӯли таърих дар миёни пайравони динҳои гуногуни яҳудӣ, насронӣ, ислом, ҳиндуизм, буддоӣ ва сикҳ вуҷуд доштааст.
Ҳанӯз солҳои “ҷанги сард” дар замони ҳузури Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон, дар хоки Покистон дар даҳ ҳазор мадрасаи динӣ беш аз 50000 ҷавони ҳабдаҳсоларо таҳти омӯзиш ва парвариш қарор додаанд. Тӯли чиҳил соли охир дар Покистон мутобиқи дастури кишварҳои бонуфуз ба омӯзиши ҷавонони Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Миср, Индонезия, Яман, Сурия, Алҷазоир, Либия, Марокаш, Филиппин машғуланд. Аз миёни шогирдони ин мадрасаҳо Абдулло Иззом, Усома бини Лодан ва Айман Завоҳирӣ роҳбарони ҳаракатҳои террористӣ гардиданд.
Баъди шикасти “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ ҷангиёни ин ташкилоти террористӣ давлатҳои Аврупоро ба майдони амалҳои террористии худ табдил дода истодаанд. Коршиносон бар он ақидаанд, ки пешвоёни зиндамондаи “Давлати исломӣ” кӯшиш доранд, то дар шаҳрҳои калони Аврупо дар мавзеъҳои мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд.
Дар арсаи байналмилалӣ гурӯҳи террористии “Ҳизб-ут-таҳрир” хеле фаъол гардидааст. Ин ташкилот ҳанӯз соли 1953 дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ таъсис ёфтааст. Он вақт Байтулмуқаддаси Шарқӣ ба ҳайати давлати Урдун дохил мешуд. Ба мамониатҳо нигоҳ накарда, шуъбаҳои ин ташкилоти террористӣ дар Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Ҷанубу Шарқии Осиё амал менамоянд. Коршиносон чунин мешуморанд, ки дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ячейкаҳои ин ташкилоти террористӣ пинҳонӣ амал мекунанд.
Баъди шикасти “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ як қисм ҷангиёни ин созмонҳои террористӣ бо роҳҳои гуногун ба Афғонистон оварда шуданд. Дар музофотҳои Шимолии Афғонистон террористони созмони “Давлати исломӣ” мавқеи мустаҳкам доранд ва сафи он аз ҳисоби ҷалби ҷавонони маҳаллӣ пурра мегардад.
Аз рӯйи ҳисоби ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ террористон аз ҳисоби фурӯши маводи мухаддири Афғонистон соле ба миқдори 200 миллион доллари амрикоӣ даромад ба даст меоранд. Ин манбаи даромад ҳоло дар ихтиёри ҷанговарони толибон аст. Ҷойи шубҳа нест, ки дар соли 2018 ҷангиёни созмони “Давлати исломӣ” толибонро аз бозори фурӯши маводи мухаддир танг карда мебароранд.
Аз рӯйи маълумоти коршиносони давлати Исроил дар як соли охир шумораи ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар Афғонистон шаш маротиба зиёд шудааст. Ҳарбиёни амрикоӣ ин рақамро тасдиқ намекунанд. Ба андешаи онҳо, шумораи ҷангиёни Абӯбакри Бағдодӣ дар Афғонистон дар натиҷаи амалиёти ҷангии қушӯнҳои Афғонистон ва Иттиҳоди ҳарбии Атлантикаи Шимолӣ (НАТО ) кам шудааст. Ба гумони бисёре аз коршиносон ҷиҳодиёни ДОИШ бояд мавқеи худро дар Афғонистон мустаҳкам намоянд. Имрӯз “ Ҷамоатҳои хуфта” –и созмони “Давлати исломӣ” ва тарафдорони мухтори онҳо хатарзо мебошанд. Тарзу шеваи муборизаи террористон тағйир ёфтааст. Онҳо аз усули “Гурги якка” истифода намуда, бо ёрии корд, атвёртка ё воситаи нақлиёт даст ба одамкӯшӣ мезананд. Усул ё амали террористии “Гурги якка”-ро пешакӣ муайян кардан ниҳоят душвор аст. Ҳамчунин, мубаллиғони хилофат ба воситаи интернет дар Аврупо, Амрико ва Россия тарафдорони худро ба ҳуҷумҳои якка даъват намуда, ин гуна ҳуҷуми террористиро “Ҳуҷуми илҳом” номидаанд.
“Ҷиҳоди мухтор” ривоҷи эҷодкоронаи минбаъдаи усули фаластинии террори инфиродӣ бо истифодаи воситаҳои дастрас аз тарафи “ Давлати исломӣ” мебошад. Аз баҳогузории таҳлилгарон амалҳои террористие, ки “Гургони якка” анҷом медиҳанд, нисбат ба амалҳои террористони худкуш дар Сурия ва Ироқ таъсири бештари сиёсӣ доранд.
Дар Сурия ва Ироқ шикаст хӯрдани ДОИШ танҳо шикасти ҳарбист. Шикасти ҳарбӣ маънои ҳамчун тарҳи сиёсӣ, чун бренде, ки рӯҳу мағзи ҳазорон ҷавонони мусулмони суннимазҳабро ҷалб мекунад, аз байн рафтану нест шуданро надорад. Суст гардидани мавқеи созмони “Давлати исломӣ” дар минтақаи Шом (Сурия ва Ироқ) боиси ба пинҳонкорӣ рафтани ҷамоатҳои ин ташкилот, ба биёбон кӯчида, дар намуди “Хилофати чирикӣ” фаъолият намудани онҳо мегардад. Аммо баъди панҷ-шаш сол ин созмони иртиҷоӣ метавонад дар Сурия ва Ироқ боз аз худ дарак диҳад. Бархӯрди бесобиқаи манфиатҳои миллию давлатии кишварҳои абарқудрат боиси печида гардидани вазъи сиёсии сайёра гардидааст. Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё ноустувор будани вазъро собит менамоянд. Танҳо дар моҳи январи соли 2018 дар Афғонистон 154 амали террористӣ рӯй додааст.
Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳими муборизаи босамар бо ин вабои аср аст. Сарукор гирифтан аз “сиёсати дугона” нисбат ба терроризму экстремизм самараи кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбию сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад.
Маблағгузорӣ шудани ташкилотҳои террористию ифротӣ аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳову фондҳо имрӯз барои касе пӯшида нест. Поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳру уқёнусҳо ғарқ шудани ҳазорон гуреза, аз ҷумла, занону кӯдаконро нодида мегиранд.
Дар Афғонистон неруҳои ифротии минтақа, ки Афғонистонро ҷойи амали террористӣ қарор додаанд, аз фурӯши маводи мухаддир барои худ яроқу аслиҳа мехаранд. Албатта, чунин ҳамсоягӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон кори осон нест. Тоҷикистон, ки садди роҳи интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба давлатҳои минтақа ва ҷаҳон гардидааст, сарфи назар ба хисороти молию ҷонии худ нақши кишвари буфериро иҷро менамояд. Ҳанӯз соли 1998 дар Иҷлосияи 20- уми махсуси Созмони Миллали Муттаҳид Тоҷикистон дар бораи хатару оқибатҳои нангини тавсеаи зуҳуроти терроризм ҳушдор дода, ташкили “Минтақаи амнияти гирдогирди Афғонистон”- ро пешниҳод карда буд.
Солҳои навадуми асри гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон даврони мубориза ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронид ва дар ин роҳ даҳҳо ҳазор фарзандони миллат ҷони худро аз даст доданд. Баҳри мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм асоси ҳуқуқӣ лозим буд. Бинобар ин, соли 1999 барои мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм як зумра санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул шуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм” имзо гузошт, 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” ба тасвиб расид. Қабули ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам овард.
Ҳодисаҳои нангини 4–16 сентябри соли 2015, сӯиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сурат гирифта буданд, собит намуданд, ки баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанӯз аз ниятҳои бадхоҳонаи худ нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд нақшаҳои хешро бо дасти зархаридону гумоштагонашон амалӣ гардонида, ба сари мардуми мо низоми бегонаро таҳмил намоянд.
Аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ мепайванданд, саводи зарурии дунявӣ ва маърифати ибтидоии динӣ надоранд. Гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Намоиши филмҳои дорои хусусиятҳои террористӣ ва экстремистӣ, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ таввассути шабакаи ҷаҳонии интернет сабаби дигари гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паст будани савияи дониши ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағҳои муфт, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст.
Роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи гузаронидани возхӯриҳои инфиродӣ бо падару модарон соли 2015 аз 3 ҳазору 233 нафар шаҳрванд, ки ғайрирасмӣ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, беш аз 3 ҳазор нафар ба ватан баргардонида шуданд.
Бо дарназардошти аҳамияти бузурги масъала Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: “ Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва дар оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд”.
Зубайдулло Давлатов,
корманди Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр