26 – 27 апрели соли ҷорӣ дар коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ даври ҷамъбастии олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи ҳашт фанни таълимӣ баргузор шуд. Имсол ба олимпиада боз як фан – информатика илова шуд. Дар баробари ин, аз фанни забони русӣ имсол иншо ва аз фанни забони англисӣ нақли хаттӣ ҷорӣ гардид.
Дар расми ифтитоҳи озмун раиси ноҳияи Рӯдакӣ Акрамзода Рустам ба ҳамаи иштирокдорон комёбӣ орзу намуд. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид иброз дошт, ки дар ҷумҳурӣ 72 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дошта, вобаста ба талаботи имрӯзаи ҷомеа аз рӯйи 166 ихтисос мутахассис тайёр менамоянд. Дар баробари ин, сол то сол теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ғайридавлатӣ низ афзуда, дар панҷ соли охир шумораи онҳо аз даҳ адад ҳам гузаштааст.
Дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз 72 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 50 муассисаи таълимӣ ба ҷойи 444 нафар донишҷӯи тибқи рӯйхати пешниҳодгардида, 361 нафар иштирок карданд. Яъне, бисту ду муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ширкати шогирдонашро дар озмун таъмин накарданд.
Дар рӯзи дуюми олимпиада як қатор аз иштирокдорон ба комиссияи апеллятсионӣ ариза навишта, хоҳони он шуданд, ки натиҷаи корҳои онҳо мавриди баррасӣ қарор гирад. Онҳо ба хатоҳои худ шинос шуда, аз кори ҳайати ҳакамон қаноатмандии худро баён доштанд.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар интихоби дурусти шогирдон барои ширкат дар ин чорабинӣ ба саҳлангорӣ роҳ дода, бе тайёрӣ омадаанд. Узви ҳайати ҳакамон Ҳанифа Қурбонова иброз намуд, ки баъзе аз довталабон ба одитарин суолҳои тестӣ ҷавоби ғайриқаноатбахш доданд. Ба андешаи ӯ, хуб мешуд, ки дар оянда беҳтаринҳоро фиристода, онҳоро як моҳу ду моҳ не, балки барои озмун тамоми сол омода кунанд. Вагарна ба хотири танҳо иштирок кардани хонандагони тасодуфӣ қурбу манзалат ва мафҳуми озмун ҳам аз байн хоҳад рафт.
Ин нуктаро узви ҳайати ҳакамон, номзади илми филология, дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода Лоло Давлатбеков низ тасдиқ намуд.
Насимҷон Зарифов - омӯзгори таърихи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ соли чорум аст, ки дар озмунҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба сифати коршинос (эксперт) фаолият менамояд. Ӯ гуфт, ки ҳамроҳи коршиноси дигар кори 53 довталабро холгузорӣ намуданд. Коршинос гуфт, саволу матнҳое, ки ба олимпиада пешниҳод шудаанд, аз тарафи ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешаванд. Имсол нисбат ба соли гузашта дар саволгузории тестӣ навигарӣ дохил гардид. Соли гузашта теъдоди саволҳо 30 – то буд, имсол 20 саволи дигар илова гардид. Албатта, дар баробари он, ки қариб ҳама саволҳо дар доираи барномаи таълимӣ тартиб дода шудаанд, бо вуҷуди ин, баъзе саволҳо мураккаб ҳам буданд, яъне озмун бояд ҳамин гуна ҳам бошад.
Ба андешаи номбурда, имсол дар озмун донишҷӯён бештар буданд, аммо сифати дониш нисбат ба соли гузашта хуб набуд. Баъзеҳо ҳатто панҷоҳ фисад холи имконпазирро аз ин фан соҳиб шуда натавонистанд. Баъзе иштирокдорон ҳамагӣ 12 – 14 холро соҳиб шуда тавонистанду халос, ки айб аст. Маълум мешавад, ки устодонашон бо онҳо ба таври ҷиддӣ кор накардаанд, вагарна чунин ҳолат рух намедод. Дарк мекунем, ки ҳоло ҳам баъзан дар китобҳои фанни таърих баъзе нуқсонҳои забониву таҳрифи факт дида мешавад. Луғатҳои истилоҳоти соҳа ё худ дастурҳои хуби таърихӣ барои омӯзонидани фан надорем. Шояд яке аз сабабаҳои фаъолияти сусти дов-талабон дар ҳамин ҳам бошад?
Бо мақсади фаҳмидани тасавуроти устодону шогирдони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ оид ба муҳтаво ва баргузории озмун бо чанд нафари онҳо ҳамсуҳбат гардидем.
Абдушаҳид Миршоев – омӯзгори коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи Б. Ғафурови шаҳри Хуҷанд қаноатмандии хешро аз баргузории олимпиада иброз дошт. Вай гуфт, мо шаш нафарро ба озмун овардем. Афсӯс, ки аз фанҳои химияву информатика шогирдони мо ширкат варзида натавонистанд. Сабаб ин аст, ки дар коллеҷамон ин гуна ихтисосҳоро надорем.
Рухшона Ҳакимова – декани коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом гуфт, ки дар муассисаашон се ихтисос – химия, математика ва информатика ба наздикӣ ҷорӣ карда шудааст ва аз ин рӯ, натавонистанд, ки шогирдонашонро аз ин фанҳо барои иштирок дар озмун тайёр намоянд. Бино ба гуфти иштирокдори озмун аз фанни забони англисӣ аз ин муассиса матни нақли хаттӣ танҳо як маротиба қироат гардид, ҳол он ки матн бояд ду ё се маротиба хонда шуда, ҳатто баъзе калимаҳои нав ё душворфаҳм ба тахтаи синф навишта мешуд. Ҳамчунин, Р. Ҳакимова иброз дошт, ки се соат барои навиштани иншо аз фанни адабиёт низ кам аст. Солҳои пеш барои навиштани иншо 4 ё 5 соат ҷудо карда мешуд ва хонанда тӯли ин вақт метавонист матни тозанависи корашро ба итмом расонад, саросемакорӣ чӣ лозим?
Истода Мухторова, услубшиноси коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз муассиси коллеҷашон миннатдорӣ намуд, ки даҳ нафарро тавассути тайёра аз ҳисоби худаш ба пойтахт фиристодааст.
Ҳусниддин Дӯстов, донишҷӯи соли якуми факултаи дандонпизишкии коллеҷи тиббии ғайридавлатии ноҳияи Рӯдакӣ, довталаб аз фанни химия, иброз дошт, қариб 50 фоизи саволҳоро сарфаҳм рафта, ҷавоб навиштааст. Ин озмун сабаб шудаву дар ду рӯз аз коллеҷҳои тиббии шаҳрҳои Душанбе ва Хатлон дӯстони нав пайдо кардааст.
Ниҳоят, баъд аз баррасии ҳаматарафа ҳайати ҳакамон ғолибонро муайян карданд. Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷойи якум, коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе ҷойи дуюм ва коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Коллеҷҳои тиббии шаҳрҳои Хуҷанду Ёвон мутаносибан ҷойҳои чоруму панҷумро ишғол карданд. Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода озмунро ҷамъбаст намуда, ғолибонро табрик гуфт ва дар баробари ин, таъкид кард, ки роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро зарур аст, ки ҷиҳати омода кардани шогирдон ба олимпиада аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Ғолибон ва иштирокдорони фаъоли олимпиада бо диплом, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Ҳотами Ҳомид,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр