Дар Академияи ВАО-и Тоҷикистон 26-уми апрели соли равон дар мавзӯи «Риояи меъёрҳои забони давлатӣ дар нашрияҳо» дарси маҳорат гузаронида шуд, ки дар он рӯзноманигорон аз нашрияву маҷаллаҳои давлатию хусусӣ ширкат варзиданд.
Муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо Матробиён дар бораи қоидаву меъёрҳои имрӯза ва тоза нигоҳ доштани асолати забони тоҷикӣ ба ҳозирин маълумоти муфассал дод. Мавсуф, аз ҷумла, изҳор дошт, ки риоя накардани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ бархӯрди қонунӣ дорад. Мутаассифона, дар аксари нашрияҳо ба қоидаҳои имло кам аҳамият медиҳанд. Махсусан, дар навишти ҳарфҳои «у» ва «ӯ» ғалатиҳои зиёд ба чашм мерасад. Ҳанӯз ҳам аксар навиштаҳо дар нашрияҳо тибқи қоидаҳои имлои пештара чоп мешаванд, ки ин ташвишовар аст. Калимаҳои «шуъба», «муҳтарам», «суҳбат», «таваҷҷуҳ» ҳоло ҳам бо ҳарфи «ӯ» навишта мешаванд. Дар асл бошад, ин калимаҳо бояд тибқи имлои нав бо ҳарфи «у» навишта шаванд. Масъалаи «тире» ва «дефис» низ баҳсталаб аст. Дар нашрияи «Омӯзгор»-и Вазорати маориф ва илм соли равон дар ин бора маводе нашр шуда буд. Боиси хушҳолист, ки ба масъалаи риояи қоидаҳои забони давлатӣ дар нашрияи «Омӯзгор» таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. … С.Матробиён афзуд, ки дар мавриди ҳиҷо ва аз сатр ба сатр кӯчонидани ҳиҷо низ айни замон мушкилоти зиёде ба чашм мерасанд. Айни замон 64 дар сади забони моро калимаҳои иқтибосӣ ташкил медиҳанд. Қаблан ин рақам 34 дар садро ташкил медодааст.
С. Матробиён ҳамчунин, қайд кард, ки яке аз масъалаҳои дигар навишти дурусти номвожаҳои ҷуғрофии шаҳру ноҳияҳо ва мавзеъҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлату кишварҳои ҷаҳон мебошад. Бояд гуфт, ки аз тарафи Кумитаи забон ва истилоҳот феҳристи номҳои ҷуғрофӣ таҳия гардида истодааст. Айни замон оид ба шакли дурусти навишти номҳои ҷуғрофӣ миёни мутахассисони соҳаи забон баҳсҳо давом доранд. Умедворам баъди чопи феҳрист мушкилот дар ин самт бартараф хоҳанд шуд.
Дилафрӯз Қурбонӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр