Нашрияи Омӯзгор

Ифротгароён ба ҷаҳли мураккаб печидаанд

Сана: 2019-05-01        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

«Ҳар як фарди ватандӯст бояд дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромиву суботи ҷомеа ҳиссагузор бошад». Ин дуъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми Сарвари кишвар ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2018) садо дод, аз ҷониби аҳли мамлакат бо камоли масъулият пазируфта шуд ва дар ин замина, чандест, ки дар саросари ҷумҳурӣ ҳамоишу маҳфилҳо, тадбирҳои тавзеҳиву таблиғотӣ созмон дода мешавад, воситаҳои ахбори омма гузоришу мақолаҳои муҳтавоманд ба нашр мерасонанд, намоишҳои муассир пахш мекунанд.

Дар ин самт аҳли маориф чун қишри фаъоли тамаддунпарвару маърифатгустари ҷомеа парчамафрозанд. Дар радифи тадбирҳои дигар чандест, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар мактабҳои олии кишвар мунтазам конфронсҳои бавусъату пурманфиат баргузор карда мешаванд.

Ҳафтаи гузашта дар куҳантарин таълимгоҳи олии мамлакат – Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар мавзӯи «Терроризм ва ифротгароӣ – падидаҳои хатарзои ҷомеаи муосир» конфронси илмию амалӣ баргузор шуд, ки дар он дар баробари устодону донишҷӯёни ин донишгоҳи бонуфуз намояндагон аз як қатор муассисаву ташкилотҳои пойтахт ширкат варзиданд. Ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ дар суханронии ифтитоҳияш ёдовар аз суханони зерини Пешвои миллат шуд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Ректор дар идомаи суханрониаш иброз дошт, ки ҷонибдорони ғояҳои ифротгароӣ ақидаву назарҳои бепояву бемоя ва тамаъҷӯёнаи сиёсӣ, идеологӣ ва динии худро бо дастгирии роҳбаладони хориҷиашон пайгирӣ ва татбиқ кардан мехоҳанд. Таълимоти ифротгароёна на ба тафаккур, балки ба таассубу хурофот ҳамбастагӣ дорад ва аз музокироти  ошкорову ҳалли мусолиматомези мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ канораҷуӣ мекунад, айбҷӯиву таъназанӣ ва ҳазёнгӯиро авло медонад. Пайравони ҳизбу ҷараёнҳои экстремистӣ ба дараҷае ба ҷаҳли мураккаб печидаанд, ки ҳатто, баъди дарки  нодурустиву бебунёдии ақидаҳову таълимоти роҳбаронашон аз ҷодаи ғалати баргаштан намехоҳанд.

Дар конфронс олимон, сиёсатшиносон ва устодони варзида Шоҳназар Бердиев, Бобоҷон Самиев, Валиҷон Абдулҳамидов, Шоҳусейн Амирхонов, Исомуддин Шарифов, Ҳобилҷон Зикирзода, Мавҷуда Имомназарова ва Ҳусайн Бедилов вобаста ба масоили гуногуни марбут ба амалиёти ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ суханронӣ карда, зимнан, ҷавононро ба ҳушёрии сиёсӣ, дӯст доштани Ватану миллат, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ даъват бинмуданд. Ҳамагон бар он назар буданд, ки такмил додан, беҳтар кардани сифати тарғибу ташвиқи воқеиву созанда ва хирадбунёд яке аз кафолатҳои асосӣ дар таъмини осоиштагию амнияту ваҳдати миллӣ ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлубу тахрибкорона мебошад.

Конфронси мазкур дар сатҳи баланд баргузор гашт ва шоиста бувад, ки маърӯзаву суханрониҳои дар доираи он ироашуда дар шакли маҷмӯаи алоҳидае ба нашр расонда шаванд.

А.Муродӣ,

Н.Охунзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш