Нашрияи Омӯзгор

Созандагӣ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон

Сана: 2019-05-01        Дида шуд: 739        Шарҳ: 0

Хуросон:

вусъати бунёдкориҳо

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон корҳои сохтмонию навсозӣ, бунёдкорию ободонӣ вусъат ёфта, масъулин баҳри ободу зебо гардонидани симои зоҳирии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебаранд. То имрӯз дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 29 иншоот, аз ҷумла, биноҳои маъмурӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, корхонаҳои истеҳсоли орду хишт, майдончаҳои варзишӣ, марказҳои хизматрасонӣ, дорухона ва ҳуҷраҳои физиотерапию дандонпизишкӣ мавриди истифода қарор гирифта, чандин бинои беморхонаҳои минтақавӣ аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд.

Дар се моҳи соли равон 10 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шудааст, ки аксари онҳоро иншооти соҳаи беҳдошт ва солимгардонии аҳолӣ, яъне бунгоҳҳои тиббӣ ташкил медиҳанд.

Раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ дар 141 иншооти дигар, аз ҷумла, корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ, толори варзишӣ, китобхона, бунгоҳҳои тиббӣ, бинои маъмурии муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, толори фарҳангӣ, варзишгоҳ ва роҳҳо идома доранд.

Айни замон сокинони ноҳия бо ташкили ҳашарҳои умумӣ корҳои таъмиру рангубори биноҳои баландошёнаи маркази ноҳияро анҷом дода, ба кашидани хатти об дар масофаи 2,7 километр ба минтақаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод машғуланд.

Ваҳдат:

беш аз 100 иншооти нав ба

истифода дода шуд

Дар шаҳри Ваҳдат ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз беш аз 100 иншооти таъйиноташон гуногун ба истифода дода шуданд. Дар маркази шаҳр ва деҳоти Абдулло Абдулвосиев, Нуъмон Розиқ, Бозорбой Бурунов, Баҳор, Гулис-тон ва Симиганҷ корхонаҳои дӯзандагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, синфхонаҳои иловагӣ ва аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ дар минтақаи Ёс меҳмонхонаю истироҳатгоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, бо дастгирии соҳибкорон дар шаҳраки Нуъмон Розиқ марказҳои хизматрасонӣ, майдончаҳои варзишӣ, маркази дандонпизишкӣ ва амсоли инҳо ба истифода дода шуданд.

Муъминобод:

221 иншоот бунёд мегардад

Дар ноҳияи Муъминобод корҳои ободонӣ вусъати тоза гирифтаанд. Тайи се соли оянда 221 иншооти гуногун, аз ҷумла, муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо, майдончаҳои варзишӣ, корхонаҳои коркарди шир ва регу шағал, марказҳои тиббӣ ва савдо бунёду навсозӣ хоҳад шуд.

Ҳоло дар 22 иншооти сохташаванда корҳо дар арафаи анҷомёбист. Ҳамзамон, барқарорсозии заводи хишт, бунёди корхонаи консервабарорӣ, иншооти сайёҳиву табобатӣ ва осоишгоҳи ҷумҳуриявии табобати дил низ дар назар аст

Шуғнон:

60 иншоот сохта мешавад

Бунёди пули мошингузар аз болои рӯдхонаи Ғунд деҳаҳои Питоб ва Сангови Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнонро бо роҳи аҳамияти байналмилалии Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулма пайваст намуд. То ин вақт сокинони ин ду деҳаи сераҳолӣ молу колои худро бо ароба тавассути як пули пиёдагарди лағжонак ба манзилҳояшон интиқол медоданд.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов сокинони Ҷамоати деҳоти Сучонро бо ифтитоҳи пули нав табрик карда, изҳор намуд, ки бо дастури Президенти кишвар дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявии ҳудуди вилоят, ки қариб 1300 километрро ташкил медиҳанд, боз бунёди 18 пул ба маблағи 160 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст. Раиси вилоят аз соҳибкорони маҳаллӣ низ даъват намуд, ки дар рушди инфрасохтори деҳоти худ саҳм гузоранд, зеро аз рушди деҳот ҳам соҳибкорон манфиати иқтисодӣ мебаранд ва ҳам ҳаёти деҳотиён рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.

Дар ноҳияи Шуғнон то таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди боз 60 иншооти таъйиноти иқтисодию иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст.

Таҳияи Н. САНГИНЗОДА,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш