Нашрияи Омӯзгор

22 медали хонандагони тоҷик дар «INFOMATRIX-2019»

Сана: 2019-05-01        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Дар даврони солҳибис-тиқлолӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ имконияту шароит фароҳам оварда шуд ва ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ рушд ёфт.

Дастоварди хонандагон дар олимпиадаву озмунҳои бонуфузи байналмилалӣ назаррас буда, дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори беҳтарин давлатҳо қарор дорад. 20-24-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Бухарести Руминия олимпиадаи байналмилалии лоиҳавии «INFOMATRIX- 2019» баргузор гардид, ки дар он аз 46 давлати дунё 1016 хонанда иштирок ва 595 лоиҳа пешниҳод намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар олимпиадаи мазкур 28 нафар хонанда муаррифӣ карданд. Дар ҷамъбаст хонандагони тоҷик сазовори 22 медал (4 медали тилло, 6 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ) гардиданд.

Хонандагони литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 медал, мактаби байналмилалии Президентӣ  6 медал, муассисаи хусусии таълимии ба номи «Абдураҳмони Ҷомӣ» 4 медал ва мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе 2 медал ба даст оварданд.

Шоистаи таъкид аст, ки соли 2019 хонандагони тоҷик дар 10 олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Беларус, Тайланд, Россия, Малайзия ва Руминия баргузор гардиданд, соҳиби 131 медал (32 медали тилло, 23 медали нуқра ва 76 медали биринҷӣ)гардиданд.

 

Н. САНГИНЗОДА,

“Омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш