27-28 апрели соли равон дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаи даставӣ байни хонандагони синфҳои 7-11-и мактабҳои Президентӣ ва литсей барои хонандагони болаёқат баргузор гардид. Дар он 519 довталаб аз рӯйи 11 фанни таълимӣ: забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, таърих (таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ), асосҳои давлат ва ҳуқуқ (ҳуқуқи инсон), биология, химия, география, математика (алгебра, геометрия), физика (астрономия) ва технологияи иттилоотӣ байни ҳам сабқат карданд.
Олимпиадаро вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид ифтитоҳ бахшида, гуфт, ки тайи солҳои охир ҳаракати олимпӣ дар миқёси кишвар вусъати тоза касб кардааст ва теъдоди зиёди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактабҳои типи нав дар олимпиадаву сабқатҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои ифтихориро ба даст меоранд. Имрӯзҳо дар кишвар 10 намуди олимпиада гузаронида мешавад, ки ҳар як хонанда мувофиқи завқу хоҳиши худ дар онҳо ширкат варзида метавонад.
Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ довталабонро бо шартҳо ва тартиби баргузории олимпиада шинос намуд.
Хонандагон барои иҷрои шартҳои олимпиада ба синфхонаҳои имтиҳонӣ ворид гаштанд.
Рӯзи дигар апеллятсия доир гардид. Сардори раёсати таҳияи маводи имтиҳонии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори комиссияи апеллятсионии олимпиада аз фанни забон ва адабиёти тоҷик Ҷамшед Азимов изҳор дошт, ки олимпиада хуб гузашт. Дараҷаи омодагии хонандагон аз баъзе фанҳо назаррас буд. Ин баёнгари он аст, ки омӯзгоронашон дар самти омода намудани шогирдонашон ба олимпиада бисёр заҳмат кашидаанд. Вале аз баъзе фанҳо дониши хонандагон қонеъкунанда набуд. Аксари довталабон дар ҷавоби суолу масъалаҳо ва навиштани кори хаттӣ мушкилӣ кашиданд. Дар супориши якум хонандагон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик иншо навиштанд. Қисми зиёди иншоҳо мазмуну муҳтавои хуб дошта, муаллифон ҳадафи худро возеҳу равшан баён намуданд ва тавонистаанд, ки оид ба мавзӯи пешниҳодшуда таҳлил ва андешаронӣ кунанд. Доираи афкорашон фарох аст, андешаҳояшон, ба қавле, парвоз мекунад. Аммо навиштаҳои бахши дигари довталабон обшустаю якранг ва қолабӣ буд. Маълум мешавад, ки онҳо кам мутолиа мекунанд. Хусусиятҳои эҷодкорӣ дар ин хонандагон дида намешавад. Чанд нафаре аз фанни забон ва адабиёт апеллятсия навиштанд. Мо дар ҳузури худи онҳо корҳояшонро баррасӣ намуда, ғалатҳоро нишон додем, ки бештар дар куҷо иштибоҳ кардаанд. Хонандагон зимни навиштани иншо бештар хатоҳои мантиқию имлоӣ содир мекунанд ё байти як шоирро бо номи шоири дигар менависанд. Ё номи мавзӯъ бо матни навиштаашон мутобиқат намекунад. Наврасон вақте ба олимпиадаи сатҳи ҷумҳуриявӣ меоянд, бояд дониши мукаммал дошта бошанд. Ба саволу супоришҳое, ки аз аз барномаи таълимӣ берун аст, посух гуфта тавонанд. Умедворам, ки дар оянда устодону шогирдон ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ боз ҳам тайёрии хубтар мебинанд.
Дар фарҷоми олимпиада вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид иброз дошт, ки дар кишвар хонандагони донишманду болаёқат хеле зиёданд. Қоидаи ҷаҳонист, ки бачаҳои болаёқатро ҷамъ оварда, таълиму тарбия медиҳанд ва оянда дар идораи давлат аз донишу таҷрибаҳояшон истифода мебаранд. Барои ба ин натиҷаю дастовардҳо ноил гардидан заҳмат кашидан даркор. Дар ҷамъбасти сол нақша дорем, ки барои ҳавасмандии бештари иштирокдорон мукофотҳои пулӣ низ ҷорӣ намоем. Бинобар ин, ба муассисаҳои таълимие, ки дар олимпиадаҳо нишондоди хуб надоранд, тавсия медиҳам, ки шурӯъ аз ҳамин рӯз аз ҳисоби суратҳисоби муассисаашон муовини директор оид ба олимпиадаро интихоб намоянд ва ӯ ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳо бояд хонандагонро ба таври бояду шояд омода кунад. Яке аз сабабҳои аслии муваффақияти таълимгоҳҳое, ки шогирдонашон пайваста дар озмунҳо ҷойҳои ифтихорӣ мегиранд, ҳамин аст.
Дар ҷамъбасти озмун дастаи хонандагони литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе бо гирифтани 20 ҷойи ифтихорӣ (5 медали тилло, 9 медали нуқра, 6 медали биринҷӣ) сазовори ҷоизаи дараҷаи якум, литсей - интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гирифтани 15 ҷойи ифтихорӣ (4 медали тилло, 5 медали нуқра, 6 медали биринҷӣ) сазовори ҷоизаи дараҷаи дуюм, мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо гирифтани 11 ҷойи ифтихорӣ (4 медали тилло, 3 медали нуқра, 4 медали биринҷӣ) сазовори дараҷаи сеюм гардиданд.
Ба ғолибони озмуни ҷумҳу-риявӣ вазири маориф ва илм Нуриддин Саид ҷом, медалҳои рамзӣ, Ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаи тадорукоти олимпиадаро супорид.
Ҳамзамон, барои иштироки фаъолона дар олимпиадаи мазкур теъдоди зиёди хонандагон бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дилафрӯз Қурбонӣ,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр